Ҷарканд
Ҷарканд ё Ҷаркент (қаз.: Жаркент) — шаҳрест дар Қазоқистон, маркази маъмурии ноҳияи Панфилови вилояти Алмаато.
Шаҳр | |||
Жаркент | |||
|
|||
44°10′ с. ш. 80°00′ в. д.HGЯO | |||
Вилоят | Алмаато | ||
ноҳия | Панфилов | ||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||
Таъсис | 1882 | ||
Шаҳр аз | 1891 | ||
Минтақаи замонӣ | UTC+6:00 | ||
Аҳолӣ | |||
Аҳолӣ | 42 809 тан (2019) | ||
zharkent.kz | |||
|
|||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Он дар 200 км шарқтар аз истгоҳи роҳи оҳани Сариӯзек (дар хати Семей – Алма-Ато) дар шоҳроҳи Сариӯзек – Хоргос, 29 км аз сарҳади Чин ҷойгир шудааст. Кодекси кадастрӣ — 266.
Номҳои пештара
вироишБунёди деҳа
вироишҶаркент (Ҷарканд) дар охири асри 10 маълум буд, ки тавассути он Роҳи бузурги абрешим ба қаламрави Қазоқистон ворид мешуд. Муҳаққиқи машҳури осори қадим И.А.Кастаниер теппаҳои сершумори шаклҳои гуногунро қайд намуда, инчунин ёдгориҳои христианӣ-несторианӣ ва мусулмониро, ки ба таърихи қадим ва аввали асримиёнагии Ҳафтрӯд марбутанд, зикр мекунад. Далели қадимии шаҳри Ҷарканд девори қалъаи шаҳр мебошад, ки осори он то ҳол маҳфуз аст. Чунин девори мудофиавии гилӣ хоси таърихи асрҳои миёна ва қадими Осиёи Миёна аст. Аз пажӯҳишҳои Чоқан Валихонов, Билол Нозим, Туғлуқ Темур, И.А.Кастанйе бармеояд, ки синни Ҷарканд аз синни Кӯлҷой, Олмалиқ, Талғар (Талхир) ва Алмаато кам нест. Сайёҳ ва олим Чоқан Чингизович Валихонов соли 1856 дар рӯзномаи худ дар бораи шаҳри Ҷарканд ва деҳаи Қаротурук қайдҳо гузоштааст, харита кашид. Дар энсиклопедияи «Жетiсу» пайдоиши посёлкаи Қаротурук ба асрҳои 6—7-уми эраи мо нисбат дода мешавад. Бояд таъкид кард, ки Ч.Ч.Валихонов ҳанӯз дар соли 1856 Ҷаркандро шаҳр номида буд [1].
Дар соли 1881 дар натиҷаи шартномаи Петербург як қисми заминҳои ғарбии водии Ил дар ихтиёри империяи Россия монд. Дар ҷойи шаҳракҳои куҳна генерал Куропаткин деҳаи нав бунёд кард [2].
Дар Ҷарканд масҷиди чубин мавҷуд аст, ки дар асри 19 сохта шудааст.
Аҳолӣ
вироишАҳолии шаҳри Ҷарканд 44506 нафар, ҳайати миллӣ: қазоқҳо — 52%, уйғурҳо— 33%, дигар миллатҳо — 0,8%, русҳо — 0,7%.
Музей
вироишОсорхонаи шуҳрати ҳарбӣ 25 январи соли 2011 дар асоси фармони раиси вилояти Алмаато таъсис ёфтааст. Масоҳаташ 291,7 м². Фонди асосии осорхона бо таърихи бостонии минтақа, ашёе, ки гузаштаи таърихиро муайян мекунанд, алоқаманд аст [3].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Абдуллажан САМСАКОВ. «Сколько лет Жаркенту»(пайванди дастнорас — таърих). 26 апрели 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 апрели 2018.
- ↑ П. Н. Краснов На рубеже Китая Париж 1939 г. http://forum.kazarla.ru/index.php?/topic/2690-пн-краснов-на-рубеже-китая/ Бойгонӣ шудааст 27 сентябри 2013 сол.
- ↑ Управление культуры, архивов и документации Алматинской области. Филиал ГККП «Историко-краеведческий музей имени Тынышпаева» - «Музей воинской славы». 26 Декабри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 апрели 2020.
Пайвандҳо
вироиш- Дело мастера Хуня. Как живут казахстанцы в 30 километрах от китайской границы
- http://www.panfilov-akimat.gov.kz/ru Бойгонӣ шудааст 23 сентябри 2020 сол. Архивная копия от 23 сентября 2020 на Wayback Machine
- Жаркент // Казахстан. Национальная энциклопедия (рус.). — Алматы: Қазақ энциклопедиясы, 2005. — Т. II. — ISBN 9965-9746-3-2. (CC BY-SA 3.0)
- Официальный сайт культуры Алматинской области Бойгонӣ шудааст 29 апрели 2020 сол.