Ҷӯра Бақозода
Ҷӯра Бақозода (Бақозода Ҷӯра Ҳамидович; 22 июли 1937, Самарқанд — 28 апрели 2012, Душанбе, Тоҷикистон) — мунаққид ва адабиётшиноси тоҷик, номзади илмҳои филология (1969), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1974), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998). Писари Ҳамид Бақозода.
Бақозода Ҷӯра Ҳамидович | |
Таърихи таваллуд | 22 сентябр 1937 |
Зодгоҳ | Самарқанд |
Таърихи даргузашт | 28 апрел 2012 (74 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | |
Ҷоизаҳо | Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998) |
Зиндагинома
вироишУниверситети давлатии Самарқандро (1962) хатм намуда, ба ИЗА АИ ҶТ ба кор омад (1962-64). Аспиранти Институти адабиёти ҷаҳони АИ ИҶШС (1964-67), ходими калони илмии ИЗА (1967-78), мудири шуъбаи танқид ва адабиётшиносии маҷ. «Садои Шарқ» (1978-85), мудири редаксияи адабиёт, забон ва фолклори ЭСТ (1985-89), мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДМТ (1989—2002). Аз соли 2002 дотсенти ҳамин кафедра.
Фаъолияти илмӣ
вироишНахустин мақолаҳои илмию танқидиаш соли 1963 дар саҳифаҳои матбуот пайдо шуданд. Муаллифи беш аз 200 мақолаи илмию танқидӣ, монография ва рисолаҳои илмӣ. Аксари мақолаҳои Б. марҳалавию ҷамъбастианд. Дар онҳо масъалаҳои муҳимми адабиёти муосири тоҷик аз қабили хусусияти қиссаҳо, фардияти адиб, хусусиёти миллӣ ва байналмилалии адабиёти тоҷик, ҷустуҷӯҳои эҷодии адибони ҷавон, эҷоди устодон ва ҷараёни адабӣ, насри муосири тоҷик (с-ҳои 70-80 садаи 20) ва ғ. мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд. Дар бораи эҷодиёт ва осори алоҳидаи Айнӣ, М. Турсунзода, С. Улуғзода, Ҷ. Икромӣ, Р. Ҷалил, П. Толис, Ф. Муҳаммадиев, Ӯ. Кӯҳзод, С. Турсун, Гулназар, А. Самад, К. Мирзо ва диг. мақолаҳо нигошта, дастовардҳои эҷодии ононро холисона ва дақиқбинона таҳлилу баррасӣ кардааст. Афкору андешаҳои Б. дар монография ва рисолаҳои «Ҷустуҷӯҳои эҷодӣ дар насри муосири тоҷик» (1982), «Нависанда ва идеали замон» (1987), «Андеша ва чеҳраҳои адабӣ» (2005), «Абдулҳамиди Самад ва инкишофи ҳикоя» (2007), «Гузашти айём ва таҳаввули адабиёт» (2009) ва ғ., ки дар адабиётшиносию нақди тоҷик нуфузу эътибори арзанда доранд, ҷамъбаст гардидаанд. Б. дар мураттабсозии маҷм. «Муосири бузурги мо» (дар бораи М. Шолохов), осори А. Деҳотӣ дар 5 ҷилд, ҷ. 2-юми «Таърихи адабиёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо» (1978) ва ғ. ширкат варзидааст. Пйесаи «Боғи олболу» ва баъзе ҳикояҳои А. П. Чехов, романи В. Яковенко «Шербачаҳои партизан» (1987), романи нависандаи туркман Н. Байрамов «Роҳи тақдир»-ро (1989) ба тоҷикӣ гардондааст.
Ҷоизаҳо
вироишБо Грамотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
- Узви ИН Тоҷикистон аз соли 1974
- Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998)[1]
Осор
вироиш- Черты нового Д., 1974; Михаил Шолохов (ҳамроҳи Р. Ҳодизода). Д., 1975.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с. 54 ISBN 978-99947-2-379-9
Сарчашма
вироиш- Бақозода, Вӯра Ҳамидович / Ю. Акбарзода // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.