Ҷалолиддин Пӯлодов

Ҷалолиддин Камолович Пӯлодов (9 июни 1937, Самарқанд — ?) — физикдон, номзади илмҳои физика ва математика (1973), дотсент (1975).

Ҷалолиддин Пӯлодов

Зиндагинома вироиш

Солҳои 1955–1960 дар факултети физика ва математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1960–1967 ассистенти кафедраи физикаи умумии донишкадаи номбурда, 1967–1970 аспиранти Донишгоҳи давлатии Озарбойҷон, 1970–1979 муаллими калон, дотсенти кафедраи физикаи умумии донишкадаи омӯзгории пойтахт буд. Соли 1979 ба дигар муассиса ба кор гузаштааст. Ҳамзамон, солҳои 1977–1978 вазифаи декани факултети физикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро ба уҳда дошт. Оид ба физикаи гармо корҳои илмию тадқиқотӣ бурда, зиёда аз 17 номгӯи корҳои илмӣ ва илмию методӣ нашр кардааст. Бо раҳматномаҳои раёсати донишкадаи омӯзгорӣ сарфароз шудааст.

Пайвандҳо вироиш