Ҷамъияти саҳомии пӯшида

Ҷамъияти саҳомии пӯшида, ҶСПҷамъияти саҳомие, ки саҳмияҳояш танҳо байни муассисони он ё гурӯҳи дигари шахсони қаблан муайянгардида тақсим карда мешавад. Чунин ҷамъияти саҳомӣ ҳуқуқ надорад ба саҳмияҳои баровардааш обунаи кушода доир намояд ё ба тарзи дигар онҳоро барои харид ба гурӯҳи номаҳдуди шахсон пешниҳод кунад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

вироиш

Шумораи саҳмдорони ҷамъияти саҳомии пӯшида набояд аз панҷоҳ нафар зиёд бошад.

Агар шумораи саҳмдорони ҷамъияти саҳомии пӯшида аз шумораи ниҳоии муқараррнамудаи ҳамин қисм бештар бошад, ин ҷамъияти саҳомӣ дар  муддати як сол бояд ба ҷамъияти саҳомии кушода табдил дода шавад. Агар шумораи саҳмдорони он то шумораи ниҳоии муқараррнамудаи ҳамин қисм кам нагардад, ҷамъияти саҳомӣ бояд бо тартиби судӣ барҳам дода шавад.

Саҳмдорони ҷамъияти саҳомии пӯшида барои аз рӯи нархи ба дигар шахс пешниҳодшуда харидорӣ намудани саҳмияҳои саҳмдорони ҳамин ҷамъияти саҳомӣ афзалият доранд. Дар оинномаи ҷамъияти саҳомӣ метавонад ба ҷамъияти саҳомӣ ҳуқуқи афзалиятноки аз саҳмдорон харида гирифтани саҳмияҳояшон пешбинӣ карда шавад, ба шарте ки саҳмдорон аз ҳуқуқи афзалиятноки харидани саҳмияҳо истифода накарда бошанд.

Адабиёт

вироиш