Донишномаи Бритоннико

(Тағйири масир аз Britannica)

«Донишномаи Бритонико» (лот. Encyclopædia Britannica) ё «Британнико» — донишномаест, ки нахустин бор дар соли 1768 дар Эдинбург мунташир шуд ва аз қадимитарин донишномаи инглисизабон ба шумор меравад[1].

Огоҳии 11-умин нусхаи «Бритоннико». Маҷаллаи National Geographic, майи 1913

Ин донишнома дар ҳоли ҳозир яке аз муҳимтарин ва муътабартарин манобеъ ба забони инглисӣ ба маҳсуб мешавад, ки то ба имрӯз вироишу интишори он идома ёфтааст. Бритоннико тавассути 100 виростор тамоми вақт ва беш аз 4000 мушорикаткунанда, ки худ шомили 110 нафар аз барандагони ҷоизаи Нубел ва 5 раисҷумҳур аст, ба риштаи таҳрир даромада ва дар бисёре мавридҳо, илмитарин ва академиктарин донишномаи дунё шинохта шудааст[2][3].

  1. «Encyclopedias and Dictionaries», Encyclopædia Britannica, Vol. 18 (15th edition ed.), Encyclopædia Britannica, Inc., 2007, p. 257—286
  2. Kister, KF (1994). Kister’s Best Encyclopedias: A Comparative Guide to General and Specialized Encyclopedias (2nd ed.). Phoenix, Arizona: Oryx Press. ISBN 0-89774-744-5.
  3. Sader, Marian; Lewis, Amy (1995). Encyclopedias, Atlases, and Dictionaries. New Providence, New Jersey: R. R. Bowker (A Reed Reference Publishing Company). ISBN 0-8352-3669-2.