Ҷинсҳои кӯҳии метаморфӣ

Ҷинсҳои кӯҳии метаморфӣҷинсҳои кӯҳии дигаргунӣ) — ҷинсҳои кӯҳие, ки дар натиҷаи бо таъсири омилҳои термодинамикӣ таҷдидшавии сангҳои пешина ба вуҷуд омадаанд.

Кварсит

Сангҳое, ки дар натиҷаи бо таъсири омилҳои термодинамики таҷдидшавии сангҳои пешина ба вуҷуд омадаанд, сангҳои метаморфи (дигаргунӣ) номида мешаванд. Хар як узви табиат, аз он ҷумла, минералҳо ва сангхо дар ин ё он шароит ба вуҷуд омадаанд ва бо дигар шудани шароити муҳит мутобиқан тағйир меёбанд ва ҳатто нобуд мешаванд. Сангҳои магмавӣ ва русубй дар натиҷаи ҳаракатҳои тектонй баъзан фуру рафта, дар жарфҳои зиёд ба таъсири ҳарорату фишори баланд ва обҳои ҳароратбаланд дучор шуда структураю текстура ва агар ин таъсирот бештару тулонитар идома ёбад, ҳатто таркиби худро ба куллӣ дигар мекунанд.

Минералҳои гилии сангҳои русубӣ, ки дар натиҷаи фарсоиши сангҳои руизаминй ба вуҷуд омадаанд, бо таъсири фишори яктарафа нисбатан зудтар аз ҳар ҷиҳат тағйир меёбанд. ҳатто минералҳои магмавии дар шароити термодинамикии зеризаминй ба вучуд омада низ аз таъсири омилҳои метаморфи дигаргун мегарданд. Албатта ҳар як минерал дараҷаи муайяни устуворӣ дорад, яъне яке ба таъсири фишор бештар тобовар асту дигаре ба таъсири ҳарорати баланд, саввум бошад, ба тағиротҳои кимиёвӣ зиёдтар дошт дода метавонад. Минералҳое низ хастанд. ки дар шароитҳои гуногун вуҷуд дошта метавонанд.

Сангҳои метаморфиро (дигаргуниро) низ аз руи хусусиятҳои гуногунашон — таркиби кимиёвӣ, структура, текстура, дараҷаи метаморфизмашон тасниф намудан мумкин аст. Яке аз таснифҳои оддии сангҳои метаморфи ба ду гуруҳ тақсим кардани онҳо мебошад:

  • сангҳои варақасохт
  • сангҳои сохти варақагӣ надошта

Ба гуруҳи аввал варакасангҳои гилй, варакасангҳои кристаллй, гнейс дохил мешаванд. Ба гуруҳи сангҳои сохти варақасангй надошта мармар. роговик, квартсит, серпентин, санги талкӣ, антратситро дохил менамоянд.