Ҷамолуддини Исфаҳонӣ
Ҷамолуддин Муҳаммад ибни Абдураззоқи Исфаҳонӣ (форсӣ: جمالالدین عبدالرزاق اصفهانی; Исфаҳон — 1192) — шоири форс-тоҷик ва аз бунёнгузорони сабки ироқӣ, падари Камолуддини Исфаҳонӣ.
Зодгоҳ: | |
---|---|
Таърихи даргузашт: | 1192 |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир, рассом |
Солҳои эҷод: | 1160[1] — 1188[1] |
Забони осор: | форсӣ |
Зиндагинома
вироишҶамолуддини Исфаҳонӣба Анварӣ, Рашиди Ватвот ва Заҳири Форёбӣ хамзамон будааст. Ҷамолуддин аз бисёр илмҳои замони худ бохабар бошад хам дар, Исфаҳон бо касби заргари ва наққошӣ рӯз мегузаронидааст. Шеърҳои Ҷамолуддин соддаву равонанд. Дар қасида ӯ гоҳ ба Саноӣ ва гоҳе ба Анварӣ пайравӣ кардааст. Ҷамолуддини Исфаҳонӣ дар ситоиши Анварӣ, Рашиди Ватвот ва Зохири Форёбӣ қасидаҳо гуфтааст. Вай тақрибан соли 1192 вафот кардааст. Ӯ аз худ девоне боқӣ гузоштааст, ки аз қасидаву ғазал ва қитъаву рубоӣ иборат мебошад.
Намунаи ашъор
вироишАз ғазалиёт
вироиш- Бархез, ки мавсими тамошост,
- Бихром, ки рӯзи боғу саҳрост.
- Имрӯз ба нақд айш хуш дор,
- В-он кист, к-аш эътимоди фардост,
- Май ҳасту самоу он дигар низ.
- Асбоби тараб ҳама муҳайёст.
- Гулро чу машота моҳ бошад,
- Гар ҷилва кунад сазад, ки зебост.
- Ранги рухи лола бас латиф аст,
- Он холи сиёҳ чашми бадрост.
- Аз дил бадар ойу шод биншин,
- К-ин ҳастии мост, к-офати мост.
- Ғамат ҷуз дар дили якто нағунҷад,
- Ки рахти ишқ дар ҳар ҷо нағунҷад,
- Надонам аз ҷӣ хезад он ҳама ашк,
- Ки чандин ашк дар дарё нағунҷад.
- Маро гуфтӣ, ки ҷуз ман ёр дорӣ?
- Ту донӣ, к-ин сухан дар мо нағунҷад.
Аз рубоиёт
вироиш- Бас ранг, ки наққоши азал меомехт,
- То бар забари чашми ту хоре ангехт.
- Гӯӣ, ки дили сӯхтаам фурсат ёфт,
- В-аз зулфи ту дар ҳимояти чашм гурехт
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Таърихи адабиёт дар Эрон. Ҷ.2 Забебуллоҳ Сафо с.731-739
- Давлатшоҳи Самарқандӣ. «Тазкиратушшуаро» бо ҳиммати Муҳаммад Рамазонӣ. Теҳрон-1366. С.108
- Мирзо Муҳаммад Алӣ. «Райҳонуладаб».чопи саввум.ҷ.1,с.424