S&P 500
S&P 500 (русӣ: Эс энд Пи 500) — (индекси фондӣ), шакли ихтисоршудаи Standard and Poor's 500, дар ИМА, нишондиҳанда (индекс)-и бозори саҳҳомиро ифода мекунад, ки аз саҳмияҳои 500 ширкатҳои маҳаллӣ иборат аст.[1] Бисёре аз сармоягузорон инро беҳтарин нишондиҳандаи бозори саҳҳомии Амрико мешуморанд. Нишондиҳанда 500 ширкатҳои пешбарро дарбар мегирад ва тақрибан 80% сармоягузории дастраси бозориро дарбар мегирад. Дар амал, бисёре аз 500 ширкатҳои листингӣ танҳо таъсири маҳдуд ба ҷараёни инкишофи нишондиҳанда доранду халос. Даҳ фондҳои калонтарини саҳҳомӣ дар S&P 500 дар охири моҳи июни соли 2021 вазни умумии тақрибан 26,6%-ро дар нишондиҳанда доштанд.[2]
Нишондиҳандаи S&P 500 дар соли 1957 ташкил шуда, бо истифода аз арзиши миёнавазни саҳмияҳои асосӣ ҳисоб карда мешавад, аз ин рӯ саҳмияҳо бо рейтинги бозории нисбатан баландтар, ба арзиши умумии нишондиҳанда таъсири бештар доранд. Аз соли 2005 инҷониб, нишондиҳанда шумораи саҳмияҳои дар муомила озодро ба ҳисоб мегирад.[3]
Меъёри асосии интихоби ширкатҳо сармоягузорӣ дар бозор мебошад, аммо пардохтпазирии саҳмияҳо, суръати афзоиш, намуди фаъолияти ширкат ба назар гирифта мешавад.[4][5] Сазмияҳои сектори молиявӣ, секторҳои технологияҳои иттилоотӣ ва энергетикӣ қариб нимаи арзиши нишондиҳандаро ташкил медиҳанд. Агар ширкат дигар ба талаботи дар боло номбаршуда ҷавобгӯ набошад, ин боиси хориҷкунии фаврӣ намешавад. Сабаби асосии хориҷ шудан аз нишондиҳанда фурӯш ё ҳамроҳшавӣ мебошад.[6]
Аз аввали соли 2003 инҷониб нишондиҳандаи S&P 500 EWI вуҷуд дорад, ки дар он ҳамаи 500 иштирокчӣ вазни баробари 0,2% доранд. Нишондиҳанда дар семоҳа тасҳеҳ карда мешавад.[7]
Эзоҳ
вироиш- ↑ S&P 500. britannica.com. 19 июли 2021 санҷида шуд.
- ↑ Top 10 S&P 500 Stocks by Index Weight. investopedia.com. 19 июли 2021 санҷида шуд.
- ↑ Key dates and milestones in the S&P 500's history. reuters.com. 19 июли 2021 санҷида шуд.
- ↑ How to invest S&P 500 Guide 2021. comparebrokers.co. 19 июли 2021 санҷида шуд.
- ↑ Towards the Declassification of S&P 500 Boards. papers.ssrn.com. 19 июли 2021 санҷида шуд.
- ↑ S&P 500 Changes. sandp500changes.whw1.com. 19 июли 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 октябри 2018.
- ↑ S&P; 500 Equal Weight Index. us.spindices.com. 19 июли 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 августи 2015.