Усули ҳисобдории пазируфтаи ҳамагонӣ (англ. Generally Accepted Accounting Principles, GAAP), ГААП — усулҳои умумии ҳисобгузории муҳосибӣ, ки дар ҳамаи кишварҳо тибқи қонунгузории миллӣ амал менамоянд.

Маъмулан, вақте ки аз меъёрҳои миллии ИМА ном мебаранд, меъёри миллии US GAAP дар назар дошта мешавад. US GAAP аз Стандартҳои байналхалқии ҳисоботи молиявӣ (IFRS) бо он фарқ мекунад, ки дар он тартиби ҳисобу китоби ин ё он ҳолати воқеӣ батафсил танзим гардидааст. Соли 2008 аз ҷониби Комиссия оид ба коғазҳои қиматдор ва биржаҳо (SEC) нақшаи пешакии гузариш ба Меъёрҳои байналхалқии ҳисоботи молиявӣ (IFRS) ва даст кашидан аз US GAAP пешниҳод шуда буд. Ба ширкатҳои хориҷӣ иҷозат дода шуд, ки ҳисоботи SEC-и худро бо меъёрҳои IFRS пешниҳод намоянд. Ширкатҳои амрикоӣ вазифадоранд, ки ҳисоботи худро тибқи US GAAP (меъёри «тилоии» ҳисоботӣ ба шумор меравад) интишор намоянд, зеро истифодаи US GAAP имкони сӯистеъмолро то ҳадди охир кам мекунад ва барои истифодабарандагони ҳисобот мувофиқ аст. Соли 2011 SEC қарор қабул намуд, ки татбиқи IFRS ба низоми ҳисоботи амрикоӣ ба таъхир гузошта шавад, ба ширкатҳои Boeing, Pepsico ва дигар ширкатҳо татбиқи ҳатмии меъёрҳои байналхалқиро то солҳои 2015-16 ба таъхир гузошт. Дар қатори мухолифони истифодаи меъёрҳои IFRS бисёр ширкатҳои амрикоӣ, аз ҷумла McDonalds, дохил мешаванд, зеро гузариш ба меъёрҳои IFRS хароҷоти зиёдро талаб мекунад. Тарафдорони татбиқи IFRS Чоргонаи бузург — ИМА, Британияи Кабир, Олмон ва Фаронса мебошанд, ки раванди ворид намудани меъёрҳои IFRS-ро маблағгузорӣ менамоянд.

Манфиати истифодабарандагони ҳисоботро ба назар гирифта, SEC аз роҳи муттаҳид намудани меъёрҳо пеш рафта, масъалаи дастгирии татбиқи IFRS-ро идома дод. Дар байни Шӯрои амрикоӣ оид ба меъёрҳои байналхалқии ҳисоби молиявӣ (FASB) ва Шӯро оид ба меъёрҳои байналхалқии ҳисобдиҳии молиявӣ (IASB) муколамаи ҷиддӣ (бо мақсади ҳамоҳанг намудани меъёрҳо) идома дорад.

Сарчашма

вироиш