Ӯсмакашӣ — бахше аз ороиши суннатии занони тоҷик.[1]

Занону духтарон баргҳои васмаро фишурда, оби сабзашро ба абрӯвон ва мӯйи худ мемоланд. Барои кашидан ба чашму абрӯ барги ӯсмаи тахминан 10-25 см-ро истифода мебаранд. Ӯсма кашидан ба чашму абрӯвон хоси занону духтарон аст. Бо фаро расидани фасли баҳор дар палу палчаҳо тухми ӯсма мепошанд. Бо вуҷуди он, ки дар шароити имрӯза маводи фаровон барои рангу бори абрӯвон мавҷуданд, анъанаи ӯсмакашӣ то ҳанӯз чун мероси ниёгон дар миёни занону модарони тоҷик хеле устувор аст. Ӯсма ба абрӯвон тобиши сабзи хокистарранг медиҳад. Дар мавриди мунтазам кашидани ӯсма абрӯвон ба худ ранги сиёҳи ғализ мегирад, ки ин ҳусну ҷамоли бонувонро даҳчанд афзун мекунад.

Баргҳои тару тозаи онро гирифта, 10-15 дақиқа то пажмурда шуданашон дар соя нигоҳ медоранд, пиёлаи рӯгардонро гузошта баргҳои пажмурдаро то ҳосил шудани шираи он кафмол мекунанд, шираи ҳосилшудаи ӯсма дар чуқурчаи таги он ҷамъ мешавад. Афшурдаи тару тозаи ӯсмаро ба зудӣ аввал дар як абрӯ, баъд дар дувумин мемоланд. Ин амалро то тамом шудани оби ӯсма такрор мекунанд. Абрӯвон аз оби ӯсма сер шуда, аз болою пойин ранги ғализ мегирад. Ӯсмаро ҳамчунин бо хати нафис дар байни ҳар ду абрӯ ҳам мемоланд. Чунин ороиши рӯй ба занон хеле писанд аст. Дар ҷараёни ӯсмакашӣ чашму абрӯвонро якчанд маротиба бо оби ӯсма мекашанд, то тамом шудани оби ӯсма. Баъди хушк шудани ӯсма абрӯвонро бо об эҳтиёткорона мешӯянд. Барои захираи фасли зимистон ӯсмаро хушконида, майда мекунанд. Дар вақти даркорӣ ба он оби ҷӯшонидашуда ҳамроҳ карда, то хунук шуданаш нигоҳ ё онро то 2 дақиқа дар об ҷӯшонида, сард менамоянд. Он барои молидан тайёр мешавад. Ӯсмаро ҳамчунин ба пӯсти сар, мӯйҳо, пилкҳои чашмон ва мижгонҳо мемоланд. Ӯсма барои равшании чашм, биноӣ хуб аст. Ӯсмаро дар бозорҳо дар шакли тар ва хушк мефурӯшанд. Қариб дар тамоми қитъаҳои замини ҳавлигӣ онро месабзонанд. Одатан, ба пали ӯсма хокистари чӯб мепошанд. Агар кас ҳар рӯз ӯсма кашад, баъд аз 2 ҳафта абрӯвон ва мижжаҳо ғафсу сиёҳ ва хушрӯй мешаванд. Равғани ӯсма барои табобати резиши мӯй ва барқарорсозии решаи осебрасидаи мижгонҳо, абрӯвон ва мӯйҳо истифода мешавад.

Тарзи истифодаи равғани ӯсма. Равғани тозаи ӯсмаро шабона ба абрӯ ва мижжа молида, саҳар бо собун мешӯянд.

  1. Ӯсма - воситаи дӯстдоштаи бибиҳои мо чӣ нафъҳо дорад?. asiaplustj.info. ASIA-Plus (13 май 2019). 27 Январ 2023 санҷида шуд.