«Ёддоштҳо» — асари шарҳиҳолӣ, навиштаи Садриддин Айнӣ.

Муҳтаво

вироиш

«Ёддоштҳо» на танҳо асари тарҷумаиҳолӣ, инчунин қомуси ҳаёти асрҳои ХIX ва ХХ халқ аст. Асар аз боби қафомондагии иқтисодӣ ва ҳоли бади халқ,қатлу ғорат, тақдири фоҷиавии равшанфикрону бузургони аҳли адаб ва бедоршавии шуури омма сарчашмаи хеле мӯътамади воқеӣ бадеист[1]. «Ёддоштҳо» беҳтарин намунаи насри муосири тоҷик буда осонфаҳм, равон, дилрас ва ҷаззоб аст. «Ёддоштҳо»-ро як навъ феҳристи тафсирии дигар асарҳои устод Айнӣ номидан шояд иштибоҳ набошад, зеро агар амиқ андешед, пай хоҳед бурд, ки устод воқеаеро ба таври муҷаз дар «Ёддоштҳо» оварда бо як ҷумлаи ҳаволаӣ иброз медоранд, ки «ин матлабро дар фалон асарам пурра овардаам» (мазмунан) ва ё дар бораи қаҳрамони ҳодисае маълумот дода иттилои комилро ба яке аз романҳояш ҳавола мекунанд. «Ёддоштҳо»-е, ки дар дасти Шумост, асосан аз рӯи «Куллиёт»-и (ҷилдҳои 6 ва 7) Айнӣ, ки соли 1962 чоп шудааст, рӯнавис шуда, дар дигар сохту андоза муқовабандиву саҳҳофӣ гардида, ҳангоми тарроҳиву ороиш дар оғози ҳар қисм аз ашъори устод Айнӣ намунаҳое оварда шудаанд, ки бидуни чор мисраи аввали оғози китоб дигар аз таркиби «Ёддоштҳо» берунанд ва мароми ноширанд[2].

  1. Садриддин Айнӣ. Ёддоштҳо, қисми 1, 2. Д.: «Адиб», 1990.— 352 саҳ.
  2. С. Айнӣ. Ёддоштҳо. Иборат аз як китоб. — Д.: СИЭМТ, 2009. — 680 с.