Ҷалидия (лот. Lens crystalline), булӯраки чашм, ҷисми дутарафа барҷастаи шаффофест, ки дар паси гавҳараки чашм ҷойгир шудааст. Ҷалидия ба эпителияи пеш ва пайкар, ки аз бофтаҳою моддаҳои байниҳуҷайравӣ иборатанд, ҷудо мешавад. Ҷалидияро аз берун пардаи эластикӣ (капсула) пӯшонидааст. Ҷалидия дар давраи инкишофи ҷаниниаш аз пардаи эпителӣ (зери таъсири индуксияи мабдаи чашм) ҳосил мешавад. 65%-и Ҷалидия аз об ва 35%-аш аз сафедаҳо иборат аст[1].

  1. Ҷалидия http://tajmedun.tj/publ/alidija/27-1-0-3424(пайванди дастнорас)