Вилояти Хатлон

вилояте дар ҷануби Тоҷикистон

Вилояти Хатлон (форсӣ: ﻭﻻﯾﺖ ﺧﺘﻼﻥ ‎) — вилоятест дар ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вилояти Хатлон
37°50′ с. ш. 69°00′ в. д.HGЯO
Кишвар  Тоҷикистон
Маркази маъмурӣ Бохтар
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 8 сентябр 1988
Масоҳат
  • 24 600 км²
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 3 444 000 нафар (2022)(1-ум ҷой)
Шиносаҳои ададӣ
Рамзи ISO 3166-2 TJ-KT
Шохисии FIPS TI02
Коди телефон 3222
Нишонаи почта 735140
Коди мошинҳо 03РТ
Вилояти Хатлон дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Марказаш шаҳри Бохтар аст, ки 100 км ҷанубтар аз шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, дар каронаи рӯди Вахш ҷой гирифта аст.

Вилояти Хатлон расман дар 2 декабри соли 1992 бар асоси Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда аст.

Ҷойгоҳ

вироиш

Вилояти Хатлон бо сарзамине 24 600 км² дар водии Вахш ҷойгир аст ва 17,2 дарсад аз сарзамини Тоҷикистонро дар бар мегирад. Ин вилоят дар шимол бо ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар шарқ бо вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар ҷануб бо Афғонистон ва дар ғарб бо Ӯзбекистон ҳаммарз аст.

Мардум

вироиш

Бино бар саршумори соли 2016, шумораи аҳолии вилояти Хатлон 3 047800 кас буда, ки 35,6 дарсад аз аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Аз ин шумор 547,5 ҳазор нафар (18 дарсад аз шумораи умумии аҳолии вилоят) шаҳрӣ ва 2500,3 ҳазор нафар (82,0 дарсад) рустоӣ будаанд. Миёнгини зичии аҳолӣ дар вилоят 123,9 кас бар км² аст.[2] Мардуми Хатлон ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ сухан мегӯянд.

Сол 2015 2016 2017 2018 2019 2020 2021 2022
Аҳолӣ,
млн наф.
2.971,5 3.047,8 3.124,4 3.198,5 3.274,9 3.348,3 3.459,7 3.530

Таърих

вироиш

Пажӯҳиш дар китобҳо ва манобеъи мавҷуд ин натиҷаро медиҳад ки Хатлонро дар садаҳои миёна Хутталон (форсӣ: خـُتـَلان‎) ё Хуттал (форсӣ: خـُتَّـَل‎) меномиданд ва он вилояте буд ки миёни рӯдҳои Панҷ ва Вахш ҷой дошт.

Истахрӣ дар «Масолик вал-мамолик» Хутталро аз навоҳии Балх дониста ва шаҳрҳои онро чунин ном мебарад: Ҳаловард, Ловаканд, Корбанк, Тамлиёт ва Ҳулбук. Вай ин шаҳрҳоро дар шумори Мовароуннаҳр меоварад ва мегӯяд ки «аз Хуттал сутур нек хезад» ва «Хуттал бар канори рӯди Ҷарёб аст» ва «замини Хуттал ободон аст бо кишоварзӣ ва меваи бисёр ва дар миёни Хатлон пуле бар рӯи об сохтаанд, ки сарҳадди Вишгирд аст, ки аз онҷо ба ҳудуди Балх меравад то ба Тирмиз бирасад ва ин рӯд Вахшоб аст, ки аз Туркистон берун ояд ва ба замини Вахш расад ва ин пул дар наздикии кӯҳе дар байни Хатлон баста шудааст».

Бино бар навиштаи «Ҳудуд ул-олам», «Хутталон (форсӣ: خـُتـَلان‎) ноҳиятест ба ҳудуди Мовароуннаҳр андар миёни кӯҳҳои бузург ва ободон ва бисёркишту бисёрмардум ва неъматҳои фарох ва подшоҳи вай аз мулуки атроф аст ва мардуми ин ноҳият мардумоне ҷангианд ва андар ҳудуди вай аз сӯи Туббат мардумонеанд ваҳшӣ. Андар биёбонҳо ва андар кӯҳҳои вай маъдани сим аст ва зар ва аз ин ноҳият аспони нек хезад бисёр».

Номи ин вилоятро Хатлон (форсӣ: خـَتلان‎), Хуталон (форсӣ: خـُتـَلان‎) ва ал-Хуттал (форсӣ: الختًل‎) низ овардаанд. Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» овардааст:

Зи Хатлон в-аз Тирмизу Висагирд,
Зи ҳар сӯ сипоҳ андар овард гирд.

Дар роҳномаҳо ва роҳнамоҳои асрҳои миёна Хуттал ё Хатлон аз иқлими чаҳорум, тӯлаш аз ҷазоири Холидот «фо» (81 дараҷа) ва арзи он аз хатти устуво «к» (20 дараҷа) зикр шудааст. Ҳамдуллоҳ Муставфӣ дар «Неҳзат ал-қулуб» мегӯяд ки Хуттал «шаҳре бузург буда ва акнун (дар рӯзгори Муставфӣ) хароб аст. Ҳосилаш ғалла ва пунба ва ангур аст».

Абулфидоъ дар «Тақвим ул-булдон» Хутталро номи иқлиме аз иқлимҳои Хуросон дар ин сӯи Ҷайҳун медонад ва кӯраи Хутталро ба билоди Мовароуннаҳр мепайвандад ва дар тавсифи он мегӯяд: «... 'ҳамаи шаҳрҳои Хутталро обу дарахт бошад ва дар сарзаминест бас хуррам ва ботароват ва ҳамаи он сарзамин ҷуз андаке дар ҳамворӣ бошад. Миёни рӯди Вахшоб ва рӯди Бадахшон аст ва рӯди Хуталро Харвоб ё Ҷарёб гӯянд. Дар Хуттал рӯдҳои бисёр аст, ки чун гирд оянд оғози Ҷайҳун шаванд».

Муқаддасӣ дар «Аҳсан ат-тақосим фӣ маърифат ул-ақолим» Хутталро «хӯрае бузург бо шаҳрҳои бисёр» муаррифӣ мекунад ва мегӯяд ки «Хутал аз Чағониён муҳимтар ва густурдатар ва дорои шаҳрҳои бештару пурбаракаттар аст» ва қасабаи Хутталро ба номи Ҳулбук мехонад.

Ёқути Ҳамавӣ ки ин сарзаминро як – ду сол пеш аз ҳамлаи муғул ба чашми сар дида аст, дар «Муъҷам ул-булдон» Хутталро аз минтақаи Мовароуннаҳр медонад ва аз мансубон бад-он Наср ибни Муҳаммад ал-Хатлиро муаррифӣ мекунад ки фақиҳи ҳанафӣ ва шореҳи китоби «ал-Қудури алӣ мазҳаб Аби-Ҳанифа» будааст.

Амирони Хуттал, ки Хутталоншоҳ ва ё Шери Хатлон хонда мешуданд, аслу насаби хешро ба Баҳроми Гӯр (Панҷум Баҳром (Вараҳрон) аз подшоҳони Сосониён, 420438 м.) мерасонданд. Хироҷи Хутталро дар замони хилофати Аббосиён 193 - 300 дирҳам зикр кардаанд.

Шаҳрҳои Хуттал ҳама дорои ҷӯйҳо ва дарахтон будаанд ва дар замини ҳамвор қарор доштанд, ҷуз аз шаҳр Сикандара ки дар кӯҳҳо қарор дошт. Роҳи Хуталро ибни Ҳавқал дар «Сурат ул-арз» чунин баён мекунад: «... роҳи Хутал ба сӯи Чағониён бад-ин шарҳ аст: аз маъбари Бадахшон воқеъ бар рӯди Харвоб то Мунк шаш манзил ва аз онҷо то Пули Сангӣ ду манзил ва то шаҳри Леваканд ду манзил ва то Ҳаловард як манзил...».

Бахшбандӣ

вироиш

Бино бар Қонуни тақсимоти кишварии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон 4 шаҳр, 24 ноҳия ва 133 ҷамоат дорад[3]:

Номи воҳиди идорӣ Аҳолӣ
(01.01.2022)
ҳазор кас
Паҳноварӣ
ҳазор км²
Зичии
аҳолӣ
кас/км²
шаҳри Бохтар 105,4
шаҳри Кӯлоб 126,7
шаҳри Норак 28,8
шаҳри Левакант 18,7
Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 183,9 0,6 306,5
Ноҳияи Балҷувон 32,7 1,3 25,2
Ноҳияи Кӯшониён 260,5 0,6 434,2
Ноҳияи Вахш 213 1,0 213
Ноҳияи Восеъ 228,2 0,8 285,3
Ноҳияи Данғара 171,9 2,0 86
Ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ 210,5 0,9 233,9
Ноҳияи Дӯстӣ 122,0 1,2 101,7
Ноҳияи Қубодиён 195,1 1,9 108,4
Ноҳияи Кӯлоб * 222,1 0,3 740,3
Ноҳияи Ҷайҳун 145,6 1,0 145,6
Ноҳияи Ҳамадонӣ 154,3 0,5 308,6
Ноҳияи Муъминобод 99,3 0,9 110,3
Ноҳияи Носири Хусрав 45,1 0,8 56,4
Ноҳияи Норак * 64,9 0,4 162,2
Ноҳияи Панҷ 124,1 0,9 137,8
Ноҳияи Левакант * 49,7 0,1 497
Ноҳияи Темурмалик 75,3 1,0 75,3
Ноҳияи Фархор 179,1 1,2 149,3
Ноҳияи Ховалинг 58,3 1,7 34,3
Ноҳияи Хуросон 126,3 0,9 140,3
Ноҳияи Шаҳритус 135,7 1,5 90,5
Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 57,7 2,3 25,1
Ноҳияи Ёвон 248,1 1,0 275,7
Ҳамагӣ 3530,0 24,7 142,9
* ҳамроҳ бо шаҳрҳои тобеи вилоят[4].

Иқтисодиёт

вироиш

Вилояти Хатлон 334 корхонаи санъатӣ дорад, ки 29,8 дарсад аз ҳаҷми умумии тавлидоти санъатии Тоҷикистонро тавлид мекунанд. Дар соли 2009 дар вилоят 15196 млн. квт/соат нируи барқ, 27,9 ҳазор трансфарматори ниру, 59,2 ҳазор тонна нахи пахта, 774,0 ҳазор тонна ғалла, 197,0 ҳазор тонна качолу, 197,9 ҳазор тонна пахта, 461,9 ҳазор тонна сабзиҷот, 360,5 ҳазор тонна полезиҷот тавлид шуда буд.

Саршумори чорводорони вилоят дар охири соли 2009 756,4 ҳазор сар, аз он ҷумла модагов 394,7 ҳазор сар, гӯсфанду буз 1720,6 ҳазор сар, асп 54,7 ҳазор сарро будааст.

Барои рушди иқтисодиёти вилояти Хатлон дар соли 2009 маблағи 1020987,9 ҳазор сомонӣ сармоягузорӣ шудааст.

Омӯзишу парвариш

вироиш

Вилояти Хатлон 103 кӯдакистон, 1 303 мактаби рӯзонаи таҳсилоти умумӣ, 11 мактаби миёнаи касбӣ ва 5 донишгоҳ дорад, ки 10,3 ҳазор кӯдак, 643,6 ҳазор донишомӯз, 8,5 ҳазор ҳунаромӯз ва 23,6 ҳазор донишҷӯро омӯзишу парвариш медиҳанд.

Ниҳодҳои фарҳангӣ

вироиш

Вилояти Хатлон 496 китобхонаи ҳамагонӣ бо 3,0 млн. нусха китобу маҷалла, 312 фарҳангсаро, 18 синамокада, 2 намоишсаро (театр) ва 15 осорхона дорад.

Воситаҳои ахбори умум

вироиш

Нашрияҳои даврии вилоят:

барои хонандагон интишор мешаванд.

Беҳдошту беҳзистӣ

вироиш

Вилоят 144 дармонгоҳу бемористон дорад, ки 2,8 ҳазор пизишк ва 7,6 ҳазор дармонгарро дар бар мегиранд.

Ҷойҳои саёҳат

вироиш

Нигаред

вироиш
 
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: