БПНМ

якчанд шартҳое, ки бо сирояти ВНМО ба вуҷуд меоянд
(Тағйири масир аз АИДЗ)

БПНМ (Бемории Пайдошудаи Норасоии Масуният; СПИД аз русӣ: синдром приобретённого иммунного дефицита) — бемориест, ки онро вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ба вуҷуд меорад.[3][5]

ВНМО/БПНМ
Номҳои дигарбемории ВНМО, сирояти ВНМО[1], СПИД
Лентаи сурх дар шакли камон
Лентаи сурх барои ҳамбастагӣ бо одамони мубталои ВИЧ ва онҳое, ки бо СПИД зиндагӣ мекунанд.[2]
ИхтисосИнфектология Edit this on Wikidata
НишонаҳоАввала: Ба бемории зуком монанд[3]
Баъдтар: Гуреҳҳои лимфаҳои калон, табларза, талафоти вазн[3]
ВазниншавиҳоИнфексияи оппортунистӣҳо, варамҳо[3]
ДавомнокӣДавоми умр[3]
СабабҳоВируси норасоии масунияти одам (ВНМО)[3]
Омилҳои хавфӣАлоқаи ҷинсии бемуҳофизати аналӣ ё маҳбалӣ, доштани инфексияи бо роҳи ҷинсӣ гузаранда, мубодилаи сӯзан, расмиёти тиббӣ бо буридан ё сӯрохкунии безарар ва эҳё кардани ҷароҳати сӯзанӣ[3]
Усули ташхисСанҷиши хун[3]
ПешгирӣАлоқаи ҷинсии бехавф, Иваз кардани сӯзан, хатна кардани мардон, Пешгирии пеш аз дучоршавӣ, Пешгирии пас аз дучоршавӣ[3]
ТабобатТабобати антиретровирусӣ[3]
Пешгӯиҳо (тиб)Давомнокии умри тақрибан муқаррарӣ бо табобат
11 сол давомнокии умр бе табобат
Паҳншавӣ64,4 миллион - 113 миллион ҳолати умумӣ[4]
1,5 миллион ҳолати нав (2021)[4]
38,4 миллион гирифтори ВНМО (2021)[4]
Оқибатҳои марговар40,1 миллион фавти умумӣ[4]
650,000 (2021)[4]
HIV virus going out of a cell

СПИД-ин зинаи охирини ВИЧ мебошад. Беморӣ, ки ҳамчун аломати норасоии масъунияти бадан муайян карда мешавад, аз аввали солҳои 80-и асри XX маълум аст. Имрӯзҳо тибқи маълумоти Барномаи Муттахидаи СММ оид ба мубориза алайҳи СПИД хар рӯз дар ҷаҳон 16 ҳазор нафар аз вируси норасоии масъунияти бадан сироят меёбанд, ки тақрибан 50%-ро ҷавонони синнашон аз 14 то 20 сола ташкил медиханд.

Аз рӯзи пайдо шудани ин бемори дар ҷаҳон тақрибан 60 млн, нафар одамон аз вируси норасоии масъунияти бадан (ВИЧ) сироят ёфтанд, қи аз онҳо 20 млн нафар ба ҳалокат дучор шудаанд.

Аломатҳо ва нишонаҳо

вироиш

ВИЧ-(вируси норасоии масьунияти бадан) барангезандаи бемории СПИД мебошад. Ҳангоми ба вуҷуди одам дохил гаштани вирус на ҳама вақт нишонаҳои беморӣ дида мешавад, аммо он шахсон метавонанд дигаронро сироят кунанад. ВИЧ-бевосита ба хуҷайраҳои системаи худмуҳофизати (иммунии) инсон зарар мерасонад. Вирус ҳуҷайраҳои системаи иммунии оринизмро хароб карда, вайро аз қобилияти табии худмуҳофизат маҳрум месозад.

Хуни инсон аз заррачаҳои сафеди хун (лейкоситҳо) ва заррачаҳои сурхи хун (эритротситҳо) иборат мебошад. Лейкоситхо ба системаи иммунӣ тааллуқ дошта, организми инсонро аз микроб ва вирусҳои касалиовар муҳофизат мекунанд. Вале вируси норасоии масъунияти бадан бевосита ба таркиби лейкоситҳо ва лимфоситҳо ворид гашта, онҳоро нобуд месозад. Барон ҳамин системаи худмуҳофизатии одам суст мегардад. Он қадаре, ки вируси ВИЧ лейкоситҳоро зиёд нобуд кунад, ҳамон қадар системаи иммунии инсон хароб мегардад.

Суcт ва хароб гаштани иммунитети инсон боиси авҷ гирифтани ҳар гуна бемориҳои сирояткунанда шуда метавонад. СПИД-ин зинаи охирини ВИЧ мебошад. Бемори, ки ҳамчун аломати норасоии масьунияти бадан муайян карда мешавад. Аз авали солҳои 80 асри XX маълум аст. Имрӯзхо тибқи маълумоти Барномаи Муттахиди СММ оид ба мубориза алайҳи СПИД хар рӯз дар ҷаҳон 16 ҳазор нафар аз вируси норасоии масъунияти бадан сироят меёбанд, ки тақрибан 50%-ро ҷавонони аз 14 то 20 сола ташкип медиханд.

Таърих

вироиш

Аз рӯзи пайдо шудани ин бемори дар ҷаҳон тақрибан 6О млн, нафар одамон аз вируси норасоии масъунияти бадан (ВИЧ) сироят ёфтанд, ки аз онҳо 20 млн, нафар ба халокат расиданд.

Паҳншавӣ

вироиш

Ибтидои эпидемияи ВИЧ-СПИД дар мамолики муштаракул манофеъ ба қайд гирифта шудааст. То 80%-и ҳодисаҳои сирояти ВИЧ-СПИД дар МММ ба нашъамандон, ки моддаҳои нашъаоварро ба воситаи сузандору ба рагҳои хун мегузаронанд, ба қайд гирифта шудааст. Алҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 305 нафар, дар вилояти Суғд 88 нафар, дар шаҳри Исфара 22 нафар шахсони гирифтори ВИЧ ба қайд гирифта шудаанд. Чи тавр вирус сироят мекунанд?

Ба ВИЧ, занҳо, мардҳо ва кудакон гирифтор шуда метавонанд. Барои ВИЧ-СПИД синну сол ва миллат вуҷуд надорад. Одамоне, ки ба вируси ВИЧ дучор шуданд дар давоми чандин сол худро тамоман солим ҳис мекунанд. Вале худи одам барои атрофиёнаш хатарнок аст ва метавонад бемориро фаъолона паҳн кунад. Аз сироятшави то пайдо шудани аломат ва нишонаҳои клиники аз 1 то 5 ва 10 сол гузаштанаш мумкин аст.

Роҳҳои гирифторшавӣ

вироиш

Асосан се роҳи гирифторшавии вирус вучуд дорад:

  1. Ҳангоми алоқаи ҷинси бо шахсоне, ки гирифтори вируси ин беморӣ мебошанд. Бемории СПИД аз мард ба зан, аз зан ба мард, аз мард ба мард гузашта метавонад.
  2. Ҳангоми хунгузарони бо воситаи хуне, ки дар таркибаш вируси СПИД вуҷуд дорад. Ҳангоми истифодаи сузандоруҳои тамиз нашуда, бо ин рох бештар нашъамандон гирифтор мешаванд. Азбаски онҳо бо як сузандору ба якчанд нафар шахсон моддаҳои нашъаоварро мегузаронанд.
  3. Аз модари дорандаи ин вирус ба кудак ҳангоми ҳомила, таваллуд ва макконидани навзод.

Бештар киҳо гирифтори ин бемори мегарданд?

ВИЧ-СПИД дар байни шахсоне, ки (хатарнок таааллук доранд, бештар дида мешавад; Бо нашъамандоне, ки моддаҳои нашьа сузандоруҳо мегузаронанд ва ин асбоб намекунанд, ба занҳои сабукфикр ва шахсоне, ки бо одамони камшинос алоқаи ҷинси мекунанд; бо гомос (шахсоне, ки алокаи ҷинси мард бо ME биосексуалистҳо (алокаи ҷинси ҳам бо зан).

ВИЧ-СПИД бо дигар роҳ сироят намешаванд:

  • Ба воситаи асбобҳои рӯзгор
  • Бе воситаи нафаскаши, сулфидан
  • Ба оғӯш гирифтан, бӯсидан
  • Ҳангоми неш задании хашарот ё газидан
  • Ҳангоми бо гирифтори ВИЧ-СПИД вохури кардан
  • Шахсоне, ки ба гирифтори ВИЧ-СПИД мекунанд.

Дар Тоҷикистон

вироиш

Ёрирасонӣ

вироиш

Беҳрӯз Искандарзода бо дастгирии Илмхона ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) боти телеграмм барои расонидани кумаки комилан махфӣ ва беном ба шахсони мубталои ВНМО таъсис додааст.[6][7]

Марказҳои ВНМО

вироиш
🏢 Шаҳр/ноҳия 📍Суроға ☎️ Рақами телефонӣ 📫Почтаи электронӣ 📋Шахси мутассадӣ
1 Душанбе к. А.Навои 4а 236-26-32 dush.markaz@mail.ru Сабурхонов Дилшод,

918533856

Вилояти Хатлон
2 Бохтар 735140 / к С. Айни 90 ilyosidin-64@mail.ru Саидов Илёсидин Рахмонкулович,

918663409

Вилояти Суғд
3 Хуҷанд 735700 / С -в промзона / СЭС 83422 5-25-15 aids-sogd@mail.ru Комилов Фируз,

927050505

ВМКБ
4 Хоруғ С. Абдурахмон 60 2-64-81 aids-c-gbao@mail.ru Абдуллоев Мулоабдул,

917327164

НТҶ
5 Турсунзода к. Ахмади Дониш 134 (83130) 2-80-83 shams6303@mail.ru Кушаков Шамсиддин,

918 63 60 31

Қайдҳо

вироиш
  1. [https:// aidsetc.org/guide/hiv-classification-cdc-and-who-staging-systems Таснифи ВИЧ: CDC ва СУТ системаҳои марҳилавӣ | AETC NCRC)]. aidsetc.org. Барномаи Маркази таълимию таълимии СПИД.
  2. Дар ин рӯзи ҷаҳонии мубориза бо СПИД лентаи сурхи худро пӯшед | UNAIDS. www.unaids.org. UNAIDS Secretariat.
  3. 3.00 3.01 3.02 3.03 3.04 3.05 3.06 3.07 3.08 3.09 HIV/AIDS Fact sheet N°360. World Health Organization (November 2015).
  4. 4.0 4.1 4.2 4.3 4.4 Global HIV & AIDS statistics — 2021 fact sheet(англ.). www.unaids.org. UNAIDS.
  5. UNAIDS. The quest for an HIV vaccine (May 18, 2012).
  6. Таджикский студент разработал телеграмм бот в поддержку больных ВИЧ. Он рассказал, что там можно найти | Новости Таджикистана ASIA-Plus. asiaplustj.info. 5 Декабри 2022 санҷида шуд.
  7. Ёрирасонии анонимӣ. Telegram. 5 Декабри 2022 санҷида шуд.

Пайвандҳо

вироиш

Пайвандҳои беруна

вироиш