Ҷорҷ Абраҳам Грирсон

Ҷорҷ Абраҳам Грирсон (англ. George Abraham Grierson; 7 январ 1851[1][2][3][…], Glenageary[d], Ленстер[d]9 март 1941[4][2][5], Camberley[d], Суррей) — забоншиноси инглис (ирландӣ), пажӯҳишгари забонҳои ҳиндӣ.

Ҷорҷ Абраҳам Грирсон
англ. George Abraham Grierson
Таърихи таваллуд 7 январ 1851(1851-01-07)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 9 март 1941(1941-03-09)[4][2][5] (90 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ санскрит[d][6], Indian religions[d][6] ва Indian literature[d][6]
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Ҷоизаҳо
Knight Commander of the Order of the Indian Empire
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Маълумоти миёнаро дар зодгоҳаш гирифтааст. Баъди хатми коллеҷ дар ҳукумати Ҳиндустон ба кор пазируфта шуд. Аввал маъмури андоз ва сипас дар оҷонсии муходирот дар шащрҳои Бангола ва Биҳор кор мекард. Дар тӯли фаъолияти маъмуриаш, инчунин кор дар Ҷамъияти осиёии Калкутта ва Хадамоти забоншиносии Ҳинд ба омӯзиши забонҳои Ҳиндустон машғул шудааст. Натиҷаи кори ӯ дар ин бобат асари 19-ҷилдии (8 ҳазор саҳифа) «Маълумот дар бораи забонҳои Ҳиндустон» («Linguistic Survey of India») мебошад. Дар ин асар оид ба забонҳои эронии роиҷ дар Ҳиндустон (гӯишҳои форсӣ-тоҷикӣ низ) маълумот вуҷуд дорад. Дар бораи забонҳои бадахшонӣ Ҷорҷ Абраҳам Грирсон асари алоҳидае навиштааст («Забонҳои ишкошимӣ, зебокӣ ва язгуломӣ» — (Ishkashim, Zebaki and Yazlhuliami. An account of the Iranian dialects. — Publication Fund, vol. V. — London, 1920).

Адабиёт

вироиш
  • Большая советская энциклопедия. Т. 7. М., 1972.