Садриддин Айнӣ

нависанда ва донишманди тоҷик

Садриддин Айнӣ (Садриддин Сайидмуродзода Айнӣ, форсӣ: صدرالدین عینی‎; 15 [27] апрел 1878[1], Аморати Бухоро15 июл 1954[2][1][3], Сталинобод[1]) — бунёдгузори адабиёти шӯравии тоҷик, нависанда, олим, академик ва нахустин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон (19511954), Ходими хидматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон, академики фахрии Академияи илмҳои ҶШС Ӯзбекистон. Қаҳрамони Тоҷикистон (1997).[4]

Садриддин Айнӣ
Садриддин Саидмуродович Айнӣ

200px
Тахаллусҳо: Айнӣ
Номи пурра Садриддин Саидмуродов (Садриддин Саййидмуродзода)
Таърихи таваллуд: 15 апрел 1878(1878-04-15)
Зодгоҳ: Бухоро
Таърихи даргузашт: 15 июл 1954(1954-07-15) (76 сол)
Маҳалли даргузашт: Душанбе, Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ:  Иттиҳоди Шӯравӣ
Навъи фаъолият:
Солҳои эҷод: 1908—1954
Самт: реализми сотсиалистӣ
Жанр: роман, очерк.
Забони осор: забони форсӣ, забони тоҷикӣ
Ҷоизаҳо:
ордени Ленин ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941—1945» ордени «Барои хизматҳои барҷаста»
Қаҳрамони Тоҷикистон Мукофоти сталинӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Сардафтари адабиёти навини тоҷик ва Қаҳрамони миллии Тоҷикистон Садриддин Сайидмуродзода Айнӣ 27 (15) апрел 1878 дар деҳаи Соктареи тумани Ғиждувони Аморати Бухоро (дар ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухорои Ўзбекистон) ба дунё омадааст. Фарзандаш ховаршиноси барҷастаи Тоҷикистон Айнӣ Камол. Падараш Саидмуродхоҷа кишоварз буд, аммо чун, худ соҳиби хату савод буд, кӯшиш мекард, ки фарзандонаш низ донишомӯхтаву донишманд бошанд. Аз ин рӯ, писараш Садриддин Айниро дар шашсолагӣ ба мадрасаи рустояшон дод. Устод Айнӣ донишомӯзияшро дар он мадраса дар достони «Мактаби куҳна» тасвир карда ва дар «Ёддоштҳо» мегӯяд: «Чунон ки падарам дид, дар он мактаб ман саводи амиқ гирифта натавонистам ва маро ба мактаби духтарона дод». Дар мактаби духтарона Садриддин чанд ҷузъ аз Бедил ва чанд ҷузъ аз ғазалиёти Соибро хонда дар даҳсолагӣ мактабро хатм мекунад. Аммо бачагии Садриддин Айнӣ дар оғӯши падару модар дер давом накард. Вабое, ки соли 1889 Бухоро ва атрофи онро фаро гирифт, дар чиҳил рӯз ӯро ҳам аз падар ва ҳам аз модар ҷудо кард.

Орзую ҳаваси илму шеър Айниро дар 12-солагӣ ба Бухоро овард. Ба мадрасаҳои Бухоро дохил шудан ва дониш гирифтан барои Айнӣ барин фақирзодагони илмҷӯ хеле мушкил буд. Вале ӯ ба шарофати ҳавасмандӣ ва толиби илм буданаш тамоми душвориҳои рӯзгор ва омӯзишро паси сар карда, 16 сол дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил намудааст. Айнӣ дар мадрасаҳои мири Араб, Олимҷон, Бадалбек, Ҳоҷӣ Зоҳид ва Кӯкалдош таҳсил карда, соли 1908 онро хатм мекунад.

Муддати 27 соли зиндагӣ дар Бухоро Айнӣ боз аз ду мактаби дигар гузаштааст: яке мактаби меҳнат ва дигаре мактаби ҳаёт. Барои ёфтани қути лоямуташ ӯ аз ҳеч кору заҳмат даст накашидааст: гоҳ фарроши мадраса, гоҳ ошпаз, гоҳ ҷомашуй, гоҳ мардикор буд.

Дар мактаби ҳаёт Садриддин ҳаёти ҷамъиятро омӯхт. Аз табақаю тоифаи гуногуни одамон, муносибатҳои синфии мардум, ҷаллодони амир, задухӯрдҳои дорою нодоро дониши зиндагӣ меомӯхт.

Аз соли 1896 Садриддин Айнӣ бо тахаллуси адабии «Айнӣ» ба навиштани шеърҳои мустақилона cар кардааст.

Назари устод Айнӣ пас аз мутолиа кардани асари Аҳмади Дониш «Наводиру-л-вақоеъ» нисбат ба сохти пӯсидаи аморати Бухоро тамоман дигар гардид ва нисбат ба ин ҷамъияти фарсуда дар дили ӯ як нафрати ниҳоние пайдо шуд. Аз ин рӯ, дар ибтидои садаи XX устод эҷодиёти идеяҳои пешқадами маорифпарварон Аҳмади Дониш ва Шоҳинро давом дода, роҳи ояндаи худро муайян намуд. «Таҳзиб-ус-сибён»-ро устод Айнӣ маҳз ба хотири тарбияи наврасон дар рӯҳияи муосир соли 1909 барои шогирдони дар Бухоро мактабҳои усули нав офарид. Чунин корҳои хайр ба Амир маъқул набуд. Аз ин хотир, устодро ба зиндон мепартояд ва ӯро 75 чӯб мезананд. Пас аз 52 рӯзе, ки дар беморхона муолиҷа мекунад, Садриддин Айнӣ ба Самарқанд кӯчида меояд. Ӯ чи дар Самарқанд ва чи дар Тошкент дар корҳои комитети револютсионӣ иштирок карда, варақа, даъватнома ва баённомаҳои ҷангӣ менависад, тарғиботу ташвиқот мебарад.

Амири Бухоро аз он ки Ҳокимияти Шуравӣ ба Айнӣ пушту паноҳ шудааст, бо туҳмати алоқа доштан бо муборизони зиддиаморат, бародари хурдии нависанда — Сироҷиддинро ваҳшиёна дар зиндон мекушад. «Марсия» — и ҷонгудози Айнӣ ба ҳамин муносибат навишта шудааст. Ҳирси хунхории Амир бо ин ҳам қаноат накарда, бародари калонии ӯ Мухиддинхоҷаро низ қатл менамояд. Баъди ин воқеаҳо қалами Айнӣ тезу бурро шуд ва ба ӯ муяссар гардид, ки дар мақолаю рисолаҳо, асарҳои таърихӣ ва бадеии минбаъдааш нишон диҳад, ки бо хоку замин яксон шудани тартибу низоми амирӣ таърихан қонунист.

Дар даврони Ҳокимияти шӯравӣ аз соли 1918 дар низоми маорифи халқ ва нахустин матбуоти инқилобии тоҷику ӯзбек кор кардааст. Баъд аз таъсиси Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (1920) муддате дар консулҳона, сипас дар идораи тиҷорати он хидмат кардааст. Аз соли 1926 дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон вазифаҳои мушовир ва муҳаррири адабиро баҷой овардааст. Соли 1934 дар Анҷумани якуми умумииттифоқии нависандагони шӯравӣ ширкат варзида, узви Раёсати Иттифоқи нависандагони СССР интихоб шудааст. Дар соҳаи илм ба ӯ дараҷаи доктори илмҳои филологӣ бахшида шуда, бо унвони академики фахрии Академияи илмҳои ҶШС Ӯзбекистон тақдир карда шуд. Айнӣ академики АИ ҶШС Тоҷикистон таъйин гашт, ӯ нахустпрезиденти АИ ҶШС Тоҷикистон (1951—1954) мебошад.

Устод Садриддин Айнӣ 15 июли 1954 дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид. Ҳоло Мақбараи Айнӣ дар як ҷои хушманзараи Душанбе зиёратгоҳи аҳли адаб аст. Ин мавзеъро ҳоло Боғи фароғат ва истироҳати ба номи Садриддин Айнӣ мегӯянд.

Фаъолияти омӯзгории Айнӣ

вироиш

Фаъолияти омӯзгории Садриддин Айнӣ ҳанӯз айёми мадрасахонияш оғоз гардида, дар ду самт идома ёфтааст:

  1. Таълим дар мактабҳои усули нав.
  2. Таълифи китобҳои дарсӣ.

Соли 1906 дар Бухоро Абдураҳмон Саидӣ ном тотор нахустин мактаби нави тоториро таъсис дод. Азбаски дар ин мактаб чанде аз бачаҳои тоҷик низ таҳсил мекарданд, Айнӣ дарсҳои Саидиро бо забони тоҷикӣ барои талабагони тоҷикзабон тарҷума мекард. Вақте ки 8 ноябри соли 1908 дар ҳавлии Мирзо Абдувоҳиди Мунзим аввалин мактаби нави тоҷикӣ кушода мешавад, фаъолияти омӯзгории Айнӣ боз ҳам васеъ гардид. Дар мактаби М. А. Мунзим ва С. Айнӣ низ нарасидани китобҳои зарурӣ эҳсос карда мешуд. Бо мақсади бартараф намудани ин норасоӣ соли 1909 бо ташаббуси ҳар ду «Ширкати Бухорои Шариф» таъсис гардид. Ин ширкат дар навбати аввал барои саҳеҳ талаффуз кардани овозҳои нутқ, махсусан оятҳои Қуръон, китоби «Тартиб- ул-Қуръон»- ро ҳозир намуданд. Бо ташаббуси С. Айнӣ инчунин китоби дигари дарсӣ «Таҳзиб-ус-сибён» («Тарбияи ҷавонон») тайёр ва нашр шуд.

Лозим ба ёдоварист мактабҳои усули нав аз макотиби маъмули амирӣ куллан фарқ мекарданд. Хонандагон дар мактабҳои амирӣ, ки Садриддин Айнӣ усули дарсгузарии онҳоро дар асари «Мактаби куҳна» тасвир кардааст, чанд соли умри худро зоеъ карда боз бесавод мемонданд. Толибони хурдсоли мактаби куҳна танҳо хондану аз ёд кардани Қуръон ва дигар китобҳои диниро меомӯхтанд.

Дар макотиби усули нав бошад, толибон дар давоми чанд моҳи таҳсил хондану навиштанро аз бар мекарданд. Дар мактабҳои мазкур ғайр аз улуми динӣ боз ба бачаҳо илмҳои табиӣ ва фанҳои дақиқро низ меомӯзонданд. Ҳамаи ин боис шуд, ки муллоҳои мутаассиб зидди макотиби нав ва муаллимони онҳо балво бардоранд. Уламои дин, ки ба дарки аслии таълимоти ислом намерафтанд, муаллимони мактаби навро «кофир» ва мактабро «шайтонхона» эълон карда, аз мардум даъват менамуданд, ки фарзандони худро ба мактабҳои кофирӣ надиҳанд. Дар ҳама ҷо муассисон ва муаллимони мактабҳои навро таҳқир мекарданд таҳдид менамуданд, балои охири замон мехонданд.

Махсусан Абдувоҳиди Мунзим ва Садриддин Айнӣ зери фишорҳои зиёд қарор доштанд. Аммо эшон пешаи муқаддаси омӯзгориро тарк накарданд, ҳатто лаҳзаҳое будааст, ки барои амон ёфтан аз чанги душманон либосҳои занонаро ба бар карда суйи мактаб рафтаанд. Вале 25 сентябри соли 1909, бо амри ҳукумати амирӣ, мактаби Мунзим баста шуд. Баъд аз ин таҳсили бухороиёнро дар мактабҳои усули нави тоторӣ ҳам манъ намуданд.[5]

Эҷодиёти устод

вироиш

Эҷодиёти Айнӣ аз солҳои 90-уми асри XIX шурӯъ мешавад ва ӯ зуд дар радифи шоирони пешқадам қарор мегирад. Осори адабии ӯ дар қолаби назму наср офарида шудаанд. Нахустин ашъорашро ҳанӯз дар овони таҳсили мадраса таҳти тахаллусоти «Муҳтоҷӣ», «Ҷунунӣ» ва «Сифлӣ» ба қалам овардааст.

Аз соли 1895 тахаллуси «Айнӣ»-ро қабул ва бо ҳамин ном шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Устод бо шеъри «Гули сурх», ки соли 1895 бо тахаллуси Айнӣ эҷод карда буд, ба остонаи адабиёт ё шеъру шоирӣ ворид гардид. Таърихи эҷоди шеъри мазкур хам аҷиб аст. Дар ин шеър устод пас аз тасвири баҳору зебоиҳои он ва ситоиши «Гули сурх» дар банди охири он аз муфлисӣ, нодорамӣ ва қашшоқии хеш дарду аламашро изҳор мекунад:

 

Рози дил мегуфтам ар як марҳаме медоштам,

Шикваҳо мекардам аз ғам ҳамдаме медоштам
Аз тамошои Гули сурх аз чи мемондам ҷудо
Гар ба каф чун аҳли олам дирҳаме медоштам
Айнӣ
 

Шеърҳои даврони мадрасаи ӯ дар пайравии шоирони гузаштаву муосираш эҷод шуда, бештар ба кайфияту ҳолати зиндагонии давраи таҳсилаш алоқаманд будаанд. Чанде аз ин қабил шеърҳояш ба тазкираву ҷунгу баёзҳои ҳамон замон дохил шудаанд. Баъдтар, дар ҷараёни фаъолияти маърифатпарварӣ, шеърҳои тарбиявӣ гуфтааст.

Китоби дарсии «Тазҳиб-ус-сибён» (1909—1917) ва манзумаи тамсилии «Кирмаку Парвона» (1917) моҳияти тарбиявию ахлоқӣ ва иҷтимоӣ дошта, аз беҳтарин офаридаҳои пешазинқилобии ӯ ба шумор мераванд. Пас аз ғалабаи Инқилоби Октябр ҳаёту эҷодиёти худро бо тақдири халқи мубориз ва бунёдкори шӯравӣ пайваста, аввалин намунаҳои назми инқилобии тоҷикро ба вуҷуд овардааст. Шеърҳои дар тӯли солҳои 1918—1921 навиштаи ӯ «Марши ҳуррият», «Ба шарафи Инқилоби Октябр», «Инқилоб», «Марши байналмилал», «Якуми Май» ва ғ. дар маҷаллаи «Шуълаи Инқилоб» ва ҷаридаи «Меҳнаткашлар товуши» («Садои меҳнаткашон») чоп шуда, ба нахустин маҷмӯаи ашъораш «Ахгари Инқилоб» (Бухоро, 1923) ворид гардидаанд. Ҳамчунин, он солҳо дар боби воқеаҳои гуногуни сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ мақолаҳои зиёди публитсистӣ навишта, моҳияти ҳаводиси ҳаррӯзаи даврони инқилобро ба тӯдаҳо фаҳмондааст.

Вале устод Айнӣ эҳсос кард, ки замон дигар шуда, вазифаю масъулияти зиёде ба дӯш дорад. Дар адабиёт образҳои нав офаридан лозим. Аммо назм барои баёни чунин афкору андеша густариши ҳодисаю воқеоти рӯз тангӣ мекард. Ба ин маънӣ устод чунин ибрози назар кардааст:

 

Айнӣ, ба як ғазал натавон арзи ҳол кард

Бояд ба инқилоб навишт китоби сурх.
Айнӣ
 

Нахустин шеъри инкилобие, ки дар он барномаи сиёсию иҷтимоии С. Айнӣ эълон гардидааст, ин «Марсия» — и ӯст. Ин асар ба муносибати фоҷиаи кушта шудани бародараш Сироҷиддин бахшида шуда буд:

 

Дӯстон! Фоҷиаи сахт биёмад ба сарам,

Рафт аз ин фоҷиа рӯҳ аз тану нур аз басарам.
Ҷигарам об шуду рехт зи ду чашми тарам,
Ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам!
Айнӣ
 
 

Хоҳам, он хонаи бедоду ситам вайрон бод!

Хоҳам, он маҳкамаи ҷабр мазористон бод!
Хоҳам, он тахт, ки шуд боиси бадбахтии мо,
Реза-реза шуда бо хоки сияҳ яксон бод!
Хоҳам, он муфтию он қозию он шоҳу вазир,
Сарнагун гашта ба хуни худашон ғалтон бод!
Айнӣ
 

Шеърҳои ба мактабу илмҷӯӣ бахшидаи Айнӣ бо забони содаю воситаҳои тасвири дилнишин гуфта шудаанд. Идеяҳои маорифпарварии ӯ дар шеърҳои «Замзамаи дабистон», «Суруди мактаб», «Саҳаргоҳон» ва ғайра боварибахш ва самимона эҷод гашта, ба фазилати мактаб, таълиму тарбия такя дорад:

 

Биёед, эй рафиқон, дарс хонем,

Ба бекорию нодонӣ намонем,
Ба олам ҳар касе бекор гардад,
Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Айнӣ
 

Китоби тақдирсози миллат

вироиш

Пас аз Инқилоби Октябр як гурӯҳ донишмандоне пайдо шуданд, ки мавҷудияти миллати тоҷик ва забону адабиёти тоҷикро инкор мекарданд.

Садриддини Айнӣ дар шароите, ки забон ва миллаташро инкор карданд ва ҳукуматдорони ҳамон замони шӯравӣ бо ҳамкории тургароён, тоҷикон ягона зимомдорони Осиёи Марказиро аз давлатдорӣ маҳрум карданд, бо шаҳомат ва огоҳона истод ва амал кард. Ӯ китоби «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро навишт ва дар он сесад шоирро, ки бо тахаллуси Бухороӣ, Самарқандӣ, Намангонӣ, Андиҷонӣ, Тирмизӣ, Хуҷандӣ ва… диг., ки аз ҳазор сол қабл дар Мовароуннаҳр зист доштанд, сабт кард. Ва бо ин бурҳони инкорнопазир мункирони поринагии забон ва миллати тоҷикро бар ҷояшон нишонд. «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро дар соли 1926 баъд аз чоп душманон оташ заданд, аммо Айнӣ ба унвони марди худогоҳ ва равшанфикри фидоии миллат, ором нанишаст ва бори дигар дар муқобили Бухарин, ки амри оташ задани китобашро дода буд, аз он дифоъ кард ва иҷозаи нашр гирифт. Дар чунон шароити боэҳтиёт чунин фидокорӣ фақат аз мардонест, ки дар авҷи равшанфикрӣ ва огоҳӣ қарор доранд.

Айнӣ ба муқобили ин ҷараёни носолими пантуркизм бархоста, дар ин асар исбот кард, ки тоҷикон мардуми таҳҷоии ҳамин сарзамин (Мовароуннаҳру Хуросон) буда, забону фарҳанг ва адабиёти қадима доранд. Устод дар асар намунаҳои зиёде аз эҷодиёти адибони пешин ва ҳамзамононаш оварда, исбот менамояд, ки чароғи илму адабро кайҳо дар ин сарзамин устод Рӯдакӣ, Қисоии Марвазӣ, Абуҳафси Суғдӣ ва дигар адибон фурӯзон карда буданд. Ба ҳамин тариқ, дар асоси факту далелҳои эътимодбахш таърихи куҳан, фарҳангу адабиёти ғанӣ доштани тоҷиконро собит менамояд. Аҳамияти дигари ин асар боз дар он аст, ки барои муҳаққиқони оянда дар омӯзиши таърихи адабиёти тоҷик маслиҳатҳои муфид медиҳад, ки имрӯз ҳам «Намунаи адабиёти тоҷик» басо арзишманд аст. Ва мардуми моро дар рӯҳияи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбият менамояд.[6]

Мутаассифона, унвони муҳимтарин китоби Устод Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷикӣ» ҳамеша дар баргардони кириллии он барғалат омадааст ва бо чӣ иллате ин ғалатро адабиётшиносон ва забоншиносон нодида гирифтаанд — менависад Доктор Шамсулҳақ Ориёфар. Ахиран ин китоб боз ҳам бо унвони ғалати «Намунаи адабиёти тоҷик» мунташир ва дар ҷамъи фарҳехтагон муаррифӣ шуд.[6]

Асарҳои бадеӣ

вироиш

Тадриҷан зарурати дар эҷоди бадеӣ тасвир намудани симои қаҳрамонон ва бунёдкунандагони ҷамъияти сотсиалистиро ҳис карда, дар боби адои ин вазифа насрро қолаби мувофиқтар донистааст ва ҷиддан ба насрнависӣ гузашта, аввалин очерку ҳикоя ва қиссаву романҳои ҷолибашро тақдими адабиёт намуда, барҳақ асосгузори насри реалистии тоҷик гардидааст. Соли 1920 якумин қиссаи мусаннади худ «Ҷаллодони Бухоро»-ро навишта, дар заминаи корбасти санаду далелҳои муътамади таърихӣ разолату ҷаҳолат ва ҳодисаву фоҷиаҳои хунбори вопасин рӯзҳои аморати Бухороро ҷасурона фошу мазаммат кардааст.

Баъдан қиссаи «Саргузашти як тоҷики камбағал ё ки Одина»-ро ба қалам оварда, қисмҳои аввали онро солҳои 1924—1925 дар рӯзномаи «Овози тоҷик» чоп кунондааст. Соли 1927 қиссаи мазкур таҳти унвони «Одина» дар шакли китоби алоҳида чоп шудааст.

Дар асар ҳаёти тоҷикони кӯҳистони Бухорои Шарқӣ дар арафаи инқилоб тасвир ёфтааст.

Нахустин романи ӯ «Дохунда» соли 1930 аз чоп баромад, ки лаҳзаву лавҳаҳои дилхароши зиндагонии пешазинқилобию даврони инқилоб ва ҷангу хунрезиҳои ҳамватаниро фаро гирифта, муборизаи халқи тоҷикро дар роҳи озодӣ ва бунёди ҳаёти нав воқиъбинона ба тасвир овардааст. Соли 1935 калонтарин романи ӯ «Ғуломон» интишор ёфтааст, ки ҳаёти беш аз садсолаи халқамонро инъикос намуда, дар бораи чӣ тавр аз ҳолати мазлумӣ ба зиндагонии саодатманди сотсиалистӣ расидани мардумро равшану зиндаву гӯё ҳикоят кардааст. Солҳои 1935—1940 чанд асари дигари мансур офаридааст, ки қиссаҳои мусаннади ёддоштии «Мактаби куҳна»-ву «Ятим» аз он ҷумлаанд. Устод Айнӣ ба воситаи қиссаву романҳои номбурда аввалин бор дар таърихи адабиётамон оммаи меҳнаткашро каҳрамони асосии адабиёт қарор додааст. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945) Устод як силсила ҳикоя, очерки таърихӣ ва мақолаи публитсистӣ таълиф намуда, вуҷуди ватандӯстони тоҷикро ба ҷӯшу хурӯш овардааст ва адовати сӯзонашонро нисбат ба фашизм аланга бахшидааст.

Дар тӯли солҳои 1949—1954 асари чорҷилдаи тарҷумаиҳолии «Ёддоштҳо» ба табъ расид, ки дар авроқи он муҳимтарин лаҳзаҳои таърихи ҳаёти халқи тоҷик дар охирҳои асри XIX ва ибтидои асри XX инъикос ёфтаанд. Ин асари безаволу беназир, ки ҳам дар баёни ҳақиқати зиндагӣ, ҳам дар фарогирии хулосаҳои амиқи пурҳикмат ва ҳам дар нигориши бадеию офариниши образҳои мухталиф ба авҷи камол расидани маҳорати адабии нависандаро нишон медиҳад, на фaқат дар эҷодиёти ӯ мавқеи марказиро ишғол намудааст, балки яке аз муваффақиятҳои ба назар намоёни адабиёти тоҷик дар солҳои пас аз ҷанг эътироф гардидааст. Яке аз асарҳои барҷастаи устод, ки солҳои дароз дар болои он кор кард, «Ёддоштхо» мебошад. Ӯ пеш аз маргаш тавонист, ки ин шоҳасарашро ба анҷом расонад. Устод бо ин асараш сазовори лауриати мукофоти давлатӣ гардид. «Ёддоштҳо» аз чаҳор ҷилд иборат буда, рӯзгори як давраи томи халқи тоҷикро фаро гирифтааст, ки қаҳрамони асосии асар худи устод мебошад. Ҳодисаю воқеаҳои то ғалабаи инкилоб, ки устод Айнӣ яке аз иштирокчиёни фаъоли он буд, бисёр ҷозиб ва мушаххас инъикос ёфтааст. Аз ин хотир, ин асар дар адабиёти тоҷик ҳамчун асари ёддоштӣ ёд шудааст. Дар дохили «Ёддоштҳо» бисёр қисса, новелла, ҳикоя ва повестҳои алоҳида ворид гаштанд. Аз ин рӯ, «Ёддоштҳо»-ро метавон ҳамчун маҷмуи осори насрии солҳои охири устод ба қалам дод. Истеъдоди шоирию публисистӣ, насрнависию олимии устод Айнӣ ба дараҷае тараққӣ кард, ки ӯ аз 15 ҷилди куллиёташ 14 ҷилди онро дар нимаи дуюми умраш, дар чилсолагиаш эҷод намудааст.[7]

Соли 1950 барои ду ҷилди аввали «Ёддоштҳо» нависанда сазовори Мукофоти давлатии ИҶШС гардонида шудааст. Устод Айнӣ дар даврони шӯравӣ асосан ба насрнависӣ машғул шуда бошад ҳам, шеъргӯйиро тарк накарда, аҳёнан дар ҷаридоти «Овози тоҷик», «Тоҷикистони Сурх», маҷаллаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ» ва «Шарқи Сурх» шеърҳои таблиғотӣ, қасидаву манзумаву достонҳои хонданӣ чоп кунондааст. Намунаҳои осори манзуми дар давраҳои гуногун офаридаи ӯ дар маҷмӯаҳои «Ёдгорӣ» (1935), «Ашъори мунтахаб» (1958), «Ахгари Инқилоб» (1974) гирдоварӣ ва чоп шудаанд.[8]

Саҳми илмӣ

вироиш
 
Маркаи ИҶШС, 1958
 
5 сомонӣ бо акси С. Айнӣ
 
Маркаи Тоҷикистон, 2003

Устод Айнӣ, дар баробари фаъолияти адабӣ, бисёр асарҳои пурқимати илмӣ ҳам таълиф намудааст, ки «Таърихи амирони манғитияи Бухоро» (Тошканд, 1923), «Материалҳо оид ба таърихи Инқилоби Бухоро» (Маскав, 1926) ва чандин мақолаву очерки тадқиқотӣ намунаи онҳостанд. Соли 1934 асари пурарзишро дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»- и ӯ ба анҷом мерасонад. Ҳамин тавр, пайдарҳам асарҳои «Шайхурраис Абуалии Сино», «Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ», «Устод Рудакӣ», «Камоли Хуҷандӣ», «Алишер Навоӣ», «Зайниддин Маҳмуди Восифӣ» ва амсоли инҳоро ба табъ мерасонанд. Устод дар асарҳои хеш бисёр масъалаҳои баҳсталаб ва ҳалнашудаи ҳаёту эҷодиёти адибони дар боло ёдшударо бо далелу бурҳонҳои қотеъ ҳал менамояд. Чунончи, солҳои тӯлонӣ доир ба бисёр масъалаҳои мубрами ҳаёту фаъолияти эҷодии Абулкосим Фирдавсӣ, чи дар байни муаллифон сарчашмаҳо ва чи дар байни шарқшиносони шӯравиву хориҷӣ фикру мулоҳизаҳои мухталиф мавҷуд буданд. Аксарияти онҳо ривоятҳои афсонавиро ҳамчун факту далелҳои эътимодбахш қабул намуда, ба ғалатҳо роҳ дода буданд.

Аз ин ҷиҳат хидмати устод Айнӣ, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ба тадқиқи ҳаёту фаъолияти Фирдавсӣ ба воситаи асари офаридааш ибтидо гузошт ва роҳи ояндаи омӯзиши муҳаққиқонро муайян намуд. Ба ҳамин тариқ, устод муддати тӯлонӣ ранҷ кашида, аз нахли куҳан боғи зебое орост, ки имрӯз пажӯҳишгарон аз бӯйи гулҳои муаттараш баҳра мегиранд, асарҳои пурарзиш меофаранд. Худи устод ин маъниро ба тариқи зайл баён кардааст:

 

Ин боғ зи нахли куҳан оростаам,

В-он нахл ба теғи хона пиростаам.
Сайронгаҳе зиёда кардам ба шумо,
Ҳарчанд зи умри худ басе костаам.
Айнӣ
 

Мақолаҳои ӯ доир ба масъалаҳои мубрами забоншиносӣ дар роҳи демократӣ кунондани забони адабии тоҷик ва инкишофи он нақши муҳим бозидаанд. Хидмати ӯ, махсусан, дар соҳаи адабиётшиносӣ хеле бузург аст ва беҳуда нест, ки таърихи адабиётшиносии даврони шӯравии тоҷик аз соли нашри нахустин асари сарнавиштсози тадқиқотии ӯ — «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) солшуморӣ мешавад. Осори адабию илмии Устод Айнӣ дар Куллиёти 15-ҷилда гирдовардӣ шудаанд, ки то имрӯз 14 ҷилди он аз чоп баромадааст. Устод Айнӣ ҳиссае аз асарҳояшро ба забони ӯзбекӣ ҳам таълифу тарҷума карда, дар ташаккули адабиёти даврони шӯравии ӯзбек ҳам саҳми сазовор гузоштааст, ки муҳимтарини онҳо дар мунтахаби ҳаштҷилдаи осораш (ба забони ӯзбекӣ) дар Тошканд интишор ёфтаанд. Устод Айнӣ дар бобати нашри осори гузаштагон ва тарҷумаву таҳрири асарҳои тарҷумавии нависандагони халқҳои бародар низ фаъолона ширкат доштааст. Тарҷумаи романи Ф.Дюшен «Қамар» (1927) аз тоторӣ ба тоҷикӣ мутаъаллиқи хомаи заркори ӯст. Аксарияти таълифоти ӯ, минҷумла, асарҳои калони насрияш, ба забонҳои гуногуни олам тарҷума ва борҳо чоп шудаанд.[8]

Бобоҷон Ғафуров дар бораи Айнӣ

вироиш

Рӯзе дар хонаи нависанда Ҷалол Икромӣ нишасте ба ифтихори Бобоҷон Ғафуров барпо шуд. Иддае аз аҳли илму адаб гирд омаданд. Аз ҷумла Мирзо Турсунзода ва профессор Иосиф Самойлович Брагинский ҳозир шуданд. Яке аз аҳли нишаст Бобоҷон Ғафуровро шодбош гуфт ва таъкид кард, ки чун Ғафуров ба унвони сарвари Тоҷикистон (солҳои 1946—1956) ва донишманди забардасте барои миллат хидматҳои бузург кардааст, бахусус пас аз чоп шудани китоби «Тоҷикон» месазад, ки ӯро падари миллат бигӯем. Б. Ғафуров сухани ӯро бурид ва гуфт:

 

Камина падари миллат нестам, фарзанди миллат ҳастам, ки мехоҳам хидмат кунам. Падари миллат устод Айнӣ буд, ки барои умри дубора ёфтани тоҷикон бештар аз ҳар касе мубориза кардааст ва ба ғалаба расидааст.

 

Ин сухани Бобоҷон Ғафуров ба аҳли маҷлис хуш омад. Аввал рӯҳу равони падари миллатро табрик хонданд ва баъд фарзанди миллатро шодбош гуфтанд"[9].

Некдошти устод

вироиш
 
Осорхонаи Садриддин Айнӣ (дар ҳавлии нависанда) дар шаҳри Самарқанд
 
Нимпайкараи Садриддин Айнӣ дар осорхонаи адабии устод дар ш Душанбе
 

Ҳазорон ҳамчу булбул дар баҳоре мешавад пайдо,

Навосанҷе чу ту дар рӯзгоре кай шавад пайдо?
 

Осори бузурги Садриддин Айнӣ, ки саросар зиндагиро вақфи хидмат ба одамизодагон кард ва партаве дар ҷаҳони маърифат тофт, ки ҳаргиз фурӯ нахоҳад нишаст, дар миён тарҷума ва хоҳад буд ва ҷовидон хоҳад монд.

  • ба номи Садриддин Айнӣ якчанд кучаву маҳаллаҳои аҳолинишини ҷумҳурӣ гузошта шудаанд.
  • Солҳои 1935, 1949 ва 1953 ҷашни солгарди ҳаёту эҷодиёти ӯ, соли 1978 садумин солгарди зодрӯзи бузургмарди таърихи миллат ботантана таҷлил ёфтаанд.
  • Аз соли 1958, ҳамасола, дар рӯзи таваллуди нависанда Маҷлиси илмии «Солонаи Айнӣ» барпо гардида, маводи он дар маҷмӯаи махсуси «Ҷашнномаи Айнӣ» нашр мешавад.
  • Соли 1977 муҷассамаи азиму нимпайкараҳои муҷаллояш дар пойтахти кишвари соҳибистиқлоламон ва чандин шаҳру навоҳии Тоҷикистону Ӯзбекистон қомат афрохтанд.
  • Дар шаҳри Душанбе Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ, дар Самарқанд (дар ҳавлии нависанда) Осорхонаи ёдгории Садриддин Айнӣ ташкил ёфтаанд, ки зиёратгоҳи хосу оми ҷаҳонанд.
  • Ҷоизаи махсуси адабии Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ (2005) номи ӯро дорад, ки дар ду сол як маротиба адибони соҳибкитоби хушсалиқа сазовораш гардонида мешаванд.
  • Дар шаҳри Душанбе Боғи фароғат ва истироҳати ба номи Садриддин Айнӣ ва Мақбараи Айнӣ бунёд шудааст;
  • Устод Айнӣ соли 1997 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз нахустин шахсиятҳои барҷастаи ҷумҳурӣ мебошад, ки дорандаи унвони олии давлатии Тоҷикистон Қаҳрамони Тоҷикистон тақдир шудааст.[8]
 
Шоиру нависандагон дар шафати бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, С. Айнӣ бо М. Горкий

Бобои С.Айнӣ Сайид Умархоҷа ва падараш Саидмуродхоҷа мебошанд. Вай якчанд бародар дошт. Садриддин Айнӣ бо Салоҳат, хоҳари хурдии ҷадида Вадуд Маҳмудӣ издивоҷ кардааст. Писараш Камол Айнӣ (1928-2010) ва келинаш Муқаддам Ашрафӣ[10]. Духтаронаш: Лутфия Айнӣ (1934-2015)[11] ва Холида.

Ҷоизаҳо

вироиш

Соли 1978 бо қарори ЮНЕСКО 100-солагии зодрӯзи устод дар тамоми ҷаҳон қайд карда шуд.

Мероси адабӣ ва илмии устод

вироиш

Асарҳо дар китобхонаи электронӣ

вироиш

Адабиёт дар бораи Садриддин Айнӣ

вироиш

Ба забони тоҷикӣ:

вироиш
  • Асозода, Х. Устод Айнӣ дар шинохти С. Улуғзода. — Душанбе: Деваштич, 2001. — 112 с.
  • Аслонова, Н. Шахсияти С.Айнӣ ва коргоҳи эҷодии ӯ. — Душанбе: Деваштич, 2003. — 48 с.
  • Асозода, Х. Иловаҳо ба шарҳи ҳоли устод Айнӣ. — Душанбе: Деваштич, 2004. — 92 с.
  • Аслонова, Н. Симои С.Айнӣ дар насри муосири тоҷик. — Душанбе: Деваштич, 2006. — 135 с.
  • Аслонова, Н. Андешаҳои адабӣ-эстетикии Садриддин Айнӣ. / Зери назари Х. Асозода. — Душанбе, 2012. — 355 с.
  • Бектош, Н. С. Айнӣ ва эҷодиёти ӯ. — Сталинобод: Нашрдавтоҷик, 1933. — 55 с.
  • Бобоев. Ю. И. жанри таърихӣ ва романи «Ғуломон»-и С. Айнӣ. — Сталинобод: Нашрдавтоҷик, 1948. — 53 с.
  • Баршинский, И. С. ҳаёт ва эҷодиёти С. Айнӣ. — Душанбе: Ирфон, 1968. — 193 с.
  • Бобоев, Ю. И. Ба муносибати 90-солагии рӯзи таваллудаш. — Душанбе: Ирфон, 1968. — 36 с.
  • Боғизода Ҷ. Нависанда ва идеали замон. — Душанбе: Адиб, 1987. — 256 с.
  • Валихоҷаев Б., Воҳидов Р. Муҳаққиқи бузурги ду адабиёт. / дар бораи С. Айнӣ. — Душанбе: Ирфон, 1978. — 60 с.
  • Зиндагинома ва осори С. Айнӣ. — Муҳаррир Н. Аслонов: ДМТ, Душанбе, 2013. — 188 с.
  • Исмоилов С. Проблемаҳои иқтисодӣ дар осори А. Дониш ва С. Айнӣ. — Душанбе: 1999. — 304 с.
  • Имомов Муҳаммадюсуф Ҷаҳонбинӣ ва тафаккури бадеии С. Айнӣ. — Душанбе: Матбуот, 2001.
  • Кучаров Аламхон. Нақди матни осори С. Айнӣ: Дарси махсус барои факултаҳои филологии мактабҳои олӣ.  — Душанбе, 2000. — 154 с.
  • Луғати осори С. Айнӣ: Тарт. Х. Рауфов, Х. Муҳаммадиева, И. Шукурова, М. Ҳайдарова ва диг. / Муҳар. Р. Ҳошим ва Х. Рауфов. — Душанбе: Дониш, 1978. — 236 с.
  • Маниёзов, А. Публисистика ва назми устод С. Айнӣ /1918-1921/. — Сталинобод: Нашрдавтоҷик, 1958. — 151 с.
  • Мукотибаи С.Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ: Эҳдо ба 125 -солагии утод С. Айнӣ.  — Душанбе: Дониш, 2003. — 140 с.
  • Мактаби адабии устод С. Айнӣ: Таҳия аз Камол Айнӣ. / Муҳар. Шарифова, Б. — Душанбе: 2010. — 202 с.
  • Маҳмадаминов Абдулҳай. С. Айнӣ — олим. — Душанбе: Истеъдод, 2010. — 64 с.
  • Нозимов Барот. Воситаҳои офариниши образҳои типӣ дар повесту романҳои С.Айнӣ: Воситаи таълимӣ. — Душанбе, 1982. — 93 с.
  • Обиддинов К. Д. Садриддин Айнӣ. Ба муносибати ҷашни 30 — солагии фаъолияти иҷтимоӣ ва адабияш. — Сталинобод: Нашр- давтоҷик, 1936. — 40 с.
  • Р. Ҳошим. Садриддин Айнӣ ва инкишофи лексикаи забони адабии форс. /Муҳар. Масъул. Р.Хошим. — Душанбе: Дониш, 1978. — 46 с.
  • Раҳимҷони Шарофзода, Садриддин Айнӣ аз дидгоҳи библиографияи адабӣ [Матн]. — Душанбе,1992. — 172 с.
  • Раҳмонов Ш. Шеър ва Айнӣ: Ақидаҳои адабию бадеӣ ва эстетикии устод Айнӣ. — Душанбе: Маориф, 1994. −192 с.
  • Раҳмонов Шоҳзамон. Ақидаҳои адабӣ ва назари эстетикии устод Садриддин Айнӣ. — Душанбе, 2008. — 241 с.
  • Садриддин Айнӣ. Қаҳрамони халқи тоҷик: Повести таърихӣ барои бачагони синни калони мактабӣ /Муҳаррир Ш.Ҷумаев. — Душанбе: Ирфон,1969. — 92 с.
  • Садриддин Айнӣ бузурге аз дунёи форсизабон. / Мураттиб Н. Аслонова. — Душанбе: Шуҷоиён,2010. — 224 с.
  • Табаров С. Романи «Ғуломон»-и Айнӣ ҳамчун романи таърихӣ. — Душанбе: Адиб, 2005. — 240 с.
  • Ҳошим, Р. Солҳо ва саҳифаҳо: Мақола ва ёддоштҳо. — Душанбе: Адиб, 1988. −320 с.
  • Шукуров М. Хусусиятҳои ғоявию бадеии «Ёддоштҳо»-и устод С. Айнӣ. — Душанбе: Дониш, 1966. — 245 с.
  • Шакурӣ Муҳаммадҷони Бухороӣ. Садриддин Айнӣ равшангари бузурги таърих. — Хуҷанд: Нури Маърифат, 2001. — 106 с.
  • Энсиклопедияи насри муосири тоҷик: С. Айнӣ / Ёддоштҳо. Таҳр. қисм. Иборат аз як китоб.  — Душанбе: СЭМТ, 2009. — 680 с.
  • Ҷашни Айнӣ: Ҷилди IХ. — Душанбе: Дониш, 2002. — 247 с.
  • Ҷашни Айнӣ: Ҷилди Х. — Душанбе: Дониш, 2003. — 152 с.
  • Ҷашномаи Айнӣ: Ҷилди ХI. — Душанбе: Дониш, 2010. — 139 с.

Нигористон

вироиш

Нигаред низ

вироиш
  1. 1.0 1.1 1.2 Roux P. d. Nouveau Dictionnaire des œuvres de tous les temps et tous les pays (фр.) — 2 — Éditions Robert Laffont, 1994. — Vol. 1. — P. 29. — ISBN 978-2-221-06888-5
  2. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  3. Энциклопедия Брокгауз (нем.)
  4. Нависандагон, Садриддин Айнӣ
  5. Ҳотамов Н. Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). — Душанбе,2011.
  6. 6.0 6.1 Равшанфикр ё донишманди худогоҳи тоҷик(рус.). millat.tj. 25 Январ 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 июли 2017.
  7. Зиндагиномаи Садриддни Айнӣ. 22 ноябри 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 марти 2016.
  8. 8.0 8.1 8.2 Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — соли 10 −12 ISBN 978-99947-2-379-9
  9. Сомонаи М. Шакурӣ(пайванди дастнорас)
  10. АЙНИ Камолиддин Садриддинзода | ЦентрАзия(пайванди дастнорас — таърих).
  11. Ушла из жизни Лутфия Айни – самая младшая из детей Садриддина Айни - Новости Таджикистана - Avesta.tj(пайванди дастнорас — таърих).
  12. 12.0 12.1 12.2 12.3 Айнӣ С. Куллиёт.(Иборат аз 15 ҷилд). Ҷилди I
  13. Айнӣ С. Куллиёт.(Иборат аз 15 ҷилд). Ҷилди II
  14. [1]
  15. Айнӣ С. Куллиёт.(Иборат аз 15 ҷилд). Ҷилди IV

Пайванди беруна

вироиш