Велосипед

(Тағйири масир аз Velocipede)

Велосипе́д (фр. vélocipède, аз лот. vēlōx «зуд, сареъ» ва pes «по»[1]), чархпо — василаи нақлияи заминӣ бо нерӯи инсонӣ бо як ё чанд чарх, ки роиҷтарин навъи он дучарха аст.

Гунаҳои мухталифи велосипед аз Донишномаи Олмон дар соли 1887.
Велосипед, 1880
Велосипеди амрикоӣ, 1868.
Велосипеди аврупоии «устухонсоз», тақрибан 1868.

Истилоҳи «велосипед» имрӯза умдатан ба унвони як истилоҳи умумӣ барои пешгомони мухталиф такчарх, якчарха, дучарха, сечарха ва чаҳорчарха, ки байни солҳои 1817 ва 1880 тавсеъа ёфтааст, истифода мешавад.

Дар соли 1817 Карл Дрез олмонӣ, василаи нақлиае сохт, ки ду чарх дошт. Ин васила педал надошт, дучархасавор бояд бо по задан ба замин дучархаро пеш мебурд ва баъд аз онки дучарха ба суръати матлуб расид, пойи худро аз замин бармедошт ва масофатеро тай мекард ва сипас ин фроянд такрор мешуд. Ин васила дар олмонӣ Laufmaschine ном гирифт ба маънои мошине, ки бо давидан ҳаракат мекунад. Дучарха бепедал басуръат дар Аврупо ривоҷ ёфт ва дар ингилисӣ velocipede ном гирифт, ки аз таркиб ду вожа velox яъне сареъ ва pede яъне по сохта шуда буд. Вожа bicycle чандин сол баъд дар ингилисӣ мутадовил шуд.

Томас Макколл соли 1869 дар велосипеди худ

Бештар велосипедҳои дучарха маъмуланд, вале онҳо якчарха ва бисёрчарха низ мешаванд. Ихтироъкорони кишварҳои гуногун, аз ҷумла Г. Гантшел (Олмон, 1649), Р. Ла Рошелли (Фаронса, 1693), Л. Шамшуренков (Руссия, 1752), Овенден (Англия, 1761) ва дигарон тимсоли (прототипи) велосипед -ароба — велосипеди чорчарха сохта буданд. Тибқи баъзе маълумот, велосипеди дучархаи рулу занҷирдорро гӯё дар асри 15 ихтироъкор ва рассоми итолиёӣ Леонардо да Винчи сохтааст (расми онро соли 1974 ҳангоми таъмири дастнависи Леонардо да Винчи «Кодекси атлантӣ» таърихнигори итолиёӣ Августо Маринони ёфтааст). Вале баъдтар мунаққидони бешумори ин ақида изҳор карданд, ки расми ин асбобро на Леонардо да Винчи, балки шогирдаш Ҷакомо Капротти кашидааст. Баъдтар худи Маринониро ба он айбдор намуданд, ки солҳои 1967-74 расми велосипедро худаш кашида, ба дастнависҳои Леонардо да Винчи ҳамроҳ кардааст. Дар сохтакорӣ таърихдонҳои шӯравӣ низ, ки сохтани велосипеди дучархаи зину педалдорро ба деҳқони одӣ Е. Артамонов мансуб дониста буданд, айбдор дониста мешаванд. Мувофиқи баъзе маълумот соли 1801 Е. Артамонов бо аробаи худ аз ш. Перм то Петербург сафар кардааст. Вале таҳқиқи баъдии филиззе, ки аз он велосипеди Артамонов сохта шуда (то ҳол дар Осорхонаи таърихии кишваршиносии Нижний Тагил маҳфуз аст), нишон дод, ки он соли 1870 истеҳсол гардидааст. Соли 1817 Карл фон Дрез (Олмон) велосипеди дучархаи чӯбини рулдор сохт, ки педал надошта, бо теладиҳии як пой ҳаракат мекард ва «мошин барои давидан» (Laufmaschine) ном дошт. Воситаи нақлиёти Дрез дар Англия ва Фаронса бо номи «дрезина» (ба шарафи ихтироъкораш) шуҳрат пайдо кард. Бори аввал дрезинаро ихтироъкори фаронсавӣ Ж. Н. Нйепс «велосипед» номидааст. Соли 1840 оҳангари шотландӣ К. Макмиллан ба велосипеди Дрез педал ва зин ҳамроҳ кард. Солҳои 50 асри 19 механики олмонӣ Ф. Фишер барои чархи пеши он педал ва шатун сохт. Дертар Пйер Лалмон (Англия) андозаи педалҳоро калон кард, то велосипед босуръаттар бошад. Муҳандиси фаронсавӣ Пйер Мишо барои сохтани чавкот (рама)-и велосипед филиззро истифода бурд. Минбаъд ихтироъкорон барои велосипед чархҳои оҳании паррадор ё симдор (Каупер, 1867), занҷири ҳаракат (Лоусен, 1878), шинаи каучукӣ (Ҷон Бойд Данлоп, 1888), тормозҳои педалӣ ва механизми ҳаракати озод ихтироъ карданд. Дар аввали асри 20 механизмҳои тағйири суръати ҳаракат пайдо шуданд. Вале онҳо номукаммал буда, барои тағйири суръат велосипедро аз ҳаракат боздоштан зарур буд. Калиде, ки ҳоло суръати велосипедро бевосита дар вақти ҳаракат тағйир медиҳад, соли 1950 аз тарафи велосипедрони итолиёӣ ва истеҳсолкунандаи велосипедҳо Туллио Кампанйоло ихтироъ гардидааст. Велосипедҳо аз рӯйи таъйиноташон муқаррарӣ (мардона, занона, кӯдакона), варзишӣ, махсус (боркаш, сиркӣ, ядакдор, кӯҳӣ, обӣ, ҳарбӣ, дукаса ва ғ.), бо қувваи даст ҳаракаткунанда (барои маъюбон), муҳаррикдор (мопедҳо) мешаванд. Суръати велосипедҳои муқаррарӣ ба 10-30 км/соат, муҳаррикдор ба 30-50 км/соат, варзишӣ ба 100 км/соат мерасад. Аз давраи ихтироъ шудани велосипед ихтироъкорон кӯшиш доранд, ки ҳудуди суръати намудҳои мухталифи велосипедро муайян намоянд. Аз ҷумла, соли 1995 Фред Ромпелберг (Ҳолландия) дар дашти шӯрзамини Бонневил (иёлати Юта, ИМА) суръати велосипедро ба 268,83 км/соат расонидааст. Истеҳсоли саноатии велосипеди «Ровер»-ро соли 1885 ихтироъкори англис Ҷон Старли ба роҳ мондааст, ки дорои занҷири ҳаракат, чархҳои калонандоза, чавкоти секунҷашакл буда, ронанда дар байни чархҳо менишаст. Ин сохти велосипед то ҳол истифода мешавад. Велосипед ҳамчун нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ безарар хеле маъмул аст. Истеҳсоли он низ хеле зиёд буда, дар тамоми гӯшаву канори дунё ҳазорҳо ширкат, аз ҷумла Мерида, Кона, Кросс, Бианки, Каннондале ва ғ. мавҷуданд, ки миллионҳо велосипед истеҳсол мекунанд. Имрӯз дар ҷаҳон тамғаву навъҳои гуногуни велосипед истеҳсол мешаванд.

  1. Oxford Dictionary of English, 'velocipede'

Адабиёт

вироиш


Пайвандҳо

вироиш