FTSE 100 Index (Financial Times Stock Exchange Index, ғайририасӣ Footsie) — индекси пешрави биржаи фондии Лондон. Аз тарафи ширкати мустақили FTSE Group, ки онро ба таври муштарак рӯзномаи Financial Times ва биржаи фондии Лондон ихтиёрдорӣ менамоянд, ҳисоб карда мешавад.[1]

Аз санаи 3 январи соли 1984 аз сатҳи 1000 банд ҳисобкунӣ оғоз шудааст. Ба ифодаи рекордии 6950,6 худ санаи 30 декабри соли 1999 ноил гардид.[2]

Ҷузъҳои таркиби индекс

вироиш

Моҳи сентябри соли 2021 бахши мол ва хизматрасониҳои саноатӣ индекси бузургтарин бо вазни 11,5% буд, пас аз он бахши молиявӣ бо 11,3% ва дар ҷои сеюм бахши ҳифзи саломатӣ бо 9,9% меистоданд.[3] 10 ширкатҳои калонтарин дар сармояшавии умумии ҳамаи иштирокчиёни индекс вазни маҷмӯии 41%-ро доро буданд.

Маҳакҳои интихоб

вироиш

Ширкатҳое, ки саҳмияҳои онҳо бо ҳисоби индекси FTSE 100 ба ҳисоб гирифта мешаванд, бояд шартҳое, ки FTSE Group пеш меорад, қонеъ намоянд:[4]

  • ба феҳристи биржаи фондии Лондон шомил бошанд,
  • арзиши саҳмияҳои индекси FTSE 100 бояд бо фунтах ё евро ифода шаванд,
  • аз санҷиши тестӣ ҷиҳати мансубият ба давлати муайян гузаранд,
  • саҳмияҳо бояд дар муомилоти озод буда, пардохпазирии баланд дошта бошанд.

Индекс ҳар семоҳа, рӯзи ҷумъаи аввали моҳҳои март, юн, сентябр ва декабр, аз нав баррасӣ мегардад.[5]

  1. Financial Times Stock Exchange Group (FTSE). investopedia.com. 17 Январ 2022 санҷида шуд.
  2. Why the FTSE 100 has hit a record high. theguardian.com. 17 Январ 2022 санҷида шуд.
  3. Brokers for Trading Indices Guide. comparebrokers.co. 17 Январ 2022 санҷида шуд.
  4. FTSE Indices. corporatefinanceinstitute.com. 17 Январ 2022 санҷида шуд.
  5. MiniFutures FTSE 100. borsaitaliana.it. 17 Январ 2022 санҷида шуд.