Ӯрунбек Ҳамдамов (18 марти 1946, деҳаи Узбекқишлоқ, ноҳияи Ҷаббор Расулов) — овозхон, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1979).

Ӯрунбек Ҳамдамов
Таърихи таваллуд 18 март 1946(1946-03-18) (78 сол)
Пеша(ҳо) овозхон
Ҷоизаҳо Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1979)

Зиндагинома

вироиш

Соли 1966 Институти педагогии ш. Хуҷанд (ҳоло ДДХ ба номи Б. Ғафуров)-ро хатм намуда, дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи ш. Хуҷанд ба ҳайси сароянда фаъолияташро шурӯъ кард ва то соли 1990 рӯи саҳнаи он монд. Хонандаи хуби таронаҳои классикӣ ва халқии тоҷикию ӯзбекӣ мебошад. « Дӯстонро гум макун», «Дорад ҳавас», «Вафодорӣ», «Соғари умед», «Як даста гул», «Биншин», «Муждаи васл», «Ҷони ошиқ», «Тири нигоҳ», «Мушкил», «Ба ёр гуфтем», «Парвона медонад», «Чӣ суд», «Ганҷи бебаҳо», «Бигзарад», «Ошиқ шав, эй дил», «Файзи баҳор» аз зумраи беҳтарин таронаҳои ӯ мебошанд. Дар ҳайати устодони санъати ҷумҳурӣ ба бисёр кишварҳои хориҷӣ чун Афғонистон, Покистон, Эрон, Туркия сафар намудааст.

Адабиёт

вироиш
  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.