Ҷиноятҳои ҳарбӣ — ҷиноятҳое эътироф мешаванд, ки ба муқобили тартиботи муқарраргардидаи адои хидмати ҳарбй аз ҷониби хизматчиёни ҳарбй, ки дар асоси даъват ё қарордод дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хнзмат мекунанд, содир шудаанд, ҳамчунин аз ҷониби шаҳрвандони дар эҳтиётбуда, ҳангоми гузаштани ҷамъомадҳои ҳарбй ё ашхосе, ки мутобиқи қонунҳои ҷорӣ мақоми хидматии ҳарбӣ доранд, содир шудаанд (қ.1, м.366 КҶ ҶТ). Ҷиноятҳо ба муқобили хидмати ҳарбӣ аз дигар ҷиноятҳо асосан аз рӯи объект ва субъекти худ фарқ мекунанд.

Объекти ҷиноятҳои мазкур-тартиби гузаштани хидмати ҳарбй ҳамчун маҷмӯи қоидаҳои рафтори дар Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ муқарраргардида эътироф мешавад. Ба сифати субъекти ҷиноятҳои ҳарбй:

1) Хизматчиёни ҳарбй, яъне ашхосе, ки дар асоси даъват ё қарордод дар Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ ва дигар сохторҳои ҳарбии ҶТ адо мекунанд.

2) Шаҳрвандони дар эҳтиётбуда ҳангоми гузаштани ҷамъомадҳои ҳарбӣ ё ашхоси мутобиқи қонунҳои ҷорӣ мақоми хидматии ҳарбӣ дошта мебошанд.

Ашхоси дигаре, ки субъекти ҷиноятҳои мазкур шуда наметавонанд, барои шарикӣ дар ҷинояпҳои муқобили хидмати ҳарбй аз рӯи моддаҳои дахлдори КҶ ҶТ ба ҷавобгарии ҷиноятй кашида мешаванд, ҷиноятҳо ба муқобили хидмати ҳарбй ба гурӯҳҳои зерин ҷудо намудан мумкин аст:

  1. 1. Ҷиноятҳо муқобили тартиби итоаткунй ва вазифадорӣ (м.367-373 КҶ ҶТ).
  2. 2. Ҷиноятҳо муқобили гузаштани хидмати ҳарбй (м.374 КҶ ҶТ).
  3. 3. Ҷиноятҳо муқобили тартиботи навбатдории ҷангй, хидмати сарҳадй, хидмати посбонй ва дигар хидматҳои
  4. махсус (м. 377-381, 393 КҶ ҶТ).
  5. 4. Ҷиноятҳо муқобили тартиботи истифодабарии амволи ҳарбй ва ё гум кардани амволи ҳарбӣ (м. 382, 386,
  6. 387, 388 КҶ ҶТ).
  7. 5. Ҷиноятҳо муқобили тартиби истифодабарии техникан ҳарбй (м. 389, 390 КҶҶТ).
  8. 6. Ҷиноятҳо аз ҷониби мансабдорони ҳарбй (м. 391, 392 КҶ ҶТ).
  9. 7. Ҷиноятҳо муқобилитартиби нигаҳдории сирри ҳарбй (м. 394 КҶ ҶТ).
  10. 8. Ҷиноятҳо муқобили тартиби ба ҷо овардани хидмати ҳарбй дар майдони ҷанг ва минтақаи амалиёти ҳарбй
  11. (м. 383-385 КҶҶТ).[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 561