Ҷанги ҷаҳонии якум

(Тағйири масир аз Ҷанги ҷаҳонии аввал)

Ҷанги ҷаҳонии аввал (28 июли 1914 — 11 ноябри 1918) — яке аз бузургтарини ҷанг дар таърихи одамизод.

Ҷанги ҷаҳонии якум
 Парвандаҳо дар Викианбор

Сабаби расмии ҷанг воқеаҳо дар Сараево буданд, ки рӯзи 28 июни 1914 сербтабори босниягӣ Гаврило Принсип валиаҳди тахти утриш-маҷорӣ эрсгерсог Фердинанд ва зани морганатиаш София Ҳотекро ба қатл мерасонад.

Кишварҳои иштироккунандаи Ҷаҳонии якум ба ду лагери зидди ҳам тақсим шуданд:

Дар маҷмӯъ, дар тӯли солҳои ҷанг дар артиши кишварҳои ҷангҷӯ беш аз 70 миллион нафар, аз ҷумла дар Аврупо 60 миллион нафар сафарбар шуда буданд, ки аз 9 то 10 миллион нафарашон фавтиданд. Теъдоди қурбониёни мулкӣ, аз рӯи ҳисобҳои гуногун, аз 7 то 12 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки тақрибан 1 миллион нафарашон дар натиҷаи амалиёти ҷангӣ ҳалок шудаанд; тақрибан 55 миллион нафар маҷрӯҳ шуданд.

Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ҳамчун пешгуфтор ва детонатори инқилобҳои бузург, аз ҷумла инқилобҳои феврал ва октябри 1917 дар Русия ва инқилоби ноябри 1918 дар Олмон хидмат кардааст. Дар натиҷаи ҷанг, чор империя: Русия, Утриш-Маҷористон, Усмонӣ ва Олмон мавҷудияти худро қатъ карданд.