Ӯктам Бобохоҷаев (Бобохоҷаев Ӯктам Икромович; тав. 30 июни 1960, Душанбе) — доктори илмҳои тиб (1997).

Ӯктам Бобохоҷаев
Бобохоҷаев Ӯктам Икромович
Таърихи таваллуд 30 июн 1960(1960-06-30) (64 сол)
Зодгоҳ Душанбе
Фазои илмӣ тиб
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб
Алма-матер Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1983)

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи факултети муолиҷавии Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1983). Интерн (1983–84), духтури бемориҳои дарунии Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии № 3-и шаҳри Душанбе (1984–86), ассистенти кафедраи бемориҳои дарунии таълими дармонгоҳии Институти давлатии тиббии Тоҷикистон (1986–87), таҳсил дар аспирантура (1987–91), роҳбари Маркази ҷумҳуриявии клиникии иммунология ва аллергология (1991–93), ҷонишини сардухтури Маркази миллии ташхиси бемориҳо (1993–2000), сардори Раёсати хадамоти тиббии Вазорати тандурустии Тоҷикистон (аз соли 2000), ҳамзамон дотсенти кафедраи фтизиатрияи ДДТТ (аз 2007). Ӯктам Бобохоҷаев муаллифи 89 таълифоти илмӣ, аз ҷумла 2 монография, 3 дастурамали методӣ ва 2 дастурамали таълимӣ мебошад. Таҳти роҳбарии ӯ 1 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Сармутахассиси Вазорати тандурустӣ оид ба иммунология ва аллергология (аз 1992), узви Ассотсиатсияи пулмонологҳо ва фтизиатрҳои Осиёи Марказӣ (аз 1996), раиси Ассотсиатсияи физиопулмонологҳои Тоҷикистон (аз 2006).

  • Ташкили хидматрасонии тиббию санитарӣ: комёбиҳо ва норасоиҳо.//Шифо, 2006, №1; Внедрение синдромного метода ведения больных с инфекциями, передаваемыми половым путём// Здравоохранение Таджикистана. 2006, № 2;
  • Перфорация брюшнотифозной язвы подвздошной кишки. Анализ летальных исходов релапаротомии//Здравоохранение Таджикистана, 2006, № 4;
  • Эпидемиологическая ситуация по туберкулёзу, в том числе ӯ детей в г. Душанбе и меры по её улучшению//Паёми Сино, 2009, № 2.

Сарчашма

вироиш