P-n-гузариш
Гузариши электронию ҷавфӣ, p-n-гузариш — соҳаи расиши ду нимноқили навъи ноқилияташон гуногун.
Дар нимноқили навъи n ҳомили асосии барқа (заряд)-и озод электронҳо мебошанд ва зичии онҳо аз зичии ҷавфҳо бузургтар аст (nn˃˃ np). Дар нимноқили навъи p ҳомилони асосӣ ҷавф (сӯрох)-ҳо мебошанд (np˃˃ nn). Дар ҳолати ба ҳам расидани ду навъи нимноқил (ҳам n ва ҳам p) раванди диффузия ба вуҷуд меояд: ҷавфҳо аз соҳаи p ба соҳаи n, электронҳо аз соҳаи n ба соҳаи p мегузаранд. Дар натиҷа дар соҳаи n назди минтақаи расиш миқдори электронҳо кам шуда, қабати мусбат барқанок (заряднок), дар соҳаи p миқдори ҷавфҳо кам шуда, қабати манфӣ барқанок ба вуҷуд меояд. Яъне, байни сарҳадди нимноқилҳо фарқи потенсиалҳои расишӣ ҳосил мешавад. Ин фарқи потенсиалҳо дар ҳудуди расиш қабати тунуки бараш якчанд микрометрӣ (қабати мамнӯъ) — тақрибан 10-6 м ҳосил мекунанд.
Дар ин қабат майдони электрии дохилии шадидияташ Ek вусъат меёбад ва ба диффузияи ояндаи электронҳову ҷавфҳо монеъ мешавад. Хусусияти муҳимми гузариши электронию ҷавфӣ ноқилияти яктарафа доштан аст: агар ба ноқили р-навъ қутби мусбати манбаи берунӣ ва ба нимноқили n-навъ қутби манфии он васл карда шавад, майдони берунӣ майдони қабати мамнӯъ Ek-ро суст карда, амалан барҳам медиҳад. Дар натиҷа аз р-n-гузариш ҷараёни қуввааш зиёд ҷорӣ мешавад. Баръакс, дар мавриди ба нимноқили р-навъ пайваст кардани қутби манфӣ ва ба нимноқили n-навъ пайвастани қутби мусбати манбаи берунӣ шадидияти майдони берунӣ ба Ek ҳамсамт мешавад, аз р-n-гузариш амалан ҷараён ҷорӣ намегардад. Ин хусусияти гузариши электронию ҷавфӣ дар бисёр асбобҳои нимноқилӣ, хусусан диодҳо, транзисторҳо васеъ истифода мегардад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гузариши электронию ҷавфӣ / Ҳ. Саъдуллоев // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.