Ҷамшед Муҳиддинов (25.02.1958, д. Чоршанбеи н. Самарқанд) — иқтисоддон, омӯзгор. Номзади илмҳои иқтисод (1989).

Ҷамшед Муҳиддинов
Муҳиддинов Ҷамшед Хуршедович
Таърихи таваллуд 25 феврал 1958(1958-02-25) (66 сол)
Зодгоҳ Самарқанд
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ иқтисод
Ҷойҳои кор ИТИ Госплани ҶТ, Ин.-ути иқт. ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналхалқии АИ Тоҷикистон,
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои иқтисод
Алма-матер Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин

Зиндагинома

вироиш

Ҷамшед Муҳиддинов фак. мех.-мат. Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст (1981). Лабор. ИТИ иқт. назди Госплани ҶТ (1981–1982), коромӯз (1982–84), асп. Ин.-ути марказии иқт. ва мат. АИ СССР (1984–89). Дар мавзӯи «Такмили механизми иқтисодии идораи корхонаи хоҷагии қишлоқ» (дар мисоли хоҷагиҳои пахтакори вил. Хатлони ҶТ) рисолаи номз. дифоъ кардааст (1989). Корм. хурди илмӣ (1989–92), корм. калони илмӣ (1992–93), муд. шуъбаи «Мушкилоти нарх ва нархгузории ИТИ Госплани ҶТ (1993–1994), корм. калони илмии Ин.-ути иқт. ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналхалқии АИ Тоҷикистон (1994). С. 1994 бо аҳли оилааш ба Самарқанд кӯчидааст. Иқт., муд. шуъбаи таҳлили иқт. фаъолияти бонкҳои Сарупр. вилоятии Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (1994–2000), муд. шуъбаи кор бо мизоҷҳои корпоративӣ, муд. шуъбаи таҳлилӣ ва иқт. идораи дороии бозоргири Шуъбаи Самарқандии Бонки миллии фаъолияти иқт. хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳамзамон дотс. каф. молияи Ин.-ути иқт. ва сервиси Самарқанд (собиқ Ин.-ути кооперативӣ, 2000–2010). Аз с. 2010 – дотс. каф. бонкдорӣ ва амонатгузории Ин.-ути мазкур. Муаллифи беш аз 40 мақолаи илмӣ, дастури таълимӣ ва услубӣ.[1]

  1. Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — С. 93. — 215 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6