Ҷорҷ Грин
Ҷорҷ Грин (англ. George Green; 14 июл 1793[1][2], Ноттингҳам — 31 май 1841[3][2], Ноттингҳам) — риёзидон ва физикдони бритониёӣ. Асосгузори мактаби физикаи риёзӣ дар Кембриҷ.
англ. George Green | |
Таърихи таваллуд | 14 июл 1793[1][2] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 31 май 1841[3][2] (47 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | таҳлили риёзӣ[d], риёзиёт[4], физик[4], нуршиносӣ[4], Акустика[4] ва hydrodynamics[d][4] |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Таҳқиқот
вироишТаҳқиқоти бунёдиаш ба соҳаи физикаи риёзӣ оиданд. Ҷорҷ Грин дар асараш «Таҷрибаи истифодаи таҳлили математикӣ дар назарияи барқият ва магнетизм» (1828) мафҳум ва истилоҳи «потенсиал», таносуби интегралҳо аз рӯи ҳаҷм ва сатҳ, дар асоси таносуби кашфкардааш ҳолати хусусии функсияро, ки тасаввури таҳлилии ҳалли ҳамаи масъалаҳои физикаи риёзӣ ба он вобастаанд (Функсияи Грин), муайян кардааст. Дар физикаи риёзӣ корҳои илмии Ҷорҷ Грин дар бораи инъикос ва шикасти рӯшноӣ дар муҳитҳои кристаллӣ аҳаммияти хос дошта, тавассути онҳо ӯ бар асоси қонуни бақои энергия муодилаҳои асосии назарияи чандириятро кашф кардааст. Ҷорҷ Грин аввалин риёзидон буд, ки Англияро бо таҳлили риёзии Аврупо шинос намуд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Proleksis enciklopedija, Opća i nacionalna enciklopedija (хорв.) — 2009.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 Brozović D., Ladan T. Hrvatska enciklopedija (хорв.) — LZMK, 1999. — 9272 с.
- ↑ 3.0 3.1 Архив по истории математики Мактьютор — 1994.
- ↑ 4.0 4.1 4.2 4.3 4.4 Чешская национальная авторитетная база данных
Адабиёт
вироиш- Грин Ҷорҷ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.