Ҷумъабой Азизқулов

Ҷумъабой Азизқулов — муҳаққиқ,тарҷумон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1990)

Ҷумъабой Азизқулов
Ҷумъабой Азизқулов
Таърихи таваллуд 1934
Зодгоҳ ноҳияи Панҷакент

ЗиндагиномаВироиш

Ҷумъабой Азизқулов 10 июни соли 1934 дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент ба ҷаҳон омадааст. Соли 1958 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст. Баъдан ходими илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, муҳаррир, мудири шуъба, котиби масъул, муовини сармуҳаррир ва сармуҳаррири Энсиклопедияи советии тоҷик будааст. Соли 1974 «дар мавзӯи «Синдбоднома»-и Заҳирии Самарқандӣ» рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст.

ЭҷодиётВироиш

Намунаҳои осори Саъдӣ, Савдо, Айнӣ, Лоҳутӣ, Ҳамдӣ ва дигаронро таҳқиқ ва барои чоп омода сохтааст. «Пандномаи Синдбод» (1963), «Гулзори ҳикмат» (1966), «Китоби Ҳаким Синдбод» (1979, 2012) дар таҳия ва таҳқиқу тавзеҳи ӯ ба чоп расидаанд. Чандин мақолаи Энсиклопедияи советии тоҷик ва маҷмӯаи мақолаҳои «Андӯхти рӯзгор» (2014) ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Қиссаву романҳои В.Шукшин «Суҳбати маҳтобшаб» (1981), А.Олимҷонов «Пайкони Маҳамбет» (1984), «Корвон меравад сӯйи Офтоб» (1966, ҳамроҳи Ҳ.Аҳрорӣ), А.Дюма «Се мушкетдор» ва «Граф Монте-Кристо», асарҳои алоҳидаи О.Гончар, И.Авиҷюс («Бехонумон»), Н.Нерсесян («Рустаму Дилоро»), Я.Гашек («Саргузашти сарбози чолок Швейк»), О.Генри, Р.Такур, А.Аббос, Т.Ҷумъагелдиев, В.Латсис ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст. Тарҷумаи чанд филми ҳунарӣ низ ба қалами ӯ тааллуқ дорад.

ҶоизаҳоВироиш

  • Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.[1]

ЭзоҳВироиш

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с.29-30 ISBN 978-99947-2-379-9