Нупедия

(Тағйири масир аз Nupedia)

Нупедия (англ. Nupedia) — лоиҳаи донишнома ба забони англисӣ, мақолаҳое, ки коршиносон навиштаанд ва озод дар Интернет паҳн карда мешавад.

Нупедия
URL wikipedia.org
Навъи вебгоҳ донишнома
Забон(-ҳо) англисӣ, олмонӣ, испанӣ, фаронсавӣ, итолиёӣ
Молик Bomis
Бунёнгузор Ларри Сенгер ва Ҷимбо Вейлс
Оғози кор 9 марти соли 2000
Фурӯпошӣ 26 сентябр 2003
Шиъор the open content encyclopedia ва the free encyclopedia
 Парвандаҳо дар Викианбор

Таъсис

вироиш

Аз тарафи Ларри Сэнгер — сармуҳаррир ва ташкилкунандаи лоиҳа ва Ҷими Вэйлс — онгоҳ директори иҷроияи ширкати Bomis, маблағгузори лоиҳа таъси ёфтааст. Нупедия аз 9 марти соли 2000-ум то сентябри соли 2003 вуҷуд дошт ва пеш аз ҳама ҳамчун "бобо"-и Википедиа маълум аст.

Нупедия вики-вебгоҳ нест. Дар асоси он гузоштани раванди баррасии ҳамаҷонибаи мақолаҳо, бо мақсади ноил шудани сифати муқоисашаванда ба донишномаҳои ҳирфаӣ буд. Муаллифон олимон, ширкатдорони лоиҳа дар асоси ихтиёр буданд. Пеш аз бастан дар Нупедия 25[1] мақолаи тайёр ва 74 мақола бештар, дар раванди такмил ва баррасӣ буданд.

Дар моҳи июни соли 2008 CNET Networks Нупедияро яке аз бузургтарин сомонаҳои ҳоло кор намекардагӣ дар таърих унвон кард[2].

Нигаред низ

вироиш

Пайвандҳо

вироиш