Ҷӯркомӣ[1] (форсӣ: جورکامی‎), изогамия (аз юн.-қад. ἴσος — «барорбар», «яксон» и юн.-қад. γάμος — «никоҳ») — раванди ҷинсие, ки ҳангоми он ҳуҷайраҳои ҷинсии зоҳиран шабеҳ, вале аз ҷиҳати хусусиятҳои биокимиёӣ ва физиологӣ гуногун (гаметаҳо) бо ҳам омезиш меёбанд. Ҷӯркомӣ хосси обсабзҳо, занбӯруғҳои дараҷаи паст ва содатаринҳо (дар ҳайвоноти серҳуҷайра ба мушоҳида намерасад) мебошад.

Нигаред низ

вироиш
  1. Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ. Ҷӯркомӣ чист? Маънии ҷӯркомӣ(тоҷ.). vazhaju.tj. Вожаҷӯ. 6 апрели 2023 санҷида шуд.

Адабиёт

вироиш