Ҷиноятҳои байналмилалии давлатӣ
Ҷиноятҳои байналмилалии давлатӣ — КҶ ҶТ аз соли 1998 ҷиноятҳои мазкурро аввалин бор дар ҳуқуқи ҷиноятии ватанӣ дар фасл ва боби алоҳида (боби 34 “ҷиноятҳо ба муқобили сулҳу амнияти инсоният”) муттаҳид намуд. Ҷиноятҳо ба муқобили сулҳу амнияти инсоният кирдори шахсони воқей эътироф мешавад, ки бевоси-та бо ҷиноятҳои байналмилалии давлатӣ алоқаманд мебошанд. Чунин шахсон бевосита сиёсати давлатиро, ки дар ҷиноятҳои байналмилалии давлатӣ муайян ифода меёбанд, ба амал бароварда, барои он ҷавобгар мебошанд. Принсипҳои ҷазодиҳй ва таркиби ҷиноятҳои алоҳидаи муқобили сулҳу амният дар Оинномаи Трибунали ҳарбии байналмилалии Нюрнберг ва Оинномаи трибунали ҳарбии байналмилалии Токио аз соли 1946 таҷассум ёфтаанд. Ба ҷиноятҳо ба муқобили сулҳ, пеш аз ҳама, ба нақша гирифтан, тайёр кардан ё пеш бурдани ҷанги таҷовузкорона ё ҷанг бо вайрон намудани шартномаву созишномаҳои байналмилалӣ дохил мешаванд. Ба онҳо инчунин вайрон намудани қонунҳо ва одатҳои пешбурди ҷанг, ки дар одамкушй, азобу шиканҷадиҳӣ, ба гуломй гирифтани аҳолии осоиштаи ҳудуди ғасбшуда, дар одамкушй, азобу шиканҷадиҳии асирони ҳарбй, куштани шахсони ба гаравгон гирифташуда, дар ғорат намудани моликияти ҷамъ иятиву хусусӣ, бемавқеъ вайрон намудани шаҳру деҳот, ки онро зарурати ҳарбӣ талаб намекард, ифода меёбанд, дохил мешаванд. Ҷиноятҳо ба муқобили инсоният, одамкушӣ, истисмор намудан ва дигар муносибатҳои бераҳмона, ки нисбати аҳолии осоишта то дар вақти ҷанг истифода мешаванд ё таъқиб бо сабабҳои сиёсӣ, нажодӣ ё динӣ бо мақсади ба амал баровардан ё вобаста ба ҷинояти дилхоҳи ба ваколати (юрисдиксияи) трибунал дохилшаванда новобаста аз вайрон шудан ё нашудан ҳуқуки дохилидавлатӣ аст. Дар Ассамблеяи Генералии СММ лоиҳаи Кодекс оид ба ҷиноятҳо муқобили сулҳу амнияти инсоният таҳия шудааст, ки он аз рӯи тартиби пешакӣ аз тарафи Комиссия оид ба ҳуқуқи инсон соли 1991 қабул гардидааст. Ғайр аз масъалаҳои умумии ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ҷиноятҳои муқобили сулҳу амнияти инсоният дар лоиҳаи Кодекс таркиби ҷиноятҳои зерин пешбинӣ шудааст:
- 1) таҷовузкорй;
- 2) таҳдиди таҷовузкорй;
- 3) даҳолат кардан ба корҳои дохиливу берунаи давлати дигар;
- 4) генотсид;
- 5) апартеид;
- 6) мунтазам ва ба таври оммавӣ вайрон намудани ҳуқуқи инсон;
- 7) ҷалб кардан, истифода намудан, маблаггузорӣ ва таълим додани зархаридон;
- 8) терроризми байналмилалй;
- 9)муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор;
- 10) дидаву дониста ба таври ҷиддӣ расонидани зарар ба муҳити атроф ва г.
Ҷиноятҳо ба муқобили сулҳу амнияти инсониятро аз ҷиноятҳои хусусияти байналмилалӣ фарқ кардан лозим аст.
Ба ҷиноятҳои хусусияти байналмилалӣ ҷиноятҳое дохил мешаванд. ки дар конвенсияҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дарҷ гардида, аммо ба сиёсати давлат бевосита вобастагӣ надоранд. Дар асоси чунин конвенсияҳо давлатҳои мустақил ин гуна ҷиноятҳоро дар қонунгузории миллии худ ҷой дода, санксияи онҳоро муқаррар менамоянд.
Ба ҷиноятҳои хусусияти байналмилалӣ дохил мешаванд:
- тайёр кардан ё ба муомилот баровардани пул ё қоғазҳои қиматноки қалбакӣ (сохта),
- ғасби гаравгон,
- ҳай карда бурдани киштии ҳавоӣ, терроризм,
- роҳзании обй,
- муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва ғ.
Объекти хелии ҷиноятҳо ба муқобили сулҳу амнияти инсониятро сулҳ ва амнияти инсоният ташкил медихад. Вобаста ба объекти бевоситаашон ҷиноятҳои мазкурро ба намудҳон зерин ҷудо намудан мумкин аст:
- 1) ҷиноятҳое, ки ба сулҳ ва ҳамзистии давлатҳо таҷовуз меоваранд (м. 395-397 КҶ ҶТ);
- 2) ҷиноятҳое, ки ба амнияти инсоният таҷовуз мекунанд (м. 399, 400 КҶ ҶТ);
- 3) ҷиноятҳое, ки ба амнияти намояндаи давлати хориҷй ё корманди ташкилоти байналмилалие, ки таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарор доранд, таҷовуз меоваранд (м. 402 КҶ ҶТ);
- 4) ҷиноятҳое, ки восита ва усулҳои амалиёти низомии муқаррарнамудаи ҳуқуқи байналмилалиро таҳти таҷовуз қарор медиҳанд (м. 398,402,403, 404, 405 КҶ ҶТ).[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 559
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |