Ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ — як намуди мафкураи ҷамъиятӣ (иборат аз ақидаву назарияҳо оид ба зарурат ва аҳамияти ҳуқуқ дар ҷомеаи инсонӣ), яке аз равияҳои таърихӣ ва ҳоло умумиэътирофгапггаи ҳуқуқи башар (якчанд мактабу тамоилҳои ҳуқуқиро муттаҳид месозад), ҳаракати ҷамъиятӣ (дар давраи нахустин нқилобҳои буржуазии Аврупо ташаккул ёфта, ҷонибдорони консепсияҳои озодӣ ва прогресси ҷамъшггиро муттаҳид сохтааст), яке аз усулҳои нигориш ба ҳуқуқ, тарзи таҳлилу омӯзиши он мебошад.

Дар заминаи ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ назарияҳои ҳуқуқи фитрӣ, ҳуқуқ ва қонун, ақидаҳои мазмуни фитрӣ доштаи ҳуқуқу озодиҳо, дахлнопазир ва аввалиндараҷа будани онҳо, бартарии ҳуқуқ нисбат ба давлат, давлати ҳуқуқбунёд, афзалияги ҳуқуқи байналшшалӣ нисбат ба ҳуқуқи дохили давлатӣ пешбарӣ шудаанд. Ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ аҳамият ва нақши ҳалкунандаи ҳуқуқро дар ҳаёти одамон, алалхусус, ривоҷи соҳибкорӣ, тиҷорат, моликият, танзими муносибатҳои бозаргонӣ исбот намуда, зарурати таърихӣ ва арзиши онро баланд мегардонад.[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 556