Душанбегӣ
(Тағйири масир аз «Душанбегӣ»)
«Душанбегӣ» - ин маросим дар рӯзи душанбе дар хонаи марҳум гузаронида мешавад. Дар баъзе минтақаҳо нисфирӯзӣ ва дар баъзе ҷойҳо бегоҳ аз 5 то 10 нафар хешу табор ва ҳамсояҳои наздикро даъват намуда, зиёфат медиҳанд. Ин анъана то маъракаи «чил» давом мекунад. Маросим дар вилояти Суғд, вилояти Хатлон, водии Ҳисор фаъол аст.[1][2]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ./ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ - Душанбе: "Ирфон", 2014, - С. 61
- ↑ ПИТФИ Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ (пайванди дастнорас)