Ҷорҷ Беркли
Ҷорҷ Бе́ркли (англ. George Berkeley; 12 марти 1685 — 14 январи 1753) — илоҳиётшинос ва файласуфи бритониёӣ, намояндаи эмпиризми феноменалистӣ.
англ. George Berkeley[1][2] | |
Таърихи таваллуд | 12 март 1685[3][4][5][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 14 январ 1753[3][4][5][…] (67 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | фалсафа, илоҳиёт, маориф[d], эпистемология, метафизик, фалсафаи илм[d], ҳисобон[d] ва Иммотериёлисм[d] |
Алма-матер | |
Имзо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишМагистри илоҳиётшиносӣ (1707), аз соли 1734 епископи Клойн (Ирландия) ва аз соли 1752 — дар Оксфорд. Асарҳои асосии ӯ: «Таҷрибаи назарияи нави қувваи босира» (1709), «Рисола дар бораи усулҳои биниши (қувваи босира)-и инсон» (1710), «Се муколамаи байни Гилас ва Финолус» (1713), «Алсифрон» (1732) ва «Сейрис» (1744). Мафҳумҳои механикии И. Нютонро танқид карда буд.
Мавқеи асосии Б. имкон надоштани ғояҳои муҷаррад (абстрактӣ) мебошад. Мавҷудияти онҳоро ӯ вобаста ба ҳарфу ҳолатҳои умумии тобишҳои забонӣ медонист. Вазифаи таҳқиқии фалсафаи дониш барои таҳлили урёну бидуни пардаи ғояҳо, ба фикри ӯ, аз тоза намудани он аз ҳар гуна сӯиистифода аз забон, тобишҳои забонӣ ва суханпардозиҳо иборат мебошад. Б. аввалин шахси таҳлилгарои (воситаҳои) забонӣ ҳамчун манбаи иштибоҳоти таҳлилию фалсафӣ аст. Иштибоҳи бунёдӣ, дар ин масъала, дар он зоҳир мешавад, ки номи умумӣ ҳамчун ифодаи ашёи ҷудогона қаламдод ва мавзӯи ном бо ном ва мазмуни ғояҳо айният дода мешавад. Чунин иштибоҳоти забонӣ ба айният додани ҳамаи вазифаҳои забонӣ танҳо барои иттилооти ғояҳо асос ёфтааст, дар ҳоле ки вазифаҳои забон хеле бештар аз ин аст.
Айидаҳо
вироишБ. номинализмро тарафдорӣ намуда, таъкид мекард, ки ғояҳои муҷаррад ғайриимкон, дурӯғ ва шабаҳе беш нестанд. Ин масъала ба мафҳумҳои муҳимми илму фалсафа низ дахл дорад. Ба ақидаи ӯ ғояҳои умумӣ ва муҷаррад аз ҳам фарқ мекунанд. Ғояҳои умумӣ дар шакли зоҳирӣ ва образи ҷудогона ифода шуда метавонанд. Ғояҳои муҷаррадро ӯ бо тасаввуроти репрезентативӣ ё худ ашёи ҷудогона иваз намудааст, ки вазифаи намояндагии ин ё он синфро иҷро мекунад ва ба воситаи муқоиса муайян карда мешавад. Ҳамаи он чизе, ки вуҷуд дорад, ҷудогона (ба шакли муфрад) аст. Б. мавҷудияти ҷавҳари моддиро инкор, вале вуҷуд доштани ҷавҳари рӯҳониро мепазирад. Ӯ шеваи таҳлили феноменалистии мавриди истифода ба ҷавҳарҳои моддиро рад намуда, мавҷудияти ҷавҳари рӯҳонии фаъолро имконпазир мешуморад. Тафаккур дар ин ҳолат аз таассуроти фаъоли нафс озод мешавад.
Б. масъалаи меъёри ҳақиқатро таҳқиқ намекунад, ӯ танҳо ба тасвиру баёни тирагию равшании ҷараёни идрок, дурахшонӣ ва ҳамоҳангии эҳсосот ва аз назар гузаронидану мувофиқати онҳо барои муқоиса маҳдуд мешавад. Ҳадафи дониш барои Б. таҷрибаи ҳаёт аст, ки онро ба таври судҷӯёна шарҳу таъбир менамояд. Агар Б. ба дарки усулҳои дониш машғул мешуд, амсилаи (варианти) таҳлили дониши ӯ дар чаҳорчӯбаи эмпиризми феноменалистӣ ба охир мерасид. Вале ӯ имконияти назарияи маърифатро баланд бардошта, кӯшиш мекард, ки бар мабнои он ҳастӣ ва ҳатто илоҳиётро созмон диҳад ва зимни он ба саҳву хатоҳое роҳ медод, ки онҳоро худаш танқид намуда буд. Чун Б. аҳаммияти забонро барои таҳлили ҷараёни дониш қабул надошт, аз ин рӯ, ин таҳлил бо омӯзиши маҷмӯи эҳсосҳо ва маълумоти ба он марбутаи ҳисҳо — мазмуни эҳсосҳо маҳдуд шуд. Дар ин сурат худи маълумоти ҳисҳо ба таври феноминалистӣ шарҳу баён мегардид. Бинобар ин мавҷудият ба даркшаванда ва объект ба мазмуни эҳсосот айният дода мешуд: «Будан — ин даркшаванда будан аст».
Фалсафаи Б. мавриди баҳсҳои тезу тунди муосиронаш Т. Рид, Д. Пристли қарор гирифта буд. Таълимоти Б.-ро онҳо ҳараҷу мараҷ ва бемаънӣ арзёбӣ намудаандоктори илмҳои Кант идеализми Б.-ро догматикӣ ва номафҳум номида буд. Г. Гегел, зиддияти дохилии таълимоти фалсафии Б.-ро қайд карда буд. В. И. Ленин ва Б. Рассел низ фалсафаи ӯро ҳамчун идеализми субъективӣ зери танқид қарор додаанд.
Осор
вироиш- TheWorks. V. 1-9. L., 1948-57; Тарҷ. русӣ — Соч. М., 1978;
- Алсифрон, или мелкий философ: Работы разных лет. СПб, 1996.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Collins Online English Dictionary (ингл.) — Glasgow: Collins.
- ↑ https://web.archive.org/web/20130703153456/http://people.hsc.edu/berkeleystudies/past_issues_pdf/no13-1993-94.pdf
- ↑ 3.0 3.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 4.0 4.1 Архив по истории математики Мактьютор — 1994.
- ↑ 5.0 5.1 Babelio (фр.) — 2007.
- ↑ Беркли Джордж // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
Адабиёт
вироиш- Беркли, Ҷорҷ / М. Ҳазратқулов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Смирнов А. И. Философия Беркли. Варшава, 1873;
- Эрн В. Н. Беркли как родоначальник современного имманентизма // Вопросы философии и психологии. 1910. Кн. 103;
- Быховский Б. Э. Беркли. М., 1970.