Қурбонов Алибой (тав. 1 феврали 1949, деҳаи Зарбед, ноҳияи Конибодом, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон) — риёзидон, тарҷумон, қомуснигор ва донишноманависи тоҷик. Аълочии матбуоти СССР (1988) ва Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999), Корманди шоистаи Тоҷикистон (2011). Сармуҳаррири СИ ЭМТ (19962012).

Алибой Қурбонов
Таърихи таваллуд 1 феврал 1949(1949-02-01) (75 сол)
Зодгоҳ деҳаи Зарбед, ноҳияи Конибодом, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон
Фазои илмӣ риёзиёт
Алма-матер УДТ ба номи В. И. Ленин (1971)
Ҷоизаҳо
медали «Хидмати шоиста» (2003)
Грамотаи фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон (1988)

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи факултети механика ва математикаи УДТ ба номи В. И. Ленин (1971, ҳоло ДМТ). Хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи СССР (1971—1973), муҳаррири хурд, муҳаррир (1973), муҳаррири илмӣ (1974—1976), муҳаррири калони илмӣ (1976-80), мудири (1980—1986) редаксияи Физика, математика ва техника, ҷонишини сармуҳаррир-котиби масъули СИЭСТ (1987—1996), сармуҳаррири СИЭМТ (1996—2012). Солҳои 1974—1999 ҳамзамон дотсенти ДДМТ (ҳоло ДМТ) ва Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Кумитаи андози назди Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон) буд. Аз соли 2012 дар нафақа.

Донишноманависӣ

вироиш

Собиқаи 40 солаи донишноманигорӣ дошта, дар таҳия, тадвин ва нашри «Энциклопедияи советии тоҷик» (8 ҷилд), «Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр» (1987), «Энциклопедияи мухтасари рӯзгордорӣ» (1988), «Энциклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон» (2 ҷилд), 2 ҷилди нашрияи махсуси энсиклопедии «Тоҷикистон» (ба забони русӣ), «Қонуни тиб»-и Абӯалӣ ибни Сино, «Энсиклопедияи насри форсу тоҷик», «Ёддоштҳо»-и С. Айнӣ, энсиклопедияҳои «Кӯлоб», «Хуҷанд», «Душанбе», ҷилди 1 «Энсиклопедияи миллии тоҷик» саҳми арзанда гузоштааст. Тарҷумаи беш аз 300 мақолаи марбут ба физика, математика ва техника дар 8 ҷилди «Энциклопедияи советии тоҷик» ба ӯ мансубанд. Муаллифи беш аз 120 мақолаи нашрияҳои «Энциклопедияи советии тоҷик», «Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик» ва ҷилди аввали «Энсиклопедияи миллии тоҷик».

Таҳти роҳбарии Алибой Қурбонов дар СИЭМТ беш аз 60 китоби илмиву дарсӣ ва луғату фарҳангҳо («Очерки истории и теории культура таджикского народа», 2001; «Мунтахабу-л-луғот», 2004; «Русско-Шугнанский словарь», 2005; «Ганҷинаи фолклори тоҷик», 2008; «Спитамен», 2011 ва ғайра) таҳия гардида, ба табъ расидаанд.

Ҷоизаву медалҳо

вироиш

Алибой Қурбонов бо Грамотаи фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон (1988) ва медали «Хидмати шоиста» (2003) сарфароз гардидааст.

Сарчашма

вироиш
  • Конибодом (энсиклопедия). — Хуҷанд, 2006. — С. 231—232. — 566 с.