Инқироз

(Тағйири масир аз Extinction)

Инқироз ё нобудӣ (англ. Extinction) — вазъияте дар зистшиносӣ ва бумшиносӣ аст, ки ба поёни кори як гуна гуфта мешавад. Инқирози ҳангоме падид меояд, ки вопасини узви як гуна мемераду он гуна дигар наметавонад бо зойишу тавлиди мисли табиъӣ ба зиндагии худ идома диҳад. Ин рухдод бо гузари замон мушаххас мешавад, зеро итминони дақиқ аз нобуд шудани як гуна ба пайдо нашудани он гуна дар оянда бастагӣ дорад.