Шаблон:Қуттии аниманга/OVA

Black Clover (ブラッククローバー Буракку Куро:ба:?, Юнучқаи сиёҳ, рус. Чёрный клевер) — сёнэн-мангаи тахайюлӣ, ки муаллифаш Юки Табата аст. Достони манга дар бораи ҷавоне бо номи Аста аст, ки қувваи ҷодуиё надорад, аммо соҳиби гримуари ҷодуии аҷибе шуд. Бо ғурур, қувваи ҷисмонӣ ва гримуари худ, ӯ мехоҳад шоҳи чодугарон шавад. Манга маҷаллаи ҳарҳафтаинаи Weekly Shōnen Jump-и нашрияи Shueisha нашр мешавад. Оғози анимесозӣ баромади OVA-и якқисмӣ шуд, ки 27 ноябри соли 2016 баромад. Онро студиёи XEBECzwei тайёр кард. 3 октябри соли 2017 нахустин намоиши аниме-сериал баргузор шуд, ки ба тавлиди он Studio Pierrot машғул буд[2].

Black Clover
ブラッククローバー
(Буракку Куро:ба:)
Жанр / мавзӯъмоҷаро, фэнтези[1]
Манга
Муаллиф Юки Табата
Ношир Shueisha
Нашр мешавад дар Weekly Shōnen Jump
Хонандагон сёнэн
Ҷилдҳо 30
Аниме-сериал
Режиссёр Татсуя Ёсихара
Сенариянавис Кадзуюки Фудэясу
Композитор Минако Сэки
Студия Studio Pierrot
Шабакаи телевизионӣ TV Tokyo, FAN
Қисмҳо 170
Манга «Asta's Journey to Wizard King»
Муаллиф Юки Табата
Мусавварсоз Сэтта Кобаяси
Ношир Shueisha
Нашр мешавад дар Saikyō Jump
Хонандагон сёнэн
Манга «Black Clover Gaiden: Quartet Knights»
Муаллиф Юки Табата
Мусавварсоз Тасиро Юмия
Ношир Shueisha
Нашр мешавад дар Shōnen Jump+
Хонандагон сёнэн
Ҷилдҳо 5
Бозӣ «Black Clover: Quartet Knights»
Ношир Bandai Namco Entertainment

Сужа вироиш

Боре як деви пурқувват ба одамон ҳамла кард. Ба назар чунин менамуд, ки инсоният несту нобуд мешавад, аммо шахсе пайдо шуд, ки метавонад яккаса девро мағлуб кунад ва одамонро наҷот диҳад. Ӯ лақаби Шоҳи ҷодугаронро мегирад. Пас аз 500 сол, ятимон Аста ва Юно, ки дар остонаи ятимхона ёфт шуданд, дар як паноҳгоҳи калисо ба воя мерасанд. Юно як нобиғаи ҷодугарӣ, қоматбаланд ва ором аст, дар ҳоле ки Аста муқобили пурраи ӯ, одами бе қатраи ҷодугарӣ, паст ва ҳассос аст. Дар синни 15-солагӣ, ҳар як ҷодугар гримуар мегирад. Юно чорбаргаи нодиреро гиртфт, Аста — чизе нагирифт. Аммо вақте ки Юно ба душворӣ дучор мешавад ва Аста кӯшиш мекунад, ки ӯро наҷот диҳад, Аста ғайричашмдошт гримуари панҷбаргаро мегирад, ки дар он, тибқи ривоят, дев зиндагӣ мекунад. Баъдтар, Аста ва Юно ба ҳамдигар ваъда медиҳанд, ки яке аз онҳо Шоҳи ҷодугарон мешавад ва ба пойтахти Шоҳигарии Юнучқа мераванд, то ба отрядҳои ритсарҳо-ҷодугарон интихоб шаванд.

Эзоҳ вироиш

  1. Official Website for Black Clover. Viz Media. 27 октябри 2017 санҷида шуд.
  2. Black Clover Anime Reveals October 3 Premiere, More Golden Dawn Cast Members(англ.). Anime News Network. 23 феврали 2019 санҷида шуд.