IOTA - криптоасъор бо рамзи кушодаи ибтидоӣ аст. IOTA барои интиқоли маълумот ва пардохтҳо бидуни комиссия байни дастгоҳҳо дар интернет ашёӣ пешбинӣ шудааст.[6] Лоиҳа соли 2015 аз ҷониби Дэвид Сэнстебё, Сергей Иванчегло, Доминик Шинер ва Сергей Попов таъсис дода шудааст.[7][8]

Навъ рамзарз, Арзи рақамӣ, free and open-source software[d] ва distributed ledger[d]
Нахустин нусха 11 июн 2016
Охирин нусха
Иҷозатнома GNU General Public License[d]
Вебгоҳ iota.org(англ.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Маблағи ҳадди имконпазири криптоасъор - 2 779 530 283 277 761 Iota мебошад.[9] Дар низом майнинг пешбинӣ нашудааст. Дар моҳи апрели соли 2021, сармоякунии бозори IOTA 6,4 миллиард долларро ташкил дод.[10] Транзаксияҳои IOTA новобаста аз ҳаҷми онҳо ройгон мебошанд. Вақти тасдиқи амалиёт чандон зиёд нест. Шумораи амалиётҳои якбора коркардшаванда маҳдуд нест, худи низом ба осонӣ метавонад миқёс карда шавад.[11]

Моҳи ноябри соли 2017 дар асоси IOTA бозори оммавии маълумот ифтитоҳ шуд. Дар ин лоиҳа беш аз бист созмони умумиҷаҳонӣ, аз ҷумла Bosch, Microsoft, Fujitsu ва як қатор ширкатҳои дигар ширкат варзиданд.[12] Истифобадарандагони оддӣ низ метавонанд маълумоти худро фурӯшанд.

Фонди IOTA

вироиш

Дар соли 2017 сармоягузорони аввалини токенҳои IOTA аз ҳаҷми умумии токенҳо 5%-ро барои рушд ва эҷоди минбаъдаи он, ки дертар ба Фонди IOTA мубаддал шуд, хайр карданд.[13] Дар соли 2018 Фонди IOTA бо мақсади мусоидат кардан дар таҳқиқот ва лоиҳаҳо, таълим ва стандартизатсияи технологияи IOTA ҳамчун Stiftung дар Берлин ба қайд гирифта шуд.[14][15] Фонди IOTA узви садорати Ассотсиатсияи байналмилалии барномаҳои блокчейни боэътимод (INATBA) ва узви муассиси Trusted IoT Alliance ва Mobility Open Blockchain Initiative (MOBI) мебошад, баҳри мусоидат ба блокчейн ва феҳрастҳои тақсимшуда дар равишҳои танзимкунанда, низоми экологии IoT ва сафарбаркунӣ.[16][17][18] Пас аз баҳси байни муассисони IOTA Дэвид Сонстебё ва Сергей Иванчегло, Иванчегло 23 июни соли 2019 аз ҳайати Шӯрои директорон рафт. 10 декабри 2020 сол ба таври расмӣ бо Давид Сёнстебё ҷудо шуданд.[19][20][21]

  1. https://api.github.com/repos/iotaledger/iri/releases
  2. Release 1.4.2.2 — 2018.
  3. https://github.com/gohornet/hornet/releases/tag/v1.0.3
  4. https://github.com/gohornet/hornet/releases
  5. Release 2.0.1 — 2023.
  6. What Is Iota(англ.). iota.org. 26 апрели 2021 санҷида шуд.
  7. IOTA — The Winner Takes it All(англ.). satoshiwatch.com. 26 апрели 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 Декабри 2017.
  8. IOTA - Fulfilling the Promise of Blockchain(англ.). satoshiwatch.com. 26 апрели 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 апрели 2021.
  9. IOTA Coin — что за зверь(англ.). news2it.ru. 26 апрели 2021 санҷида шуд.
  10. Best Cheapest Cryptocurrency Guide(англ.). comparebrokers.co. 26 апрели 2021 санҷида шуд.
  11. IOTA. Как работает криптовалюта без блокчейна, которая за несколько недель подорожала на $6 млрд(рус.). incrussia.ru. 26 апрели 2021 санҷида шуд.
  12. Microsoft and IOTA launch first cryptocurrency market for the Internet of Things(англ.). thenextweb.com. 26 апрели 2021 санҷида шуд.
  13. A better blockchain: Bitcoin for nothing and transactions for free?. zdnet.com. 1 июли 2022 санҷида шуд.
  14. IOTA: Erste Krypto-Stiftung Deutschlands gegründe. die-stiftung.de. 1 июли 2022 санҷида шуд.
  15. What is IOTA. kucoin.com. 1 июли 2022 санҷида шуд.
  16. EU launches blockchain association to accelerate distributed ledger technology adoption. venturebeat.com. 1 июли 2022 санҷида шуд.
  17. New alliance advocates the blockchain to improve IoT security, trust. zdnet.com. 1 июли 2022 санҷида шуд.
  18. BMW, GM, Ford and Renault launch blockchain research group for automotive industry. techcrunch.com. 1 июли 2022 санҷида шуд.
  19. Hacks und Streit unter Gründern: Was ist bei IOTA los?. capital.de. 1 июли 2022 санҷида шуд.
  20. IOTA Foundation parts ways with David Sønstebø. blog.iota.org. 1 июли 2022 санҷида шуд.
  21. My departure has been greatly exaggerated. medium.com. 1 июли 2022 санҷида шуд.