Ибни Исфандиёр
Баҳоуддин Муҳаммад ибни Ҳасан ибни Исфандиёр (форсӣ: بهاءالدین محمد بن حسن بن اسفندیار; Омул, Бовандиён — Давлати Хоразмшоҳиён) маъруф ба Ибни Исфандиёр (форсӣ: ابن اسفندیار) — таърихнигор, дабир ва донишманди форс-тоҷики замони Салҷуқиён.
моз. بهاءالدین محمد بن حسن بن اسفندیار | |
Зодгоҳ | |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар |
Зиндагинома
вироишДар аҳди ҳукмронии Ҳусомуддавла Ардашери I (1172—1206) ва писараш Насируддавла Рустами V (1205—1210) чанд муддат ходими дарбори Бовандиён буд. Соли 1210 ба Бағдод сафар карда, боқимондаи умрашро дар Рай, Мозандарон ва Хоразм гузаронд.
Ибни Исфандиёр аз соли 1206 ба навиштани асараш «Таърихи Табаристон» машғул шуда, онро солҳои 1216—1217 анҷом додааст. «Таърихи Табаристон»-и Ибни Исфандиёр қадимтарин асар дар бораи таъриху фарҳанги Табаристон буда, аз чор қисм иборат аст. Бахшҳои аввали китоб мазмуни асотирӣ дошта, баъзе маълумоти он оид ба омӯзиши таъриху ҷуғрофиёи асримиёнагии Табаристон, зиндагиномаи ходимони дарбор ва шоирони маҳаллӣ арзишманд аст. Қисми охири асар, ки ба таърихи давлатдории Бувайҳиён, Зиёриён ва ибтидои ҳукумати Бовандиён бахшида шуда буд, аз миён рафтааст. Ибни Исфандиёр ҳамчунин «Таърихи Говборгони Табаристон»-и Абулҳасан ибни Муҳаммади Яздодӣ ва тарҷумаи арабии «Номаи Тансар»-ро ба форсӣ тарҷума карда, дар асараш «Таърихи Табаристон» ҷой дод. Тавассути ин асар «Номаи Тансар» ба забони форсӣ то имрӯз расидааст (асли паҳлавӣ ва тарҷумаи арабии Ибни Муқаффаъ дастрас нестанд). Муқаддимаи «Таърихи Табаристон»-и Ибни Исфандиёр, яъне «Номаи Тансар» ба забонҳои фаронсавӣ ва англисӣ тарҷума шудааст. Мухтасари «Таърихи Табаристон» тавассути Э. Браун ба англисӣ тарҷума (1905) ва матни форсии он дар Теҳрон бо таълиқоти А. И. Оштиёнӣ чоп шудааст (1942).
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Ибни Исфандиёр // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Ebn Esfandīār, Bahāʾ-al-Dīn Moḥammad / Melville C. // Encyclopædia Iranica [Электронный ресурс] : [англ.] / ed. by E. Yarshater. — 1997. — Vol. VIII, Fasc. 7. — P. 20—23.
- "Encyclopaedia of Islam (12 vols.)" (2nd ed.). Leiden: E. J. Brill. 1960–2005. https://referenceworks.brillonline.com/search?s.q=&s.f.s2_parent=s.f.book.encyclopaedia-of-islam-2&search-go=Search.
- Ibn Isfandiyār / Ghereghlou K. // Encyclopaedia of Islam. THREE : [англ.]. — Leiden : Koninklijke Brill, 2021. — ISSN 1873-9849.