ISO 639

(Тағйири масир аз ISO 639-1)
ISO 639-1 639-2
Забони англисӣ en eng
Забони русӣ ru rus
Забони фаронсавӣ fr fra
French, Middle frm
French, Old fro

ISO 639 — стандарти байналхалқии ISO буда, стандарти номҳои кӯтоҳкардашудаи забонҳо мебошад.

Аз ду номгӯ иборат аст:

  • ISO 639-1 (2002) — рамзҳои дуҳарфаи забонҳои асосӣ
  • ISO 639-2 (1998) — рамзҳои сеҳарфаи забонҳои асосӣ

ISO 639-2 ҳама забонҳое, ки дар ISO 639-1 мавҷуд аст ва инчунин рамзҳо барои вариантҳои забониро дар бар мегирад. Масалан, дар ISO 639-1 барои забони фаронсавӣ фақат як код — fr аст, дар ISO 639-2 бошад барои ин забон се код мавҷуд аст: fre/fra барои забони ҳозираи фаронсавӣ, frm барои забони асримиёнагии фаронсавӣ (French, Middle (14001800)) ва fro барои забони кӯҳнаи фаронсавӣ (French, Old (8421400)).

Барои баъзе забонҳо дар ISO 639-2 ду рамз мавҷуд аст — библиографӣ ва лексикографӣ, ки дар соҳаҳои гуногун истифода мешаванд. Шумораи ингуна забонҳо дар стандарт ба 22 адад расидааст.

Ҳарду стандарт 639-1 ва 639-2 Стандартҳои кушода мебошанд, яъне ҳамавақт дигаргун ва пурра карда мешаванд.

Стандарти RFC 3066(англ.), ки дар асоси ISO 639 тартиб дода шудааст, тавсифи рамзҳои забонҳоро дар Интернет медиҳад.

Ба ин ҷо ҳам нигаред

вироиш

Пайвандҳо

вироиш