Ҷамила Самадовна Саидова

Ҷамила Саидова 23 октябри соли 1965 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1988 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси агроном-олим хатм кардааст. Фаъолияти кориашро соли 1988 ба ҳайси агроном - энтомологи хоҷагии ба номи А.Синои ноҳияи Восеъ оғоз намуда, баъд дар вазифаҳои мудири шуъбаи Институти боғпарварию сабзавоткорӣ, мутахассиси кишоварзии ташкилоти байналмилалии «Ҳайати шафқат», котиби илмии Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои ҷумҳурӣ кор кардааст. Аз моҳи январи соли 2012 дар вазифаи муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд. Оиладор, соҳиби 1 фарзанд мебошад.

Ҷамила Саидова
Ҷамила Самадовна Саидова
Таърихи таваллуд 23 октябри соли 1965
Зодгоҳ ноҳияи Восеъ

Ба рӯйхати номзадҳо ба вакилӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон пешбари шуда буд[1]

Сарчашма

вироиш
  1. Сомонаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон. 11 марти 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 13 апрели 2015.