Ҷаҳоноро Абдуллоевна Мамедова (тав. 10. 05. 1938, ш. Душанбе) — риёзидон, номзади илмҳои физика-математика (1972), дотсент (1977).

Ҷаҳоноро Мамедова

Зиндагинома

вироиш

Соли 1960 факултети физика-математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм кардааст. Солҳои 1960–1967 ассистенти кафедраи математикаи олии донишкадаи номбурда, 1967–1968 коромӯзи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Москва ба номи В.И. Ленин, 1969–1972 аспиранти Институти таърихи илм ва табиатшиносии АИ ИҶШС буд. Солҳои 1972–1976 ҳамчун муовини декани факултети математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко оид ба таълим, сипас муаллими калон ва дотсенти кафедраи геометрияи донишкадаи мазкур кор кардааст. Муаллифи 2 китоб ва зиёда аз 25 мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ мебошад, ки дар онҳо масъалаҳои геометрияи олӣ ва топологияро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор додааст. Дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ, иттифоқӣ ва байналхалқӣ (Москва, Алма- Ато, Тошкент, Олмон, Қазон, Душанбе, Новосибирск, Тифлис, Боку, Самарқанд) бо маърӯзаҳо баромад кардааст.

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо нишонҳои сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» ва «Аълочии мактаби ИҶШС» қадр карда шудааст.

Пайвандҳо

вироиш