Шӯҳрати Ашт
«Шӯҳрати Ашт» - нашрияи мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт.
- Сармуҳаррир - Юнусалӣ Сиддиқов.
- Теъдоди нашр ~ 1590 нусха
- Суроға: 735790, ноҳияи Ашт, шаҳри Шайдон, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 91. Телефон: (+99283453) 2-21-20.
Таърих
вироиш6 сентябри с. 1932 Бюрои КМ ҲК(б) Тоҷикистон дар бораи таъсиси рӯзнома дар ноҳияи Ашт қарор қабул намуд. Абдуқоҳир Нозиров, ки он вақт мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи ноҳиявии Ҳизби Коммунист ва мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ашт буд, дар як вақт муҳаррири рӯзномаи тозатаъсиси «Зарбдори Ашт» таъйин гардид. Пас аз анҷоми корҳои ташкиливу омодагӣ, нахустшумораи рӯзномаи «Зарбдори Ашт» таърихи 23 майи соли 1933 бо теъдоди 100 нусха дар матбааи «Болшевики Конибодом»-и шаҳри Конибодом аз чоп баромад. Рӯзнома то охири соли 1933 дар матбааи зикршуда ва баъдан то 19 июли соли 1934 дар матбааи шаҳри Хуҷанд ба чоп расид. Аз 9 августи соли 1934 бошад баъди таъсиси матбаа рӯзнома дар худи ноҳияи Ашт ба нашр оғоз кард. Рӯзнома аз шумораи 37, яъне 9 майи с. 1955 бо номи «Коммунисти Ашт» дарҷ гардида, аз соли 1965 то имрӯз ба муштариён бо унвони «Шӯҳрати Ашт» дастрас мегардад. Шумораи аввалини рӯзнома бо ҳуруфи арабию лотинӣ ба чоп рафтааст. Ҳуруфи арабӣ то шумораи 5 ба назар мерасад. Шурӯъ аз шумораи 7 рӯзнома пурра бо ҳуруфи лотинӣ чоп мешуд. Аз ибтидои солҳои чилуми асри гузашта ҷои ҳуруфи лотиниро ҳуруфи кирилӣ гирифт.
Сохтор
вироишСарчашма
вироишПайванди беруна
вироишИн мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |