Гузгон

(Тағйири масир аз Ҷузҷон)

Гузгон (форсӣ: گوزگان‎), Гузгонон, Ҷузҷон (форсӣ: جوزجان‎), Ҷузҷонон — минтақаи таърихии Хуросон, ки дар қисмати ғарбии Балх қарор дошт.

Гузгон
Кишвар

Ҷуғрофиёи таърихӣ

вироиш

Марзии Гузгон дар шарқ то Балх, Тахористону Бомиён, дар ҷануб то Ғур ва Буст, дар ғарб то Ғарҷистону Марв ва дар шимол то соҳилҳои Ҷайҳун мерасид. Дар осори ҷуғрофиёии арманӣ бо номи Гузкон ва яке аз вилоятҳои Қусти Хуросон ёд шудааст. Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» ҳангоми шарҳи ҳодисаҳои замони Афросиёб аз Гузгон ёдоварӣ кардааст. Дар маъхазҳои чинӣ Гузгон ҳамчун минтақаи зертобеи Тахористон бо номи «Ху-чже-кйен» зикр шудааст. Ба қавли сайёҳи чинӣ Сюан Сзан сарҳадди Гузгон аз шарқ ба ғарб 500 ли (як ли баробари 300—360 қадам), аз ҷануб ба шимол 1000 ли буда, аспҳои хушзот дошт. То давраи паҳншавии дини ислом дар минтақа ҳокимони Гузгон унвони гузгонхудот доштанд. Аз давраи хилофати Умавия дар шаҳри Анбор (Анбир) фаъолияти сиккахона ба роҳ монда шуд. Дар асрҳои 7‒8 тобеи Тахористон буда, ҳокимони Гузгон дар ихтиёрашон тақр. 50 ҳазор сипоҳ доштанд. Мувофиқи маълумоти маъхазҳои таърихӣ хироҷи солонаи Гузгон дар солҳои 826-27 150 ҳазор дирҳамро ташкил медод, ки ин нишондод назар ба хироҷи Форёб се маротиба зиётар буд. Дар асри 9 ба ҳайати Гузгон шаҳрҳои Анбор, Сон, Кундурум ва Шабурқон (Шибирғон) дохил мешуданд. Дар ин давра Анбор маркази минтақа ва қароргоҳи волии хилофат буд ва ҳокими Гузгон дар шаҳри Кундурум ё Қурмузон менишаст. Аз нимаи дуввуми асри 9 дар Гузгон сулолаи маҳаллии Фариғуниён ба сари қудрат омада, аз давраи ҳукмронии Амри Лайс ба Саффориён, баъдан ба Сомониёну Ғазнавиён тобеъ буданд. Гузгон аз соли 1039 мавриди ҳуҷуми туркони салҷуқӣ қарор гирифта, баъдан тобеи давлати Салҷуқиён гардид. Авҷи давраи тараққиёти Гузгон ба давраи ҳукмронии Сомониён рост омада, шаҳрҳои Форёб, Андхуй (Андхуз), Яҳудия ва Толиқон низ ба ҳайати он дохил шуданд. Аз охирҳои асри 10 маркази Гузгон ба шаҳри Маймана (Яҳудия) интиқол ёфт. Бузургтарин шаҳрҳои Гузгон Анбор ва Гурзивон буданд, ки аввалӣ қароргоҳи тобистона ва дуввумӣ қароргоҳи зимистонаи Фариғуниён ба шумор мерафтанд. Дар асрҳои миёна машғулияти асосии мардуми Гузгон парвариши чорво (гӯсфанд, аспу шутур) буд ва пӯсти гузгонӣ дар минтақа шуҳрати зиёд дошт. Гузгон имрӯз ба гунаи арабишудааш — Ҷузҷон яке аз вилоятҳои Афғонистон аст.

Адабиёт

вироиш
  • Бартольд В. В. Сочинение. Т. 7. М., 1971;
  • Камалиддинов шаҳри Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX — начала XIII вв. Ташкент. 1996;
  • Абдуллоев С. Ҷуғрофияи таърихии давлати Сомониён. Х., 2001;
  • Абубакри Наршахӣ. Таърихи Бухоро. Д., 2012.
  • حدود العالم‌ من المشرق الی المغرب/ به کوشش منوچهر ستوده. تهران، ۱۳۴٠ ش.؛
  • اصطخری. مسالک و ممالک/ به کوشش ایرج افشار. تهران، ۱۳۷۳ ش.؛
  • لسترنج. جغرافیای تاریخی سرزمینهای خلافت شرقی/ ترجمة محمود عرفان. تهران، ۱۳۷۳ش؛
  • عبدالحی حبیبی. جغرافیای تاریخی افغانستان. کابل. ۱۳۹٠ ش.ر