Деҳоти Ғозиён

(Тағйири масир аз Ҷамоати Ғозиён)

Ҷамоати Ғозиёнҷамоатест дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон.

ҷамоат
Деҳоти Ғозиён
Ҷамоати Ғозиён
Нишон
Нишон
Кишвар  [[|]]
Тобеъи Ноҳияи Ғафуров
Шомили 8 деҳа
Маркази маъмурӣ Ғозиён
Таърих ва ҷуғрофиё
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Рамзи ISO 3166-2 TJ.SU.
Коди телефон +992 3135
Нишонаи почта 735610
Домени интернет tj
Коди мошинҳо 02 TJ
Деҳоти Ғозиён дар харита

Сохтори маъмурию ҳудудии ҷамоат

вироиш

Ҷамоати деҳоти Ғозиен соли 1965 ташкил ёфтааст. Масоҳати умумии ҷамоат 544,86 га мебошад. Шумораи аҳоли ба 01.01.2013 -18629 нафар мебошад. Дар ҳудуди ҷамоат тоҷикон, ӯзбекон ва русҳо зиндагони мекунанд. Дар ҳудуди ҷамоат 1 корхонаи хиштбарори фаъолият намуда истодааст. Инчунин ҷамоат дорои шуъбаҳои алоқа, 20 муассисаҳои хизматрасони дорад. Дар ҷамоати деҳоти Ғозиён 5 мактабҳои таҳислоти умумӣ, 2 муассисаҳои томактабӣ, 2 клуб, 3 марказҳои саломати, 1 хонаи саломати, 1 масҷиди ҷомеа ва 3 масҷиди панҷвақта дорад. Чуноне, ки муаррихон таъкид кардаанд деҳаҳои Ғозиён ва Чорсу аз қадимтарин деҳоти атрофи шаҳри Хуҷанд маҳсуб мешудаанд. Ғозиён аз давраи тасаллути ислом дар атрофи Хуҷанд номи худро чун пойгоҳи "Ғозиҳо" (ҷанговарони роҳи дини мубини ислом) аз ҳамин калима гирифтааст. Яъне ҳудуди ҳозираи деҳа он вақт макони исти лашкари араб будааст. Азбаски идораи Ҷамоати деҳоти Ғозиён дар маркази он ҷойгир шуда буд, чунин номида шудааст. Дар Ҷамоати Ғозиён деҳаҳои Чорсу, Деҳаи Боло, Охер, Шоҳиён, Седаста, Ғозиён, Гумбаз, Деҳаи Поён дохил мешаванд. Дар байни ин деҳаҳо Чорсу, Ғозиён, Деҳаи Боло аҳолиаш сернуфузанд. Дар ҳудуди Ҷамоат зиёда аз 17 ҳазор аҳолӣ зиндагонӣ мекунанд. Дар Ҷамоат имрӯз 4 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 25 нафар иштирокчиёни ҷанги Афғонистон, 5 нафар иштирокчиёни бартарафкунии садамаи нерўгоҳи атомии Чернобил, 26 нафар иштирокчиёни муҳорибаҳои барқароркунии сохти конститутсионӣ ва зиёда аз 800 нафар собиқадорони меҳнат кор ва зиндагӣ мекунанд.

Шахсиятҳои маъруф

вироиш

Ҷамоат бо 15 нафар Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ фахр мекунанд: Пӯлод Бобокалонов, Орифбой Неъматов, Абдуҳамид Баротов, Муллорозиқ Бобоҷонов, Раҳматбой Султонов, Бихосият Миролимова, Тошпӯлод Норматов, Шарифбой Ашӯров, Гадойбой Юлдошев, Хайрӣ Умарова, Дилбар Нурматова, Холмамад Шарифов, Каримбой Маҳкамов, Деҳқонбой Қобилов, Ҷӯрабой Отаев ва бисёр номварони дигар кор ва зиндагӣ кардаанд, ки меҳнаташон имрӯз ибрати ҳамагон аст. Онҳо ба рушди деҳот, бахусус дар соҳаи кишоварзӣ саҳми муносиб гузоштаанд.Дехаи Ғозиён ҳамчунин зодгоҳи арбоби намоёни давлатӣ, Президенти аввалини Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳор Махкамов ба ҳисоб меравад. Дар ин деҳаи назаррабо боз бисёр олимон, шоиру нависандагон, рӯзноманигорон, табибон ва ҳуқуқшиносони шинохта зиндагонӣ намуда, дар рушди илму фарҳанг, пешрафти соҳаҳои мухталиф саҳми худро гузоштаанд ва имрӯз низ саҳмгузорӣ доранд.Дар ҳудуди Ҷамоат 18 хоҷагӣ деҳқонӣ, 10 хоҷагӣ инфиродӣ, ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Манзил - 2000» мактаби таҳсилоти умумии № 11, 20, 21, 62, мактаби хусусии «Амид», марказҳои саломатии Ғозиён, Чорсу, Шоҳиён, хонаи саломати деҳаи Поён, ҷамъияти дорои маҳсулияташ маҳдуди Ғозиён ба мардум хидмат мерасонанд. Инчунин мағозаҳои тиҷоратӣ ва хўрокворӣ, сартарошхона, клуб, чойхона, китобхона, корхонаи бо газ таъминкунии Рўхак, боғчаи бачаҳо, тўйхонаҳо барои қонеъ намудани талаботи мардуми деҳот ҳамеша омодаи хидмат мебошад.[1]

Шароитҳои табиию иқлимӣ ва захираҳо

вироиш

Мардум

вироиш
Сол 2015
Аҳолӣ,
ҳазор наф.
18,8

Деҳоти ҷамоат

вироиш
Ҷамоати Ғозиён
Деҳа Аҳолӣ
Ғозиён
Чорсу
Гумбаз
Деҳаи Боло
Деҳаи Поён
Охёр
Седаста
Шоҳиён

[2]

  1. Ҷамоати деҳоти Ғозиен. 30 Январ 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 апрели 2017.
  2. Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. — 332 с.