Ҷумҳур Ҷаъфаров
Ҷумҳур Ҷаъфаров (1930, деҳаи Даҳбеди шаҳри Самарқанд) — омӯзгор ва рӯзноманигори озаритабори Тоҷикистон, набераи Саидризо Ализода[1]. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон. Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон[2].
Зиндагинома
вироишҶумҳур Ҷаъфаров озарист. Соли 1930 дар деҳаи Даҳбеди шаҳри Самарқанд, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Тибқи ёддошташ дар Самарқанд хонаашон дар шафати ҳавлии Садриддин Айнӣ буд ва бо ин шахсияти бузург рафтуомад доштанд. Аммо баъдтар падараш Исмоил Ҷаъфаров, ки Донишгоҳи давлатии шаҳри Бокуро хатм намуда буд, барои маҳви бесаводӣ ба Тоҷикистон омад. Ҳамин тавр, дарахти умри Ҷумҳур Ҷаъфаров ба хоки ин диёр пайвасту дар сарзамини тоҷикон ба камол расид. Дар ин мулк саодат ёфт, оиладор шуд ва соҳибэҳтиром гардид.
Волидайнаш Исмоил Ҷаъфаров ва Шафиқа Ҷаъфарова дар деҳоти атрофи шаҳри Душанбе ва ноҳияи Орҷонкидзеобод солҳои тӯлонӣ ба ҳайси омӯзгор кор карда, миёни мардум обрӯву эътибори хосса доштанд. Падараш наздики 40 сол директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ буд ва дар рушди маорифи халқи тоҷик хидмати арзанда намуд. Эҳтироми беандозаи мардум ба пешаи волидайн ӯро водор намуд, ки ҳаёти худро ба ин ҷода бахшад.
Баъди хатми мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Орҷеникидзеобод (ҳоло Ваҳдат) таҳсилро идома дода, онро бо дипломи аъло хатм намуд. Баъдан ба Донишкадаи аграрии Тоҷикистон дохил шуда, онро низ бо дипломи аъло хатм менамояд. Бо тавсияи Вазорати кишоварзӣ ба колхози Ленини деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб ба кор сафарбар мегардад. Баъди ду соли фаъолият таҳсилро дар шуъбаи аспирантура идома медиҳад. Соли 1958 ба Техникуми омори ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло Ваҳдат) ба ҳайси омӯзгори асосҳои хоҷагии қишлоқ ба кор рафт. Дар ин даргоҳ наздики 50 сол ба шогирдон ба се забон — тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ дарс мегуфт. Шогирдони бешумораш имрӯз дар соҳаҳои мухталиф фаъолият доранд.
Ҷумҳур Ҷаъфаровро дар маҳалли кору фаъолияташ ва дигар манотиқи кишвар натанҳо чун омӯзгору марди некном, балки ҳамчун дӯсти деринаи рӯзноманигорон хуб мешиносанд. Зеро мақолаҳои зиёдаш дар рӯзномаву маҷаллаҳои гуногун ва бо забонҳои мухталиф интишор шудаанд, ки аз мушкилоти соҳаи кишоварзӣ то мавзӯъҳои одобу ахлоқ лавҳаву репортажҳоро дар бар гирифта, ба ҳалли мушкилоти соҳаи мухталиф мусоидат намудаанд.
Дар Тоҷикистон ягона эҷодкори озарӣ аст, ки бо забони тоҷикӣ мақола менависад. Нигоштаҳояш ҳама ибратомӯзу таъсирбахш аст ва бисёре аз саҳифаҳои нокушодаи ҳаёти Садриддин Айнӣ, Саидризо Ализода ва Маҳмудхоҷаи Беҳбудиро, ки дар таърихи журналистикаи тоҷик саҳми назаррас доранд, дар мақолаҳои «Ҳамсангари устод Айнӣ» ва «Ёди Беҳбудӣ» равшан намудааст.
Дастовардҳои илмӣ
вироишДар баробари ин муаллифи дастурамали «Усулҳои мубориза бар зидди ҳашароти зараррасони зироати хоҷагии қишлоқ» мебошад. Яке аз дастовардҳои илмиаш бо усули биологӣ мубориза бурдан бар зидди ҳашароти зараррасон ва алафҳои бегона мебошад. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст. Ба навиштани шеър низ шавқи зиёд дорад.
Ҷоизаҳо
вироишХидматҳояш замони шӯравӣ бо Ифтихорномаи Комитети марказии Партияи Коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ, Ифтихорномаи Ҷамъияти «Дониш»-и Иттиҳоди Шӯравӣ ва дар даврони соҳибистиқлолии кишвар соли 1995 барои саҳми арзанда дар кори таълиму тарбия, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва маҳорати хуби касбӣ бо Ифтихорномаи Президенти ҶТ, Ифтихорномаи Вазорати маориф, Вазорати фарҳанг, Вазорати кишоварзӣ ва Дипломи Кумитаи ҳифзи табиат қадрдониаш намудаанд. Барои саҳми арзанда дар рушди матбуот унвони Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб гардидааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Султони Ҳамад. Ҷумҳур Ҷаъфар, набераи Саидризо Ализода. Рӯзгор.
- ↑ Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ. Омӯзгори ҳақиқӣ. www.jumhuriyat.tj. Нашрияи расмии Тоҷикистон - "Ҷумҳурият". 7 июни 2019 санҷида шуд.