Ҷумъа Қувват
Ҷумъа Қувват (зод. 13 июни соли 1950, ноҳияи Комсомолобод) — рӯзноманигор ва шоири тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон (2024). Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.
Таърихи таваллуд: | 13 июн 1950 (74 сол) |
---|---|
Зодгоҳ: | ноҳияи Нуробод |
Навъи фаъолият: | рӯзноманигор, шоир |
Зиндагинома
вироишҶумъа Қувват 13 июни соли 1950 дар ноҳияи Нуробод дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Соли 1971 Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм намуда, дар идораи рӯзномаи ноҳиявии «Нури Нуробод» ба фаъолият шурӯъ намудааст. Солҳои 1971—1979 дар вазифаҳои мудири шӯъба, котиби масъул, ҷонишини сармуҳаррири ин рӯзнома кор кардааст. Аз соли 1979 то имрӯз сармуҳаррири рӯзномаи мазкур мебошад. Солҳои 1998—2008 ҳамзамон хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» дар водии Рашт буд. Муаллифи китобҳои «Нони гандум», «Орзу», «Чодари сабза», «Дидор», «Сухан гоҳе бигирад ҷои дору», «Пеш аз субҳ», «Корзори сухан», «Ифтихор», «Ҳамсанги гавҳар», «Ваҳдатистони Раштонзамин» аст. Шеърҳои ӯ ба китобҳои дарсии мактабҳои миёна дохил шудаанд. Бисёр устодони санъати мамлакат ба ашъори ӯ оҳанг бастаанд. Чанд шеъраш бо оҳанги «Шашмақом» низ суруда мешавад. Намунаи ашъораш дар Москваю Теҳрон, Минск ва Тошканд ба табъ расидааст. Намоишномаҳои «Иҷоракорони Сабзазор» ва «Оқилу Одил» дар театрҳои халқӣ ба саҳна гузошта шудаанд. Достони «Пеш аз субҳ» ва «Достони Об»-аш дар байни хонандагон шуҳрат ёфтаанд.
Ҷоизаҳо
вироишБо ордени «Шараф» ва медали «Хидмати шоиста» қадрдонӣ шудааст. Ӯ Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.[1]