Боқӣ Раҳимзода (деҳа, н. Турсунзода)

(Тағйири масир аз Ҷайратеппа)

Боқӣ Раҳимзода (то 14.12.12 Ҷайратеппа)— деҳа дар ҷамоати деҳоти Қаратоғи ноҳияи Турсунзода. Аз Боқӣ Раҳимзода то маркази ҷамоат 5 км, то маркази ноҳия 9 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1382 нафар (2013), тоҷикон.

Деҳа
Боқӣ Раҳимзода
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Турсунзода
Ҷамоат Деҳоти Қаратоғ
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 1136 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3130
Нишонаи почта 737450

Иқтисод вироиш

Мактаби таҳсилоти умумии ибтидоӣ дорад. Талабагон таҳсилро дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Имоми Аъзам (собиқ Қӯшбулоқ) идома медиҳанд. Деҳа ду нуқтаи хидматрасонии маишӣ, 15 хоҷагии деҳқонии хурд (фермерӣ) дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, сабзавоткорӣ, пахтакорӣ, зироаткорӣ. Заминҳо аз д. Қаратоғ ба воситаи наҳри Ямчӣ обёрӣ мешаванд.

Таърих ва мардум вироиш

Деҳа соли 1951 бо мақсади корам кардани заминҳои бикру боиру туғайзор ва васеъ намудани майдонҳои кишти пахтаи Тоҷикистон дар марзи маъмурии ҷамоати деҳоти Қаратоғ, муҳоҷирони минтақаи Ғарм (имрӯза Рашт) бунёд кардаанд. То замони бунёдшавии деҳа мавзеъи иборат аз ҷару теппа буда, Ҷайратеппа ном дошт.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш