(1036) Ганимед

Сайёрак

(1036) Ганимед (юн.-қад. Γανυμήδης) — сайёраи хурд, астероиди калонтарини наздизаминӣ.

(1036) Ганимед
Нигора
Вазн 33 000 000 000 000 000 кг
Номида ба шарафи Ganymede[d]
Пеш аз 1035 Amata[d][1]
Баъдӣ 1037 Davidweilla[d][1]
Кошиф Walter Baade[d][1][2]
Таърихи кашф 23 октябр 1924[2]
Мавқеи кушоиши астрономӣ Hamburg-Bergedorf Observatory[d][2]
Навъи сайёрак Amor asteroid[d][2] ва камарбанди сайёракҳо[d]
Баданаи аслӣ Офтоб
Апомарказ 611 197 400 км, 611 107 301 809,5 м[3] ва 4,08651816476 ± 0 воҳиди нуҷумӣ[2]
Перимарказ 185 608 100 км, 186 029 529 910,29 м[3] ва 1,245100121376 ± 0 воҳиди нуҷумӣ[2]
Аргументи перимарказ 2,311 рад[3] ва 132,47740279352 ± 0 °[2]
Хуруҷ аз маркази мадорӣ 0,537, 0,5332347[3] ва 0,532937259861 ± 0[2]
Инҳирофи мадорӣ 26,644 ± 0,001 °, 0,466 рад[3] ва 26,687405764692 ± 0 °[2]
Периоди гирдзанӣ 4,35 сол[3] ва 1 589,7982207361 ± 0 Рӯз[2]
Периоди тобхурӣ 37 130,4 сония ва 37 069,2 сония[2]
Нима-меҳвари калони мадорӣ 398 403 200 км, 398 550 479 075,2 м[3] ва 2,665809143068 ± 0 воҳиди нуҷумӣ[2]
Longitude of ascending node 3,762 рад[3] ва 215,49760341722 ± 0 °[2]
Онумолии миёнгин 4,785 рад[3] ва 276,41716642311 ± 0 °[2]
Asteroid spectral type S-type asteroid[d][2]
Бузургии зуҳурӣ / рушноӣ 8,1
Бузургии мутлақ 9,45[3] ва 9,26[2]
Албедо 0,292 ва 0,238 ± 0,041[2]
Зичӣ 2 gram per cubic centimetre
Ҳарорат 160 K
Диаметр 31,66 км ва 37,675 ± 0,399 км[2]
Astronomic symbol image
Orbit diagram
Эпоха September 13, 2023[d]
Time of periapsis 2 460 569,6106708 ± 0 Julian day[2]
Аломати муваққатӣ 1924 TD[4], 1952 BF[2], 1954 HH[2] ва A924 UB[2]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҳамчун 1924 TD, 1952 BF, 1954 HH низ ишора мекунанд. Соли 1924 ситорашиноси олмонӣ У. Бааде дар расадхонаи Ҳамбург кашф кардааст. Ба он номи ҷавони юнонӣ, ки Зевс дуздида буд, дода шудааст. Масофаи миёнаи Ганимед то Офтоб 2,67 в. а. (398,7 млн км), экссентриситети мадораш 0,5337, тамоюлаш нисбат ба эклиптика 26,7о аст. Қадри ситоравии мутлақи Ганимед ба 9,45, давраи гардишаш дар атрофи Офтоб ба 4,35 соли заминӣ (1587,428 шабонарӯз) ва дар гирди меҳвараш ба 10 шабонарӯзу 7 соату 26 с баробар аст. Массаи Ганимед 3,3•1016 кг, қутраш 31,66 км ва ҳарорати миёнаи сатҳаш 160 К (–1130С)-ро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи таҳқиқи Ганимед бо ёрии радиотелескопи Аресибо муайян гардид, ки он шакли кураро дорад. Астероиди Ганимед ба гурӯҳи S (сангӣ) тааллуқ дошта, дар таркибаш миқдори зиёди силикатҳои оҳан ва магний, инчунин ортопироксенҳо мавҷуданд. Ба туфайли калонҳаҷм будани Ганимед ва мунтазам ба Замин наздик шудани мадори он, ҳатталимкон саҳеҳ муқаррар кардани вақту масофаҳои наздикшавии баъдии Ганимед ба Замин муяссар гардидааст. Мас., дар назар аст, ки вақти наздиктарини ба Замин наздик шудани Ганимед 13 октябри соли 2024 буда, он дар масофаи 55,9641 млн км (0,374097 в. а.) аз назди Замин гузашта меравад. Дар ин маврид бузургии ситоравии ба чашм намоёни он ба 8.1 баробар мешаванд. Ганимед инчунин мунтазам мадори сайёраи Миррихро бурида мегузарад. Вай бояд 16 декабри 2176 дар масофаи ҳамагӣ 4,290 млн км (0,02868 в. а.) аз назди Миррих гузарад.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш