Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (форсӣ: ولایت خودمختار کوهستان بدخشان) — вилояти мухторест дар кӯҳсори Помир дар шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон | |
---|---|
қирғ. Тоолуу-Бадахшан автономиялуу | |
38°00′00″ а. шим. 73°00′00″ т. ш.HGЯO | |
Кишвар |
![]() |
Маркази маъмурӣ | Хоруғ |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таърихи таъсис | 2 январ 1925 |
Масоҳат |
|
Баландӣ | 7 496 м |
Вақти минтақавӣ | UTC+06:00[d] |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ |
|
Шиносаҳои ададӣ | |
Рамзи ISO 3166-2 | TJ-BG |
Шохисии FIPS | TI01 |
Коди телефон | +992 3522 |
Нишонаи почта | 736000 |
Коди мошинҳо | 04РТ |
![]() |
|
![]() |
Маркази ВМКБ шаҳри Хоруғ аст ки 525 км шарқтар аз шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, дар резишгоҳи рӯди Ғунд ба рӯди Панҷ ҷой гирифтааст ва 28,9 ҳазор нафар аҳолӣ (2015) дорад.
ҶойгоҳВироиш
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сарзамине 64,2 ҳазор км² дар кӯҳсори Помир ҷойгир аст ва 44,5 дарсад аз сарзамини Тоҷикистонро дар бар мегирад. 97 дарсад аз сарзамини ВМКБ кӯҳсор аст ва баландтарин кӯҳҳои Тоҷикистон — қуллаи Исмоили Сомонӣ (7495 м), қуллаи Истиқлол (7134 м), қуллаи Корженевский (7105 м), дар ин вилоят ҷой доранд. Аз ин рӯ Бадахшон-ро Боми Ҷаҳон низ меноманд. Дар Помир пиряхҳои калонтарини Осиёи Марказӣ: Пиряхи Федченко (масоҳат 651,7 км², дарозӣ 77 км.), Грумм-Гржимайло (масоҳат 142.9 км².), Гармо (114,6 км².) ва диг, ҳастанд, ки саргаҳи рӯдҳои Панҷ, Ғунд, Бартанг, Шоҳдара, Язғулом, Ванҷ мебошанд.[1]
ВМКБ дар шимол бо Қирғизистон, дар шарқ бо Чин, дар ҷануб ва ғарб бо Афғонистон ҳаммарз аст.
МардумВироиш
Бино ба саршумори 1 январи соли 2015 аҳолии ВМКБ 214 300 танро дар бар мегирифт, ки 3,2 дарсад аз аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Миёнгини зичии аҳолӣ дар вилоят 3,3 кас ба як км² аст. Аз ин шумор 28,9 ҳазор нафар (13,5 дарсад аз шумораи умумии аҳолии вилоят) шаҳрӣ ва 185,4 ҳазор нафар (86,5 дарсад) рустоист.[2]. Масоҳати вилоят 45 дарсади қаламрави Тоҷикистонро ташкил медиҳад, вале танҳо 3 дарсади он барои истиқомати аҳолӣ мутобиқат мекунад, ки водиҳои дарёҳои кӯҳӣ ҳастанд.
Мардуми Бадахшон ба забонҳои тоҷикӣ ва помирӣ — (шуғнонӣ, рӯшонӣ, бартангӣ, рошорвӣ, язғуломӣ, вахӣ, ишкошимӣ) сухан мегӯянд.
Саршумории аҳолии ВМКБ | |||||||||||
Сол | Аҳолӣ | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
1939 | 53 200 | ||||||||||
1989 | 160 900 | ||||||||||
2006 | 206 400 | ||||||||||
2010 | 204 800 | ||||||||||
2011 | 206 500 | ||||||||||
2012 | 208 500 | ||||||||||
2013 | 210 200 | ||||||||||
2014 | 212 100 | ||||||||||
2015 | 214 300[2]. |
ТаърихВироиш
Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон расман дар 2 январи соли 1925 бар асоси Қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии Иттиҳоди Шӯравӣ дар таркиби Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил шуда ва минбаъд ба таркиби ҶШС Тоҷикистон дохил гардидааст. Аз ибтидо дар ҳайати вилоят чор ноҳия буд:
- Ноҳияи Вахону Ишкошим, марказаш Шитхарв
- Ноҳияи Помири шарқӣ, марказаш Мурғоб
- Ноҳияи Рӯшону Бартанг, марказаш Қалъаи Вомар
- Ноҳияи Шуғнон, марказаш Хоруғи боло
Соли 1963 қаламрави вилоят ба чор ноҳия тақсим карда шуд:
- Ноҳияи Ванҷ, марказаш Ванҷ
- Ноҳияи Ишкошим, марказаш Ишкошим
- Ноҳияи Мурғоб, марказаш Мурғоб
- Ноҳияи Шуғнон, марказаш Хоруғ
Соли 1965 ба ҳайати ВМКБ ду ноҳияи дигар ҳамроҳ карда шуд: ноҳияи Қалъаи Хумб, марказаш Қалъаи Хумб ва ноҳияи Рӯшон, марказаш Рӯшон.
Соли 1991 номи ноҳияи Қалъаи Хумб ба ноҳияи Дарвоз иваз карда шуд.
Соли 1992 ноҳияи Роштқалъа таъсис дода шуд.
Бино ба Сарконуни Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994), Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон расман дар ҳайати кишвар ҳамчун вилояти мухтор арзи ҳастӣ мекунад. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳоло иборат аз 1 шаҳр, 7 ноҳия ва 43 ҷамоати деҳот аст.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 4 августи соли 1967 аз ҷониби роҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ барои дастовардҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо ордени Ленин мукофотонида шудааст.
БахшбандӣВироиш
Бино бар Қонуни тақсимоти кишварии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1 шаҳр, 7 ноҳия ва 43 ҷамоати деҳот дорад[2]:
Ноҳияҳои ВМКБ | |||||||||||
Бахш | Аҳолӣ | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
шаҳри Хоруғ | 28 900 | ||||||||||
Ноҳияи Ванҷ | 31 900 | ||||||||||
Ноҳияи Дарвоз | 22 000 | ||||||||||
Ноҳияи Ишкошим | 30 800 | ||||||||||
Ноҳияи Мурғоб | 14 400 | ||||||||||
Ноҳияи Роштқалъа | 25 700 | ||||||||||
Ноҳияи Рӯшон | 24 800 | ||||||||||
Ноҳияи Шуғнон | 35 800 |
ҲукуматВироиш
Сарвари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ВМКБ — Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ВМКБ ба муддати 5 сол интихоб мешавад.
ИқтисодиётВироиш
Баъд аз ба истифода супоридни Нерӯгоҳи барқи обии «Хоруғ» (1970) ва НБО Помир-1 (2005) дар вилоят имконияти ба кор даровардани коргоҳҳои саноатӣ пайдо шуд. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соли 2009 дорои 12 корхонаи санатӣ дорад, ки 0,7 дарсад аз ҳаҷми умумии тавлидоти санъатии Тоҷикистонро тавлид мекунанд. Дар соли 2009 дар вилоят 179 млн квт/соат нируи барқ, 16,0 ҳазор тонна ғалла, 84,1 ҳазор тонна качолу, 16,7 ҳазор тонна сабзиҷот, 0,3 ҳазор тонна полезиҷот тавлид шуда буд.
Саршумори чорвои вилоят дар охири соли 2009 101,6 ҳазор сар, аз он ҷумла модагов 37,6 ҳазор сар, гӯсфанду буз 305,1 ҳазор сар, асп 0,4 ҳазор сар, будааст.
Барои рушди иқтисодиёти вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соли 2009 маблағи 87518,3 ҳазор сомонӣ сармоягузорӣ шудааст.
Омӯзишу парваришВироиш
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 19 кӯдакистон, 318 мактаби рӯзонаи таҳсилоти умумӣ, 1 омӯзишгоҳи пизишкӣ ва 1 донишгоҳ дорад, ки 1571 кӯдак, 43,7 ҳазор донишомӯз, 0,4 ҳазор ҳунаромӯз ва 5,0 ҳазор донишҷӯро омӯзишу парвариш медиҳанд.
Ниҳодҳои фарҳангӣВироиш
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 191 китобхонаи ҳамагонӣ бо 1,3 млн нусха китобу маҷалла, 183 фарҳангсаро, 2 синамокада, 1 намоишсаро (театр) ва 1 осорхона дорад.
Беҳдошту беҳзистӣВироиш
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 36 дармонгоҳу бемористон дорад ки 367 пизишк ва 1052 дармонгарро дар бар мегиранд.