Аворифу-л-маориф

(Тағйири масир аз «Авориф-ул-маориф»)

«Аворифу-л-маориф» (ар. عوارف المعارف‎) — асари Абулҳафси Суҳравардӣ дар бораи тасаввуф, ки аз 63 боб иборат буда, ба забони арабӣ таълиф шудааст.

Аворифу-л-маориф
Нависанда Абулҳафси Суҳравардӣ
Забони навиштаҷот ё осор/асар арабӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Масъалаи асосии «Аворифу-л-маориф» ҳақиқати одобу орои суфия буда, дар он муаллиф таълимоти асосии тасаввуфро ҷамъбаст намудааст.

Дар оғози асар Абулҳафси Суҳравардӣ манбаъҳои тасаввуф, бартарии маърифати ботиниро нисбат ба дигар намудҳои дониш баён карда, дар бобҳои 1 — 9 моҳияти тасфияи қалбӣ, маънои хирқа пӯшидан, дасти иродат гирифтан ва мақоми работу хонақоҳро дар ҷараёни сайру сулук таҳқиқ кардааст. Бобҳои 10 — 18 ба сафари солик, одоби суфия, тафовути байни мақомоту аҳвол оид буда, дар бобҳои минбаъда муаллиф роҷеъ ба масъалаҳои рақсу самоъ, касрату ваҳдат, ахлоқи суфия, мукошафа ва муоина дар тасаввуф ва истилоҳоти асосии тасаввуф баҳс мекунад. Аз ҷиҳати мавзӯъ ба «Рисолаи қушайрия» монанд аст. Яке аз хусусиятҳои асосии «Аворифу-л-маориф» дар он зоҳир мешавад, ки муаллиф кӯшидааст фарқи байни тасаввуф, аҳли суннат ва суфитарошонро нишон диҳад ва одобу ахлоқи суфияро, ки зимни қарнҳо ташаккул ёфтаанд, баён намояд. Баробари дастраси умум шудани «Аворифу-л-маориф» он ба форсӣ тарҷума шуд ва суфиён ба он шарҳу талхис ва таълиқи бисёре навиштанд. Қадимтарин тарҷумаи форсии он (1256) ба қалами шогирди Абулҳафси Суҳравардӣ — Исмоил ибни Абдулмӯъмин тааллуқ дорад. Баъди ӯ низ «Аворифу-л-маориф» ба форсӣ борҳо тарҷума шудааст. Шарҳи форсиашро Фазлуллоҳи Абдурраҳмон анҷом додааст. Дар пайравии ин асар Маҳмуди Кошонӣ (вафот 1334) «Мисбоҳу-л-ҳидоя»-ро навишт. Аммоди Кирмонӣ «Аворифу-л-маориф»-ро бо унвони «Тариқатнома» ба риштаи назм кашид. Қисме аз «Аворифу-л-маориф»-ро тарҷумоне бо номи Кларс ба забони англисӣ тарҷума кардааст.

Адабиёт

вироиш