Хуҷанд

маркази вилояти Суғд

Хуҷанд (аз суғ. kwc'nth (xučant(a) > Xuǰand)[3], форсӣ: خجند‎, дар солҳои 1936—1991 Ленинобод) — маркази сиёсӣ-маъмурии вилояти Суғд. Аз ҷиҳати шумораи аҳолӣ шаҳри дуюми Тоҷикистон мебошад. Аҳолӣ — 198 700 нафар (2022).

Шаҳр
Хуҷанд
Хуҷанд
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Вилояти Суғд
Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода
Таърих ва ҷуғрофиё
Масоҳат 39,96[1] км²
Баландии марказ 300 ± 1 м
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 198 700[2] тан (2022)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонҳо
Номи қавмӣ хуҷандӣ, хуҷандиҳо
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3422
Нишонаи почта 735700
Дигар
Замони таъсис садаи VII то милод
khujand.tj(тоҷ.)
 Парвандаҳо дар Викианбор
Осорхонаи таърихии вилояти Суғд
Майдони марказии Хуҷанд бо парчам
Мақбараи Камоли Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд
Бозори Панҷшанбе

Таърих

вироиш
 
Масҷиди шайх Муслиҳиддин

Хуҷанд яке аз шаҳрҳои қадимтарин дар Осиёи Миёна мебошад, ки ҳамчун маркази тиҷорат машҳур ва аз инҷо «Роҳи бузурги абрешим» мегузашт, ки Осиё ва Аврупоро пайваст мекард. Таърихшиносони қадим Хуҷандро «Тирози ҷаҳон» ё «Арӯси даҳр» номида[4][5], аз мардуми бофарҳанги он ёдовар шудаанд.

Даври қадим

вироиш

Сохтмони шаҳр

вироиш

Хуҷанд ҳамчун шаҳри таърихан куҳани Осиёи Марказӣ, аз рӯи тадқиқоти олимони бостоншинос, таърихшиносону меъморон чанд давраи бобаракаташро аз сар гузаронидааст. Давраи якуми сохтмони шаҳр (асрҳои VI-IV то милод) Хуҷанди архаикӣ (қадим) ба ҳисоб меравад, ки мансуб ба замони ҳукмронии сулолаи Ҳахоманишиҳост. Сонитар, Хуҷанд дар ҳайъати империяи Искандари Мақдунӣ васеъ мешавад ва инкишоф меёбад. Баъди Хуҷандро забт намудани Искандар (асри IV то милод) қалъаи шаҳр мустаҳкам карда мешавад.

Дар қатори сокинони таҳҷоӣ ҳамшаҳриёни аввалини мо (ҷамоаҳои суғдиву фарғонагиҳову сакоиҳо) дар қисми нави шаҳр кироягони эллинӣ, афсарони македонии барои юришҳои ояндаи Искандар корношоям, асирони ҳарбӣ низ зиндагӣ мекарданд. Ба шарафи забткориаш ба шаҳр номи ҷаҳонгири антиқӣ Искандар дода шуд, ки он шаҳри охирини номи худашро гузошта — Искандарияи Канорӣ ба ҳисоб меравад. Аз рӯи маълумоти мавҷуда, дарозии девори шаҳри замони Искандар 60 стадии юнонӣ буд, ки ба 6000 қадам баробар аст. Ин давраи дуввуми антиқии сохтори шаҳри мост.

Асрҳои миёна

вироиш

Азнавсозиҳои шаҳр

вироиш

Давраи сеюми шаҳрсозии Хуҷанд асосан ба асрҳои миёна рост меояд. Ибтидои асрҳои миёна (асрҳои VI-VII) Хуҷанд аз ҳисоби тараққиёти табиии дохилии худ ва зиёдшавии аҳолии атроф ҳам васеъ мегардад. Сохти нави топографии он чун шаҳри сеқисмдор (куҳандизу шаҳристону работ) шакл меёбад. Фаҳмиши асрҳои миёна хеле васеъ аст — аз асрҳои V-VI то миёнаҳои асри ХIХ-ро[[[Википедия:Ба беҳтаркунӣ|сарчашма?]]] дарбар мегирад. Асрҳои VI-VII Хуҷанд аз ҷиҳати иқтисодиву хоҷагӣ ва фарҳангӣ инкишоф меёбад. Дар шаҳр азнавсозиҳои нақшавию истеҳкомӣ гузаронида мешавад: нимаи шарқии шаҳри антиқӣ, назар ба тадқиқоти бостоншиносон, бо масоҳати қариб 8 гектари имрӯза ба қалъаи нави калони шаҳрӣ табдил меёбад. Қисмҳои боқимондаи шарқӣ, шимолӣ ва ҷанубии девори антиқӣ чун асоси қалъаи нав истифода шудаанд. Инро ҳафриёти археологии солҳои пешина ва мушоҳидаҳову назорати археологӣ ҳангоми бурдани корҳои азнавсозиву эҳёи девору дарвозаи шарқии куҳандиз вобаста ба ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён бори дигар тасдиқ намудаанд: (июни соли 1999 ва сохтмони бинои нави Осорхонаи вилоятӣ — соли 2004) — он соли 2006 ба истифода дода шуд — дар болои паҳлӯи маҷрои шохоби хушкшудаи регу қуму сангрезадори такшонмондаи интиҳои ҷараёни Сойи Хоҷа Боқирғон, ки ба Сирдарё ҷорӣ мешуд, осори Хуҷанди архаикиву болои он — антиқӣ — похсадевор ва пас — болои онон осори моддии девори ибтидои асримиёнагӣ ва бозёфти мансуб ба он давр (шикастапораҳову қисмҳои сиҳатмондаи маснуоти кулолгарӣ-табақи гилӣ, коса, чароғи сирдодашудаи давраи сонитар, хумчаву офтобаҳо ва ғайра) низ дар бурришҳои сохтмонӣ аён шудаанд. Танҳо девори ғарбии куҳандизи Хуҷанд аз нав эҳё гардид.[6]

Давраи Сомониён — муборизаи хуҷандиён зидди арабҳо

вироиш

Дар бораи Хуҷанди ибтидои асрҳои миёна ва давраи Сомониён бештар сарчашмаҳои хаттии форсиву арабизабон маълумот медиҳанд. Назар ба маълумотҳо, нимаи дуюми асри VII номи шаҳр бори аввал дар шакли «Хуҷанд(а)» вомехӯрад (ал-Белазурӣ). Дар шакли «Гюйчжанти» номи шаҳрро сарчашмаҳои чинӣ дар хроникаи Таншу (боби 221) ҳам хотиррасон менамоянд. Ҷуғрофиядонҳову сайёҳони арабизабон Ибн-ал-Асир, ад-Димишқӣ, Ёқути Ҳамавӣ, Ибни Ҳавкал, ал-Муқаддасӣ, Ибн-ал-Фақеҳ, Истахрӣ бештар дар бораи Хуҷанди асрҳои VIII-ХII, яъне давраи ба ин шаҳр ҳуҷум намудани арабҳо ва то замони арафаи ҳуҷуми муғулҳо ба Хуҷанд маълумот додаанд. Ба ахбори Ибн-ал-Асир биноан (асри ХII-ибтидои ХIII), Хуҷанд ба қатори он шаҳрҳои Осиёи Миёна дохил мешуд, ки зидди ҳуҷуми арабҳо муборизаи яроқнок бурдааст. Баъди соли 705 ҳукмрони Хуросон таъйин гардидан сарлашкари араб Қутайба ибни Муслим (соли 715 дар Фарғона қатл шудааст) нақшаи юриши водии фарғонагии худро тартиб медиҳад (соли 713) ва ба минтақаҳои паси Сирдарёии Мовароуннаҳр лашкар мекашад. Чун лашкари Салм лашкари Қутайба ҳам ба муқобилияти силоҳноки хуҷандиён дучор меояд ва муҳориба тӯл мекашад. Дар «Китобу-л-ансоб»-и Самъонӣ (солҳои 1113-1167) зикр шудааст, ки Хуҷанд соли 103 ҳиҷрӣ (соли 721-722-м) аз тарафи арабҳо забт шудааст. Ба қавли баъзе сарчашмашиносони муосири мо, соли 94 ҳиҷрӣ (соли 713 милодӣ) арабҳо зӯран бо бор намудани шартҳои хеле гарон бар дӯши хуҷандиён роҳи гуфтушуниди оташборро пеш гирифтанд. Вале хуҷандиён ба ин шарту гирифтори асири арабҳо будан дер тоқат накарда, соли 103 (соли 721-722 милодӣ) боз ба муборизаи зидди арабҳо бармехезанд. Соли 722 байни хуҷандиёну лашкари араб бо сардории ҷонишини волии Хуросон ал-Ҳарашӣ муборизаи сахт мешавад. Ў шаҳрро муҳосира намуда, бе ҳуҷум онро гирифтанӣ мешавад. Вале хуҷандиён бо ҳар роҳ муҳосираро рахна намуда, ба лашкари Ҳарашӣ зарба мерасониданд. Лекин охируламр арабҳо ба Хуҷанд дохил мешаванд…

Ҳанӯз то Хуҷандро ишғол кардани арабҳо-асрҳои VII-VIII — дар доманаи самти шарқии куҳандиз — девори он — аллакай майдони васеи Регистони шаҳр ба вуҷуд омада буд. Дар он ҷой аввалин бозори шаҳр ҷой гирифта буд. Ибн Ҳавкал ин Регистонро таҳти унвони «майдону» «рабза» ба забон гирифтааст. Ал-Истахрӣ ҳам онро «майдон» мегӯяд. Тарафи дигари майдон — паси рабза — «Дору-л-имораҳ» ё «сарои иморат», яъне, бинои ҳокими Хуҷанд буд (он аз миёнаи асри ХIХ сар карда бо номи «Боғи ҳоким» маълум асту рӯ ба Регистон мениҳад). Бинои «сарои иморат» ҳам бо девор печонида гирифта шуда буд.

Ҳусни шаҳр дар асрҳои миёна

вироиш

Хуҷанд ҳам ибтидои асрҳои миёна, хусусан асрҳои IХ-Х сеқисма буду аз куҳандиз (куҳанқалъа бо арки маликнишин), шаҳристон ё мадина (худи шаҳр) ва работ (мавзеъҳои наздишаҳрӣ) иборат буд. Умуман, ба қавли ал-Истахрӣ, масоҳати Хуҷанди асри Х шаш-ҳафт километр буда, дарозиаш аз бараш бартарӣ доштааст. Шаҳристон, ки девораш асрҳои VI-VII сохта шудааст, (А.Мирбобоев), аз маҳаллаҳои истиқоматии шаҳриён бо масҷиди ҷомеъ ва муассисоти дигар, куҳандиз бошад, аз қароргоҳи расмии ҳоким, лашкаргоҳ, маҳбас ва ғайра, работ — ҳудуди наздишаҳрӣ — бо қисмҳои ҳунармандиву тиҷоратӣ иборат буданд. Асрҳои ХI-ХII шаҳристону работи Хуҷанд ба ҳам омезиш ёфтаанд. Дар шаҳристон чанд муассисоте ҷойгир буданд, ки якеи онҳо майдони Намозгоҳ — Мусалло (ҷои намозхонии умумиву калон)-и Хуҷанд буд.[6]

Ин Майдони Намозгоҳ-Мусалло дар ҳудуди девори шаҳристони Хуҷанди асримиёнагӣ на барвақттар аз асрҳои Х-ХI ба вуҷуд омада буд.

Сонитар дар ҳудуди шаҳристон мақбараву масҷиду мадрасаи Ҳазрати Бобо бунёд мегардад (асрҳои ХII-ХIII, ХVIII-ХIХ). Дар кунҷи ҷанубӣ-шарқии Намозгоҳ дертар (асри ХIХ) осиёбе ҷойгир буд, ки шояд он бо оби канали Қӯрхона ба кор дароварда мешуд.

Дар ин минтақаи Хуҷанди асримиёнагӣ чанд бинои монументалӣ, дармонгоҳӣ, хидмативу маишӣ низ ҷойгир буданд, ки якеи он маҷмааи асримиёнагии археологӣ-меъморӣ-маркази фарматсевтӣ — дармонгоҳи «Дорулшифо» ба ҳисоб меравад (Харобаҳои ба асрҳои IХ-ХII, ХIV-ХV тааллуқдоштаи онро тӯли солҳои 1999-2001 Экспедитсияи илмӣ-фарҳангӣ-бостоншиносии муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд — ДДХ — ба номи академик Бобоҷон Fафуров «Мерос» омӯхтааст). Ин иншооти хеле нодирест, ки намунаи худро то ҳол дар шакли ҳафриётгашта дар Осиёи Марказӣ надорад ва он кашфиёти нави илми бостоншиносии тоҷик ба ҳисоб меравад. Нақшаи композитсионӣ-меъмории маҷмаа иборат аз системаи девору гузаргоҳҳо буда, бештар равияи шимол-ҷанубро доранд. Ба миёнсаройи марказӣ аз тарафи шарқ — он ҷое, ки ҳам шикофаи кофтукови археологиаш ба охир расидаро дорад, кас дохил мешуд.

Тахмин меравад, ки миёнсарой бо равоқ (арк)-и нимсиркулӣ болопӯш буд, ба воситаи роҳ-рави асосии он кас ба гузаргоҳҳои нисбатан борики камераҳои равоқдори таъйиноти шифоӣ-профилактикӣ дошта дохил мешуд. Умуман, тамоми бино аз берун монументалӣ менамуд, девори яклухти умумӣ дошта, ҳуҷраҳои болопӯши равоқмонанд дошт — ҳамаи ин маҷмӯи таъйноти ҷамъиятӣ доштани биноро тасдиқ менамуд. Девори бино ловида нашуда, аз ҳисоби хиштхобонии ботартибу босифат (ҳам дохил ва ҳам беруни бино), ки нақшу нигори намуди барои меъмории асрҳои IХ-Х хосро дошт, хеле босалобату монументалӣ менамуд. Дар ин дармонгоҳи дорутайёркуниву физиотерапевтии асримиёнагии Хуҷанд бемориҳои гуногуни одам табобат карда мешуданд. («Дорулшифо» ҳоло қисмҳои дигари аз ҷиҳати археологӣ омӯхтанашударо низ дорад).[6]

Дохили шаҳристони Хуҷанди асримиёнагӣ (асрҳои IХ-ХII) чанд қабристон ва мазорҳо вуҷуд доштанд, ки барои муайянкунии ҳудуду сарҳади шаҳр дар асрҳои гуногун чун аломат, нишона хидмат менамоянд. Он қабристонҳо ба ду қисм тақсим карда шудаанд: ҷамъиятӣ ва оилавӣ ё авлодӣ. 1. Қабристони назди мазори Ҳазрати Бобо (шимолӣ-шарқии Хуҷанд, назди Боғи ҳоким). 2. Қабристону мазори Хоҷа Бикробод. 3.Қабристону мазори Туғбобохон, Бӯзирак-Ато. Ҳамаи ин мазору қабристонҳои дар қисмҳои шимолӣ-шарқӣ, ҷанубӣ ва ғарбии куҳандизу шаҳр умуман ҷойгиршуда сарҳади ба ин самтҳо мутобиқи шаҳри асрҳои Х-ХII-ро ташкил мекарданд. Яъне, он сарҳад аз куҳандиз-маҳалли Боғи ҳоким-250 м. ҷанубтари куҳандиз (берун аз девори шаҳристон)-ғарбии куҳандизро (200-250м. дуртар аз он) дарбар мегирифт ва он мутобиқ ба маҳаллаҳои ҳамноми Ҳазрати Бобо, Хоҷа Бикробод, Туғбобохон (Дувахон-Тубахон) ва атрофи он буд. Ғайр аз ин, дар асрҳои ХI-ХII қабристону мазорҳои Чорчироғ, Масҷиди Сурх ва баъзе дигарон ҳам буданд (А.Мирбобоев).

Асрҳои сонӣ ҳам (ХVIII-ХIХ) онон ба қисмҳои Раззоқ ё Чаҳоршанбеи шаҳр дохил мешуданд. Шояд, маҳаллаи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ҳам дар якеи маҳаллаҳои ин қисми шаҳр ҷойгир шуда бошад.

Қисми дигари Хуҷанд минтақаи майдони Панҷшанбеи шаҳр буд (онро дертар қисми ба деҳаи Қалъаи нав ва Мазор дохилшаванда ҳам меҳисобиданд). Он майдон чун маркази ҳунармандиву тиҷоратии Хуҷанд берун аз работи асримиёнагии Хуҷанд, тахминан асрҳои ХIV-ХVI шакл ёфтааст. Вале ҳафриёти археологии солҳои 70-уми асри ХХ дар ин майдон гузаронида (ҷои собиқи «саройи унҷигиҳо» — чойхонаи «Шарқ» — тарабхонаи собиқи «Панҷшанбе» — Осорхонаи собиқи вилоятии таърихӣ-кишваршиносӣ — Маркази савдои «Ҳоҷӣ Абдулазиз») ва бозёфти ду тангаи мисин (якеаш мансуб ба асри ХII дар чуқурии 3 м.) гувоҳи он аст, ки ин минтақа ҳам аз қисмҳои қадимаи шаҳр аст. Асри ХII дар ин ҷо мақбараи мулкдору шоир ва арбоби барҷастаи дин, пешвои маслиҳатгару ҳокими Хуҷанд Бадеуддини Нурӣ (тахаллусашон «шайх Муслиҳиддин») бунёд мегардад ва сонитар дар атрофи он маҷмааи ҳамноми таърихӣ-меъмории шайх Муслиҳиддин шакл меёбад (асрҳои ХIV-ХIХ).

Ибни Ҳавкал менависад, ки Хуҷанд «байни вилоятҳо аз ҷиҳати ҳусну назокат ягонаест»; ал-Муқаддасӣ махсус қайд мекунад: «Хуҷанд шаҳри пурҳаловатест дар ин сӯ, аз он дида шаҳри дилкаштаре нест, аз байнаш наҳре ҷорист ва дар шафаташ кӯҳест, ки онро оқилону шоирон мадҳу сано мегӯянд. Ва дар Шарқу Ғарб зеботар шаҳре аз он нест. Вай мафтункунандаву дилрабост, касонро моту мабҳут месозад, бо форсӣ онро «дил бибурда» гӯянд».

Олим-энсиклопедисти машҳури асрҳои IХ-Х Абӯнасри Форобӣ шаҳру давлатҳоро ба қатори шаҳру давлати накӯкор, шаҳру давлати бехирад, шуҳрату шарафпараст, шаҳру давлати таърифпараст, шаҳру давлати дурӯяву ноустувор, шаҳру давлати дурӯғпарасту хасис тақсим менамояд. Баҳодиҳӣ, умуман, барои Шарқи асримиёнагӣ анъана будааст. Яқинан, барои Самарқанд мағрурӣ, барои Балх-ҷавонмардӣ, Ҳирот-рашку ҳасад хос будаанд. Хуҷанди асримиёнагӣ бошад, аз рӯи анъанаҳои баҳодиҳӣ, чун «Тирози ҷаҳон» — арабиаш «Арӯс-ал-мамолик» машҳур гашта буд.[6]

Дар таърихи Хуҷанд сокинони шаҳр борҳо барои озоди хеш бо истилогарон даст ба гиребон шуда дар мудофиаи шаҳр қаҳрамонӣ нишон додаанд. Дар асри XIII дар вақти истилои муғулҳо қаҳрамонии худро Темурмалики паҳлавон нишон дода буд, ки ҳоло халқи ин шаҳр бо ӯ ифтихор доранд.

Нигаред:Темурмалик

Роҳи Абрешим

вироиш

Шаҳри Хуҷанд чун маркази савдо, ҳунармандӣ дар гузашта машҳур буд. Роҳи корвонгузари тиҷоратии асримиёнагӣ — «Роҳи бузурги абрешим» ба Осиёи Миёна, аз Ҳиндустон, Эрон, Шарқи Наздик, Хитой ва ҳавзаи баҳри Миёназамин аз ин ҷо мегузашт.

Шахсони бузурги шаҳр

вироиш

Хуҷанд зодгоҳи як зумра шахсони бузурги тарихист. Олимон — мунаҷҷим ва риёзидон Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ (а. X), ҷуғрофияшинос ва сайёҳ Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёзов (1842—1925), шоирон Маҳастии Хуҷандӣ (а. XII), Камоли Хуҷандӣ (а. 14), Муҳаммадаминхоҷаи Кошиф (1825—87), Тошхӯҷаи Асирӣ (1864—1916), Абдуллои Файёз (1847—1934) ва диг. арбобони илму маданият ин ҷо касби камол кардаанд.

Мустамликадории Россияи подшоҳӣ

вироиш

24 майи 1866 ба шаҳр аскарони подшоҳй даромаданд ва он ба ҳайати Россия дохил шуд. Ин воқеа аҳамияти прогрессивӣ низ дошт. Минбаъд ба Хуҷанд инқилобиён ва равшанфикрони рус омаданд, ки онҳо дар инкишофи шуури синфӣ ва худогоҳии маҳаллӣ таъсир гузоштанд.

Вокеъаҳои солҳои 1916-1917

вироиш

4 июли 1916 мардуми Хуҷанд ба муқобили сиёсати мустамликадории Россияи подшоҳӣ ва феодалҳои маҳаллӣ шӯриш бардоштанд, ки он дар тамоми Осиёи Миёна паҳн гашт. Дар ҷараёни муборизаҳои синфй инқилобчиёни машҳур ба майдон омаданд. 24 ноябри 1917 Ҳокимияти Советӣ дар Хуҷанд ғалаба кард. Дертар шаҳр аввал ба ҳайати ҶШС Ӯзбекистон ва аз 2 октябри 1929 ба Тоҷикистон ҳамроҳ шуд. Соли 1936 шаҳр Ленинобод ном гирифт.

Давраи шӯравӣ

вироиш

Дар солҳои Ҳокимияти шӯравӣ Хуҷанд ба яке аз марказҳои калони иқтисодӣ ва мадании Тоҷикистон табдил ёфт. Соҳаҳои асосии саноат: бофандагӣ, коркарди металл, бинокорй, дӯзандагӣ, хӯрокворӣ. С. 1982 дар шаҳр зиёда аз 25 корхонаи саноатӣ мавҷуд буд. Комбинати шоҳибофии шаҳр яке аз калонтарин корхонаҳои саноатии ИҶШС буда, 80% шоҳии Тоҷикистон (зиёда аз 45 навъ ва 500 номгӯи матоъ)-ро истеҳсол мекард. С. 1981 комбинати консерви шаҳр 53 млн қуттии консерв мебаровард, ки ин миқдор бо тамоми консерви корхонаҳои Россия (1913) баробар буд. Дар шаҳр комбинатҳои шир, равған, масолеҳп бинокорй, заводҳои тухми кирмак, шиша, «Торгмаш» (зарфҳои қаҳвапазӣ, термостатҳо ва ғайра), истеҳсоли зарфҳои сирдор, «Газаппарат*, таъмири автомобил, истеҳсоли маснуоти оҳану бетонӣ, нон, матбаа, фабрикаҳои мебельсозӣ, пойафзолдӯзӣ ва ғайра фаъолият менамуданд. Маҳсулоти саноати шаҳр ба Булғория, Куба, Румыния, Венгрия, Муғулистон, Афғонистон, Алҷазоир, Эфиопия, Ҳиндустон, Гвинея, Сомали ва ғ. фиристода мешуд. Соли таҳсили 1981- 1982 дар шаҳр 22 мактаби миёна, 3 мактаби 8-сола, 3 техникум, 3 омузишгоҳ (мусиқӣ, педагоги, тиббй), 6 омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ буданд, ки 25 ҳаз. _наф. хонанда ва 4723 наф. донишҷӯ таҳсил мекарданд. Яке аз аввалин донишкадаҳо — Институти давлатии педагогин ба номи С. М. Киров, Институти такмили нхтисосн муаллимон, Филиали Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, шуъбаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мавҷуданд.

Замони муосир

вироиш

Дар солҳои Истиқлоияти Тоҷикистон дар натиҷаи буҳрони иқтисодӣ якчанд корхонаҳои бузург ба монанди корхонаи истеҳсоли "Абрешими Хуҷанд" ва диг. аз фаъолият бозмонданд. Дар натиҷаи гузаштан ба иқтисоди бозаргонӣ ҳоло бештар корхонаҳои хусусӣ ва иттиҳодияҳои саҳомӣ ташкилу фаъолият намуда истодаанд. Аз соли 2010 Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" (МОИ "Суғд") бо сармояи ватаниву хориҷӣ ба фаъолият шурӯъ намудааст ва имрӯз аввалин маҳсулоти корхонаҳои он ба муомилот баромадаанд. Махсусан, дар Хуҷанд соҳаи сохтмон дар замони истиқлол рушд намудааст. Дар шаҳр чунин иншоотҳои нав ба монанди бинои нави Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, комплекси варзишӣ бо ҳавзи шиноварӣ, меҳмонҳонаи баландошёнаи "Эҳсон" мактабу кӯдакистонҳо, корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, хидмати маишӣ, бозору мағозаҳо ва муассисаҳои давлатӣ қомат рост намуданд. Боғу хиёбонҳои нав ба вуҷуд омаданд. Масалан, 21 марти соли 2015 боғи навсозишудаи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо пайкараи ӯ, мақбара ва хонаю чорбоғи рамзии ин шоири ширинкаломи тоҷик, ки оромгоҳи воқеияш дар шаҳри Табрези Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад, дар маскани собиқ боғи фароғатии шаҳрӣ ифтитоҳ ёфтааст.(Боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ|бештар...)

Аҳолӣ

вироиш

Хуҷанд аз ҷиҳати шумораи аҳолӣ дар ҷойи дуюм баъд аз Душанбе меистад.

Сол 1897 1926 1959 1973 1989 2002 2007 2011 2013 2014 2015 2016 2019 2020 2021 2022
Аҳолӣ,
ҳазор наф.
30 37 77 113 160 147 149 165 167 170 173 175[7] 182 184 196,8 198,7

Маҳаллаҳои Хуҷанд

вироиш
  1. маҳаллаи «Хуҷанд» — 5091 нафар
  2. маҳаллаи «Тути калон» — 8768 нафар
  3. маҳаллаи «Чорчароғ» — 8312 нафар
  4. маҳаллаи «Раззоқ» — 6952 нафар
  5. маҳаллаи «Масҷиди Савр» — 7534 нафар
  6. маҳаллаи «Қорӣ Раҳмат Қурбонов» — 6759 нафар
  7. маҳаллаи «Содир Ҳофиз» — 5921 нафар
  8. маҳаллаи «Шарқ» — 4019 нафар
  9. маҳаллаи «Сарибаланд» — 5765 нафар
  10. маҳаллаи «Ҷаббор Расулов» — 5965 нафар
  11. маҳаллаи «1 Май» — 4341 нафар
  12. маҳаллаи «Сирдарё» — 3982 нафар
  13. маҳаллаи «Сайҳун» — 5095 нафар
  14. маҳаллаи «Чашмаи Арзана» — 5908 нафар
  15. маҳаллаи «Бофанда» — 5820 нафар
  16. маҳаллаи «Ваҳдат» — 5942 нафар
  17. маҳаллаи «Темурмалик» — 8343 нафар
  18. маҳаллаи «Тиллакон» — 8916 нафар
  19. маҳаллаи «Мевагул» — 16549 нафар
  20. маҳаллаи «Суғдиёна» — 11428 нафар
  21. маҳаллаи «Дӯстии халқҳо» — 15309 нафар
  22. маҳаллаи «Навбаҳор» — 8235 нафар[8]

Роҳбарияти шаҳр

вироиш

Саноат ва энергетика

вироиш

Корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳр — 597 адад

  • хусусӣ 592 адад
  • давлатӣ — 5 адад
  • миқдори кормандон дар соҳаи саноат 8775 нафар
  • корхонаҳои муштарак — 7 адад
  • корхонаҳои нав ташкилшуда дар соли 2015 — 31 адад

Саноат

вироиш

Вазъи соҳаи энергетика ва саноат. Нигаред:[9]

Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”

вироиш

Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” соли 2009 ҳамчун қитъаи алоҳидаи (маҳдуди) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳудуди аниқ муқарраргардида таъсис ёфта, дар он барои фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ шароити имтиёзноки иқтисодӣ ва низоми махсуси иқтисодӣ муҳайе карда шудааст. Намуди МОИ “Суғд” саноатӣ-инноватсионӣ буда, бо ҳадафҳои умумииқтисодӣ, рушди тиҷорати хориҷӣ, иҷтимоӣ ва илмӣ-техникӣ ба муҳлати 25 сол ташкил шудааст. Дар ҳудуди МОИ “Суғд” ташкил намудани инфрасохтори муосири муҳандисию нақлиетӣ, телекоммуникатсионӣ ва истеҳсолии ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ, дар истеҳсолот ҷорӣ намудани ихтироот ва фановарии ватанӣ, ташкили шабакаи истеҳсолоти аз ҷиҳати экологӣ тоза низ дар назар аст.[10] Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” дар қисмати ҷанубу ғарбии шаҳри Хуҷанд ҷойгир шудааст. Дар ин қитаъаи замин таҳлили геологию геодезӣ ва лоиҳакашӣ анҷом дода шудааст. Масоҳати умумии МОИ “Суғд” 320 гектарро ташкил медиҳад.[11] Субъектҳои МОИ Суғд: 1) Корхонаи коркарди дарахт «АРЧА» назди ҶДММ «ФОРТУНА-КО» коркарди пиломатериал барои дар ва тиреза 2) ҶДММ Корхонаи муштараки тоҷикӣ-туркӣ «СИЛКОАТ БОЯ» истеҳсол ва фуруши маҳсулотҳои лаку ранг барои ороиши иморатҳо 3) ҶДММ «СТАР ПЛАСТ» Истеҳсоли маҳсулотҳои пластикӣ 4) ҶСП «АРИАНА МЕТАЛ ПЛАСТ» Истеҳсоли маҳсулотҳои метали-пластикӣ (бозичаҳои кӯдакона) 5) Коллеҷи техникии ш.Хуҷанд 6) ҶДММ «ИНВЕСТИЦИОННАЯ КОМПАНИЯ ТАДЖИКИСТАН ОРИДЖИНАЛ» Ташкилоти сармояҷамъкун ба МОИ Суғд 7) ҶДММ корхонаи бародарии «ДУСТИ АМИРХОН» Истеҳсоли ҳавокашакҳои вентилятсионӣ 8) ҶДММ Корхонаи муштараки тоҷикӣ-полшагӣ «СКОРУТ ТАҶ» Ҷамъоварии гелеоколлекторҳои офтобӣ барои гармкунии об 9) ҶДММ "Реал" Истеҳсоли қубурҳои полиэтиленӣ ва ноқилҳои электрикӣ 10) ҶДММ Корхонаи муштараки тоҷикӣ-туркӣ «ТАДЖПРОФ» Истеҳсоли профилҳо аз алюминий 11) ҶДММ «Идораи сохтмонии №1 ХУДЖАНДСОЗ» Истеҳсоли маҳсулотҳои сохтмонӣ 12) ҶСП "АДМ-ЭЙР» Хизматрасонии фаврии таъмири таҷҳизотҳои парвозкунанда 13) ҶДММ "МЕБЕЛЬ" Истеҳсоли ЛДСП, МДФ, ДВП, фанера 14) ҶДММ НПИК “СОМОН ЭНЕРЖИ” Истеҳсоли маҳсулотҳои рушноидиҳанда 15) СИ "АБДУЛЛО-ЗАДЕ Р.Р." Истеҳсоли сокҳои табии, сабзавот ва меваҳои хушк 16) ҶДММ "РОЯЛ КОРПОРЕЙШН" Истеҳсоли маҳсулотҳои сохтмонии иноватсиони 17) ҶДММ "ҶАХОНИ НАВ ММ" Истеҳсоли маҳсулотҳои лакӣ ва андовакуни (ороиши беруна) 18) ҶДММ "ТАДЖИКПОЛИЭТИЛЕН" Истеҳсоли маҳсулотҳои полиэтилени 19) ҶДММ "АЗИЯПОЛИТЕКС" Истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ 20) ҶДММ "КРИСТАЛ МОЗАИК" Истеҳсоли маҳсулотҳои саффолӣ 21) ҶДММ "РАВЗАНА ПЛАСТИК" Истеҳсоли дару тирезаҳо аз ПВХ 22) ҶДММ "ЗАРФИШОН" Коркарди маҳсулотҳои ҳоҷагии қишлоқ ва истеҳсоли шакар 23) ҶДММ Корхонаи муштараки тоҷикӣ-туркӣ “АРЧА-МЕБЕЛЬ” Истеҳсоли мебел барои соҳаи тиб, маориф ва муассисаҳои давлатӣ 24) ҶДММ «ОҲАНКОР» Истеҳсоли маҳсулотҳои металли 25) ФИЛИАЛИ ХАНТАНА КАНАДА INC. Истеҳсол ва бастабандии асал 26) ҶДММ Корхонаи муштараки тоҷикӣ-туркӣ «АФРАНГ ПЛАСТИК» Истеҳсоли профилҳо барои дару тиреза аз ПВХ 27) ҶДММ «ДОНАИ АЛМОС» Истеҳсоли хушкмева 28) ҶДММ «СОМОН КЕЙС» Истеҳсоли сумка, рюкзак (борхалта) ва портфел 29) ФИЛИАЛИ ҶДММ «КОМПАНИЯ АЛАВН АЛМУТТАХИДА» Омӯзиш ва истеҳсоли маҳсулотҳои ҳунарҳои мардумӣ

Нақлиёт

вироиш

Дар масофаи 12 км дуртар аз Хуҷанд фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд амал мекунад.

Дар шаҳри Хуҷанд истгоҳи роҳи оҳани калонтарин мавҷуд мебошад, ки вилояти Суғдро бо қисми ҷанубии Тоҷикистон, инчунин бо дигар минтақаҳои давлатҳои хориҷи дуру наздик пайваст мекунад. Дарозии умумии роҳҳои оҳан дар ҷумҳурӣ 943 км-ро ташкил медиҳад, ки 678 км онро роҳҳои асосӣ ташкил медиҳанд. Ҳиссаи калони ҳамлу нақли молу маҳсулоти байнидавлатӣ ба роҳи оҳан рост меояд.

Аз қаламрави вилоят роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ бо дарозии 354 км мегузарад, ки қисми шимоли кишварро бо ҷануби он пайваст мекунад. Шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ ба худ якчанд нақбҳоро, ки дарозии умумиашон зиёда аз 10 км.-ро ташкил медиҳад дар бар мегирад. Шоҳроҳи мазкур соли 2012 аз нав таъмир карда шуда ба истифодабарӣ дода шуда буд.[12]

Фарҳанг

вироиш
  • театрҳо ва марказҳои фарҳангӣ — 6 адад
  • толорҳои консертӣ — 5 адад
  • китобхонаҳои оммавӣ — 11 адад
  • китобхонаҳои хусусӣ — 10 адад
  • осорхонаҳо — 3 адад
  • ёдгориҳои таърихӣ — 10 адад

Маориф

вироиш
  • мактабҳои маълумоти умумӣ — 48
  • кӯдакистонҳо — 31 адад
  • кӯдакистонҳои хусусӣ — 5 адад[13]

Мактабҳои олӣ

вироиш

Тандурустӣ

вироиш
  • Муасисаҳои тандурустӣ — 43 адад
  • марказҳои тиббӣ — 7 адад
  • беморхонаҳо — 15 адад
  • марказҳои тиббии хусусӣ — 21 адад

Варзиш

вироиш
  • стадионҳо — 7
  • иншоотҳои варзишӣ — 210 адад
  • ҳавзҳои шиноварӣ — 4 адад[13]

Ёдгориҳои шаҳр

вироиш
 
Мақбараи шайх Муслиҳиддин (а. XIV)

Мақбараи шайх Муслиҳиддин (а. XIV) ва боқимондаи Қалъаи Хуҷанд — Ӯрда (а. VII—VIII) аз ёдгориҳои таърихй ва меъморӣ мебошанд. Дар бинои тарҳрезишудаи Қалъаи Хуҷанд ҳоло, Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бунёд гардидааст. Дар ҳаминҷо, назди соҳили Сирдарё нимпайкараҳои адибону аломаҳо ин диёр гузошта шудааст. Дар соҳили рости дарёи Сир дар давраи шӯравӣ ҳайкали В. И. Ленин қомат афрохта буд (ҳоло, ба ҷойи он муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гузошта шудааст). Дар маркази шаҳр, инчунин ҳайкали ёдгории ҷанговароне, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ шаҳид шудаанд ва нимпайкараҳои инқилобчиёну ходимони намоёни давлативу фарҳангии хуҷандӣ гузошта шудааст.

Маркази илму фарҳанг

вироиш

Хуҷанд бо намояндагони илму адаби форсу тоҷик ба монанди Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ (а. X) — мунаҷҷим ва риёзидон, Маҳастии Хуҷандӣ (а. XII) — адиба, Камоли Хуҷандӣ (а. XIV) — шоир, Муҳаммадаминхоҷаи Кошиф (1825–1887) — шоир, Тошхӯҷаи Асирӣ (1864–1916) — шоир, маорифпарвар, Абдуллои Файёз (1847–1934) — шоир, Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёзов (1842–1925) — ҷуғрофияшинос ва сайёҳ ифтихор дорад. Марказҳои фарҳангии Хуҷанд — Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ (Хуҷанд) (таъсис,соли 1917), Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ (Таъсис,соли 1932), Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд, 4 мактабҳои таҳсилоти олӣ ва диг. муассисаҳои илму фарҳанг ва маориф мебошанд. Чунин шахсиятҳои номдор ба монанди Фарзона, Розия Озод, Мавҷуда Ҳакимова, Норинисо — адибаҳо, Муҳаммад Осимӣ — (1920–1996) файласуф, академик, раиси Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, Юсуф Носиров — (1932–2007) биолог, академики Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, Маъруфхоҷа Баҳодуров — (1920–1997) овозхон,Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон, Мунзифа Ғаффорова — (1924–2013) файласуф, доктори илм, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Зикриё Бобохоҷаев, табиб, клинитсист, доктори илм, профессор, Ҷӯрабек Набиев — (соли 1941), овозхон, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон ва диг. зодагони шаҳри Хуҷанд, дар Тоҷикистон соҳиби шуҳрат шудаанд.

 
Бозори Панҷшанбе, 2011

Бозори «Панҷшанбе» дар маркази Хуҷанд воқеъ аст. Майдони васеи назди бозор бо фавора оро дода шудааст. Рӯ ба рӯи бозор Мақбараи шайх Муслиҳиддин (а. XIV) бино ёфтааст. Калонтарин бозоре, ки дар шакли пӯшида дар Осиёи Миёна дар даврони шӯравӣ сохта шудааст, бозори овозадори «Панҷшанбе» мебошад.[14] Бозори «Панҷшанбе» солҳои 50-уми асри XX сохта шудааст ва аз ҳамон вақт манбаи хариду фуруши маҳсулоти кишоварзӣ, хурокворӣ ва лавозимоти саноативу хоҷагидорӣ мебошад ва барои сокинони Хуҷанд хидмат мерасонад.

Шахсиятҳои обрӯманд

вироиш

Бародаршаҳрӣ

вироиш

Аксҳои Хуҷанд

вироиш

Нигаред

вироиш
  1. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд - Хуҷанд - маркази ҳунарҳои мардумӣ. www.khujand.tj. 18 Декабри 2022 санҷида шуд.
  2. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 15 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
  3. Лурье П. Б. Историко-лингвистический анализ согдийской топонимики // Дисс. на соиск. уч. ст. канд. фил. наук. — СПб., 2004. — С. 40, 151.
  4. Худжанд // Географическая энциклопедия (рус.)
  5. Спутниковая карта Худжанд 30.03.2010(рус.)
  6. 6.0 6.1 6.2 6.3 Рамзи сарфарозии ҷовидонаи миллати тоҷик. 11 Декабри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 октябри 2017.
  7. Raions of Tajikistan
  8. нусхаи бойгонӣ. 7 Декабри 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 ноябри 2013.
  9. www.khujand.tj. Вазъи соҳаи энергетика ва саноат, соли 2022(тоҷ.) (8 октябри 2024). 8 октябри 2024 санҷида шуд.
  10. МОИ “Суғд”/ Маълумоти умумӣ. 28 Январ 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 апрели 2017.
  11. МОИ “Суғд”/ Маълумоти умумӣ. 28 Январ 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 июли 2017.
  12. Шаҳри Хуҷанд. 28 Январ 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 ноябри 2016.
  13. 13.0 13.1 Маълумоти Хуҷанд. 25 августи 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 сентябри 2016.
  14. Калонтарин бозор дар Осиёи Миёна. 28 октябри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 май 2022.

Пайвандҳои беруна

вироиш